Бахшҳо

Сокинони Бодканд мехоҳанд, қочоқчиёни коло ба Тоҷикистонро “говсуд” кунанд

Сокинони минтақаи Бодканди Қирғизистон аз қочоқи коло ба Тоҷикистон дар ҳоли масдуд будани марз нигаронӣ карда, гуфтаанд, омода мебошанд, қочоқчиёнро “говсуд” кунанд.

Тибқи иттилои расонаҳои қирғизӣ, сокинони минтақаи ҳаммарзи кишвар рӯзи 20 феврал дар суҳбат бо мақомоти худ, нигаронӣ кардаанд, ки бо вуҷуди маҳкам будани марз, бархе аз қирғизҳо ба тоҷикон коло мефурӯшанд. Ба гуфтаи онҳо, давоми чанд рӯзи охир ба таври қочоқ шаҳрвандони Қирғизистон ба ҳамтоёни тоҷикашон 5 тона биринҷ, 2,5 тона себ ва 2 асп фурӯхтаанд.

Дафтари матбуотии Раёсати корҳои дохилии Бодканд мегӯяд, сокинони ин минтақа масдуд боқӣ мондани сарҳад бо Тоҷикистонро то ҳалли таниши марзӣ талаб карда, сангин кардани ҷазои қочоқчиёнро хостаанд. Инчунин аз мақомоти кишварашон талаб кардаанд, ҳар чӣ зудтар ба раванди аломатгузории хатти марз бо Тоҷикистон ва сохтмони роҳи алтернативи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ оғоз бахшанд. Курсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон низ, ки дар ин мулоқот ҳузур доштааст, аз сокинони ин минтақа хостааст, ба таври ихтиёрӣ барои боздошти қочоқчиён кӯмак карда, аз доираи қонун берун нараванд.

Талаби сокинони Бодканд барои боқӣ мондани масдудияти марз бо Тоҷикистон дар ҳолест, ки Хадамоти марзбонии ин кишвар аз афзоиши қочоқбарони қирғиз хабар медиҳад. Ин ниҳод қаблан гуфта буд, ки танҳо дар давоми як рӯз ду шаҳрванди кишварашро ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва қочоқи коло аз Тоҷикистон ба ватан боздошт кардааст. Манбаъ мегӯяд, яке аз боздоштшудагон қасди ворид кардани беш аз се тона мандарин аз Тоҷикистон ба Қирғизистонро дошта буд.

Боздошти шаҳрвандони Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи коло аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар дар пайи тирпарониии 11 миёни марзбонони ду ҷониб дари марзҳои худро бастааст.

Мулоқоти мақомоти қудратии тоҷику қирғиз ва даъват барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти иғвоангез дар марз

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии Бодканд, аз вохурии раҳбарони мақомоти қудратии тоҷику қирғиз дар деҳаи Жака-Оруқи ин минтақа хабар медиҳад.

Ин ниҳод мегӯяд, дар ин мулоқот, ки рӯзи 21 феврал баргузор шуд, ҷониби Душанберо Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба умури амниятӣ ва Ш.Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ҳамроҳи муовинаш намояндагӣ карда, аз ҷониби Бишкек Курсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон ва Норбой Олимбеков, сардор Раёсати умури дохилии Бодканд ҳузур доштанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин ҷаласа Асанов гуфтааст, вазъияти марз бо Тоҷикистон таҳти назорати махсуси раисиҷумҳур ва нахуствазири кишвараш қарор дошта, ҷонибдори ҳалли ин мушкилот аз роҳи гуфтугӯ ва дипломатӣ мебошанд. Шералӣ Хайруллоев низ дар навбати худ ба ҷилавгирӣ аз иқдомоти иғвоангез дар минтақаи назди сарҳадии ду кишвар таъкид карда, гуфтааст, ин масъала танҳо бояд аз тариқи гуфтугӯ ва мусоламатомез анҷом ёбад.

Вохурии раҳбарони мақомоти қудратии Бишкеку Душанбе дар ҳолест, ки Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти рӯзи 14 феврали соли ҷорӣ бо ҳамтоёни қирғизи худ дар Бешкек пешниҳодҳои худро дар мавриди баҳсҳои марзӣ ироа карда буданд.

Тибқи иттилои ҳайати Тоҷикистон, ҷониби қирғизҳо ваъда дода буд, ки баъди омӯзиши пешниҳодҳо посухашонро тариқи роҳҳои дипломатӣ пешниҳод хоҳанд кард. Аз пешниҳодҳои асосии Тоҷикистон зимни ин гуфтушунид аз ҷумла талаби роҳи мустақим аз Исфара то Ворух, қатъи сохтмони иншоотҳо дар мавзеҳои баҳсбарангези наздимарзӣ ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ арзёбӣ мешаванд. Қирғизистон баъди тирпарронии 11-уми январи соли равон, миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз марзҳояшро бо Тоҷикистон баста, ҳамзамон ба сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ, ки боиси тирпаронӣ шуда буд, идома дода истодааст.
Мӯҳр
сауд
индафа гузарондаед бехад

Киргиз тамом тезтар халката аз кашоки рахо кун зиндагита аз бишкек харида оварда наметони аз исфара маводи хурока мехари агар 2 мох дигар рохро бандан хама киргизо аз гуруснаги мемурад халкат роха кушодашавиша поида шиштас. озодагон гап хои дуруга нанавис ту душмани халк халкоя чанг наандоз

бо кыргызо кор рох намерад ино аз пушти 2хазор ахоли раиси чумхураш ахмият медихад пас аз мо чй???

Матчаи из Матчаи
исфараги,
Озодагон Ки офисаш дар Бишкек хаст ,мехохад "спасат свою ...." если что!Умуман намедрнад рельефи ин махал,таърихи ин махалот,кай пайдо шудани киргизони ин махалхо.Шумораи киргизони ин махалот.Вв аз кадом хисоб зиндаги кардани киргизони кашшоки ин махалхоро!Боз такрор мекунам,озодагон.Агар шумо заррачае хиссу фахри милли доред,дар сайти худ манфиати киргизхоро химоя накунед.Рузноманигоратонро ба Хочаи Аъло гусел кунед.Точикони Исфара хатто якзаррача аз махкам шудани сархад зарар надидаанд.Зеро мо кариб,ки ягон чи аз киргизхои баткен намегирифтем.Нархи бензин холо дар Исфара аз боткон арзонтар аст.100 фоиз хуроквориро баткен ва нохияхои атрофи он аз мо мегирифтанд.Хангоми РФ ба мо бо нархи кимат фурухтани сузишвори мо аз киргизхо мехаридем,ки холо дигар лозим нест.Тамоми киргизхои ин махал пушаймон шудаанду аллакай дар Сулуктаву лолак митинг ташкил кардаанд.Зеро дар магозахои онхо ХЕЧЧИЗ нест.Нарху навои хуроквори кариб 3-5 маротиба киммат шудааст.Лекин онхо чунин сиёсат пеш гирифтаанд,ки инро намегуянду доимо дуруг мегуянд.

Масчохи
Озодагон шуморо сангсор кардан лозим.Помирихои хоин.барои худро халос кардан тайёр хастед Ватанфуруши кунед ширчойхуракхои гадо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)