Бахшҳо
24 фев 2014 11:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Боздошти сокинони Бадахшону Душанбе бо лаълу зумраду ёқут

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини вилояти Бадахшон ва як сокини Душанбе хабар дод, ки дар додугирифти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо муттаҳам мешаванд.

Ба иттилои манбаъ ҳангоми кофтукови шахсии сокини ноҳияи Шуғнон, Сайфиддинов Шавкати 24-сола аз ӯ 155 адад сангҳои қимматбаҳои «лаъл» вазнашон 104, 38 грамм, 132 адад «ёқути сурх» вазнашон 71,7 грамм, 8 адад «ёқути кабуд» вазнашон 4,38 грамм, 7 адад сангҳои сабзи қиматбаҳои «зумрад» вазнашон 7,72 грамм, 18 адад сангҳои қиматбаҳои сабзчатоб вазнашон 19,81 грамм, 7 адад сангҳои табиии «гиотсид», 1 адад санги табиии «флюотсид» вазнаш 317, 73 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин бо ҷурми даст доштан дар амали ғайриқонунӣ сокини пойтахт Баҳромов Зуҳур, соли таваллудаш 1958, дастгир карда шуд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ў 172 адад бо вазни умумии 72, 37 грамм сангҳои қиматбаҳои «лаъл» ва 3 адад «ёқути сурх» бо вазни 7,26 грамм дарёфт ва мусодира гардид.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо зикри ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса, таъкид мекунад, ки “тибқи моддаи 284-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон додугирифти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дар ҳар намуду ҳолат, ба истиснои маснуоти заргарӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
рамазон
Чаро дар ИМА ва кишвархои дигари пешрафта агар касе санге пуркимат пайдо кунад хак дорад онро бифурушад ё ба давлат супорад бо фоидаи 25 фоиз аммо дар Точ ин кор чиноят будааст. тибқи моддаи 284-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон додугирифти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дар ҳар намуду ҳолат, ба истиснои маснуоти заргарӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. агар кишлоки ту меваю ангур дорад хурданаш чиноят нест вале кишлоки у санги гаронбахо дорад бахрабардори аз он чиноят будааст.. чунин карпору конунхои аблахонаро ислох кардан даркор.

вали
шарм доред хамон сангатон кати дар тамоми руи олам хариду фуруши озод дорад шумо коратон факат зиндони кардан янукович чи хол дорад инро дида ибрат гиред

Aгар ин ду шахс аз Дангара мешудан онвакт чиноят хисоб намешуд.

карим
Ман сокин нохияи Мургоб хастам шахрванди Точикистон. дар Мургоб дарахту меваю сабзавот нест. Маошам хамаги ба ду чувол орд мерасад. сангро нафурушам, алафи тресканро насузонам, шикор накунам тилло нашуям чунки ин хама чиноят астМан бо кадом даромад зиндаги кунам.???? БО БОДу шамоли ШУКРОНА???. Бигуед ин артиш дар Мургоб гушти чи мехурад, магар барояш аз ягон чо гушташ меоранд? не ШИКОР мекунанд. Гайри расми сангу гавхарашро ки мекашонад? ? ё ин сангу гавхарро бигузорем ки дар оянда заминро ба Хитой фурушанду он бечорахо зиндагияшонро пеш баранд????

Эй акаи Холис. Бадахшон бой аст. Хама чиз дорад. мардуми Дангара аз чангу хок гурехта, худро ба шахру кушкхо заданд. У мардум хоки сафеда мефрушан

Студент
Карим, гамашро нахур. Ба кариби ин режим Мургобро ба Хитой мефурушад хамрохи сокинонаш. Баъд дар ватани нав харчи хохи фурухтан мегири.

Tojik
вали,
Barodari aziz sad dar sad hato mekuni, yagon davlatero nadidam ki ozodona haridu furushi sanghoi kimatbaho konuni boshad. Masalan dar hitoi az 5 to 10 sol pasi panjara meshini baroi haridu furushi in guna sangho.

Va davlatdoroni mo boyat dar in bora saht girand. Horijiho az kuhhoi Pomir sanghoi kimatbahoro jam karda burdaistodaand, Hitoiho az kuhho sanghoi kimatbahoro burdaistodaand. In du bechora, chihele ki tojiko megan 'BETAGA' budastand baroi hamin dastgiri karda shudan

вали
tojik бародар хамон хитой ки мегуед комунисти хаст аз тчк чи фарк дорад ман ки ба чашми худам дидаам хариду фуруши озодро ман намегуям ки икадар озод бошад локин рох дорад бигзор мардуми бадахшонро ягон имтиёз диханд чунон ки рохи пулакит IRS имтиёз дорад ё дигар ширкатхое ки ба хешовандони президент таалук доранд

бадахшони
садои санг факат барои мардуми дангара мумкин-ми? бо мехнати худамон аз мулки худамон кор када истодаем. бо умеди шумо шавем ,кудакхоро бикушем.Дар кули дунё фуруши санг озод.

Бадахшони
Ой конунбаророн-ой бепарвоёни миллат.....Ба умеди иктисодиёти давлати шумо шавем-ми? Бас акнун муфхури. Мо сангро аз кахри кух худамон ва аз мулки худ зада истодаем.Дар дунё ин мас. аллакай озод шудаги.Чои кор аз тарафи давлат нест ,маош ночиз-фикри халкро намекунед, монед мо худамон рузгузарониро андеша намоем.Ин конкнро дида бароетон,бекор кунетон.Ин хели бошад зиндаги карда намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)