Бахшҳо

Баҳси тезутунди ҳимоятгарони Тутубалина ва зиёиён дар додгоҳ (ВИДЕО)

Мурофиаи ниҳоии баҳси Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи русизабони “Азия-Плюс”, бо зиёиён, баъди зуҳри имрӯз, 21-уми феврал бо иштироки намояндагони зиёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оғоз гардид.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз толори додгоҳ хабар дод, дар мурофиа намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, созмони Сорос, сафорати Амрико дар Душанбе ва ҳомиёни ҳуқуқи башар иштирок доранд. Ба иттилои манбаъ феълан Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина ба баромади ниҳоияшон оғоз кард. Ӯ даъвои зиёиёнро беасосу ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон умуман мафҳуми зиёӣ вуҷуд надорад ва он танҳо як истиллоҳ аст: "Зиёиён мехоҳанд, Тутубалина узр пурсад, ки ин ҳам дар қонун нест. Дар мавриди ҷуброни зарари маънавӣ, ки зиёиён талаб доранд, зимни мурофиаи додгоҳӣ ягон далеле пешниҳод нашудааст, ки аз матлаби Тутубалина онҳо зарар дидаанд..."

Вакили мудофеъ инчунин аз додрас талаб кард, ки ташхиси Кумитаи забон ва истилоҳотро беэътибор донад, чун ташхисгарон зимни мурофиа натавонистанд ба саволҳо ҷавоби дуруст диҳанд.

Баъдан Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Азия-плюс баромад карда, таъкид намуд, ки даъвогарон аз номи ташкилотҳои алоҳидаи зиёде баромад доранд, ки чунин ҳақро надоранд: “Онҳо дар аризаи даъвогияшон овардаанд, ки аз номи зиёиён аз ҷумла, духтурон, ҳуқуқшиносон ва ғайра баромад доранд. Масалан мо ҳуқуқшиносон ба онҳо чунин ҳақро надодаем.”

Қудратов дар мавриди ташхиси матлаби Тутубалина аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, дар он “агар” бисёр истифода шудааст ва мо намедонем ин “агарҳо”-ро чӣ хел фаҳмем. Қудратов низ талаб кард, ки ҳамаи даъвои зиёиён рад карда шаванд.

Аммо Рустам Устобоев, вакили мудофеи зиёиён дар додгоҳ гуфт, “агар барои баъзеҳо калимаи ахлот таҳқир набошад, барои зерҳимояҳои ман ин калима таҳқир аст: “Мумкин нафароне астанд, ки аз рӯи ин калима шабҳои бехобӣ кашиданд.”

Устобоев ҷавоби ташхисгарони Кумитаи забон ва истилоҳотро низ дар додгоҳ дуруст хонда, таъкид намуд, ки вакилони дифои Тутубалина як саволро 50 маротиба мепурсанд.

Дар пайи шунидани ҷонибҳо додрас қарор кард, ки ҳукми додгоҳ нисбати ин қазия рӯзи 24-уми феврал соати 14:00 эълон хоҳад шуд.

Қаблан ҷониби даъвогарон дар додгоҳ рӯзи 13-уми феврал баромад карда, аз додрас хоста буданд, ба фоидаи зиёиён аз ҳисоби нашрияи русизабони “Азия-Плюс” 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шуда, бо пахши як раддия аз онҳо маъзаратхоҳӣ низ шавад.

Ёдрас мекунем, даъвогари асосӣ Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Ин иттиҳодияҳои эҷодӣ аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Дар ҳамин ҳол Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик дар шарҳи баҳси Тутубалина бо зиёиён чунин ибрози назар кард:


Мӯҳр
заростини в
Офарин ба журналисти хакгуй, нотарс Оля Тутубалина!
Мардуми рус хакикатро руирост мегуяд, мо точикон бошем - мардуми тарсончак, хамеша аз рост гуфтан канорагири мекунем! Тарсро аз хурди дар вучудамон чой мекунанд, барои хамин пешрав нестем!

номи
Ин зиеион аз бозор собир пуштибони кардаи истодаанд. Бозор Собир чи гуна одам аст хама медонанд. Шармандахо бо ин коратон байни мардум худро шарманда кардед.

Шохин
Ох.. агар зиениен дастболо шаванд, Азия+ бурд мекунад.. гарнтхо катор мешавад.. як навъ пияри хубе хам хаст ин судбозихо барои Олгаву нашрияааш. Икрор шудан лозим, бемаксад ягон матлабро шумо, Озодагон истифода мебаред. Наход аку хама зиеиен г.. бошаду Ольга тилло . Бадбинии руси и все. Ленин бисер чиз гуфтааст ..

апр
Оля офарин рухафтода нашав. Зиёин дар нохунак хайфи Шумо

Aгар нафарони даъвогар дар суд голиб наоянд, пас зиёи нестанд.

Хуб содда будед-да. Дар суд ки хаст. Мухоким боз хамон як "зиёи"-и косалес.

Бародарон шумо магар точик хастед ё не? Ин чо гап сари номус ва гурур меравад. Шумо ки номус ва асолати худро гум кардаед, аз сухани ин ачнабии беодоб парво надоред. Асолатгумкардахои

Мухтарам Барот, харду бархоятро нигох карда пас харф бизан, хохиш мекунам! Акнун гуем, дигархо косалес хастанд, ту не!? Он касеро, ки ту косалес гуфта, дар назар гирифтаи косаи хамватаншро мелесад ва ту боши косаи тутубалинаро мелеси, пас фарк миёни туву у чист бигу? Тутубалина аз содагии мо истифода карда, руи рост миллати точикро тахкир кард, ман намегуям, ки зиёиёни мо имруз барои миллат "Кух канданд", аммо дар миёнашон хизматнишондодахо зиёданд. Хамаашон тилло хам, ки набошанд, он чи Тутубалина мегуяд, нестанд. Биёед дусткуши душманпарвар нашавем...гап бисёру...заростини в,

Эътирози ноадолатона.
Файзинисо Вохидова вакили дифои махкумшудагон Зуҳур Иброхимов ва Гуфрон Шодиев буда, аз онхо пуштибони ва дифо дорад.
Номбурда дар шабакаи интернетии «Фейсбук» маълумотномаеро ба табъ расонидааст, ки гуё кормандони милитсия дар рафти огози парвандаи чинои нисбати Зухур Иброхимов ва Гуфрон Шодиев ба сохтакори рох додаанд. Онхоро тахти фишору- зуровари карор дода, мачбуран гунохи нокардаро ба гарданашон бор кардаанд. Инчунин оиди ин масъала ба додгох эътироз баён кардааст, ки махкумшудагон ба «Харакати Исломии Узбекистон» ва чамоати террористии «Ансоруллох» пайрави надоранд.
Хаминро бояд қайд намуд, ки парвандаи чиноятии мазкур бо риояи тамоми талаботҳои конунунгузори Чумхурии Точикистон барраси гардидааст.
Маколи халки аст: «То шамол нашавад барги дарахт намечунбад».
Вохидова Ф., чинояткор Шодиев Гуфронро, ки яроки оташфишони «Калашников» дошт, имруз уро хамчун шахси бегунох химоя дорад. Ногуфта намонад, ки махкумшудагон Зуҳур Иброхимов ва Гуфрон Шодиев инчунин аъзои фаъоли гурухи муташакили чиноятпешаи Иброҳимов Зайнулобиддин Расулович, бо тахаллуси «Кори Зайло», низ мебошанд. Дар ин иттиходияи чинои вазифаи ансори-яъне ёрдамчиро адо мекарданд.
Иброхимов З. Р. 1968 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара буда, аз соли 2001 дар иттиҳоди чинояти амал карда, ба содир намудани чиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз чумла ташкили гуруҳи мусаллаҳи устувори яроқнок, бомақсади ба даст овардани маблағҳои муфти пули, одамкуши бо истифода аз яроқи оташфишон ва роҳзани машғул будааст. Номбурда дар якчояги бо Юсупов С, Миров З ва Камолиддинов Ш бо максади тассаруф кардани чавохирот ва маблагхои пули бо истифода аз яроки оташфишон ба хонаи Шарипов Окилчон Олимчонович даромада, уро ба катл расонидаанд. Писараш Шарипов Олимчонро бо аргамчин даступояшро баста аз чои ходиса гайб задаанд.
Хайф бар ин гунна химоячии хукукшиносу конундон, ки шахсони ифродгарои иртичопешаро химоят ва пуштибони дорад.
Шояд дар зери «Коса ним коса бошад»!
Хонум Вохидова Ф аз мехрубонии ин ашхос бахраманд гардида, бахри дифояшон тамоми чорахоро дида, махкумшудагонро бегунох мехисобад.
Имруз ба хотире, ки химоячи Вохидова Ф аз наздикони махкумшудагон маблаги калони пулиро гирифтааст, дифояшон дорад.

Аз кору кирдори Вохидова Ф кас ангушти ҳайрат мегазад. У дар руй никоб, худро меҳрубону дилсуз мегираду аз хоинон ва душманони миллати точик пуштибони дорад. Боре овоз баланд намекунад, ки аъзоёни ХНИТ чи корхои зиштеро анчом медиханд. Ноболигонро ба тахсили гайриконунии дини фаро гирифта, хамчун чинояткор тарбияашон мекунанд. Дахшатовараш он, ки ноболигонро мавриди зуровари ва тачовуз карор дода, окибат ба халокат мерасонанд. Оиди ин ходисахои нангину номатлуб Файзинисо Вохидова боре харф намезанад.
Хак ба хакдор мерасад. Рузе мешавад, ки ту «Теша ба решаи худ мезани»!!!
сокини шахри Душанбе
Мамадамонова Гулшода

Курбон
Тутубалина шояд худаш начас бошад, аз назари фарханги исломии худамон гирем у начас АСТ чун гуслу дигар ахкоми шариатро намедонад

Базехо боз гуруру номуси ватандориро байод оварданд Шумо чи медонад дар бораи номус? Ин бахти чи медонад дар бораи номус? Тутубалина дар бораи он шахсоне навиштааст ки порахуранд, парвои миллат надоранд ффакат гами киса ва курсии худро доранд Он шахсоне ки дар хакикат гами миллатро мехуранд ё дар зиндонанд ё дар хорича Ва агар касе худро насочот хис кардаст ин айби журналист нест шояд шумо ба ин ,,г-но“ ягон робитае дошта бошед?

коля
е хайфи шумо ватандустони дар нохунак ки як ахмаки рус холо онки ин русхо дар хама мавриди моро тахкир мекарданд ва мекунан лекин инаш дар хакикат аламовар аст ки дар дохили кишвари худмон моро тахкир бо баъзе беномусон офарин мегуй каме айб донед барой манфиати гурухи шуда набояд манфиати миллатро ки рудакию сино дошт фаромуш кард.

точик
Фируз,
Тутабулина магар ХАМВАТАН нест?аклу фаросат надоред шумо хукуматихо!Нангу номус низ. Дар хакикат тамоми ба ном зиёии точик бо русиаш Г-но асту парвои миллати худро надорад.Ва дар хизмати як оилае хаст,ки мардуми точикро ба чунин холати гиряовар оварда расонидааст

хакро бипазиред харчанд аз мушрик бошад Як ачнаби ба кавли шумо милатгаро дилаш ба ин кишвар сухта андешахои солим ироъ мекунад шумо бошед аз он зиёихои мисли Бозор Собири дифо мекунед

Офарин!!! Ольга мо зиёи надорем ,аксарияташон танхо лаганбардоранд дар хакикат зани хизатишондодаи хакикат ,хакикат аст...........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)