Бахшҳо
24 фев 2014 14:33Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таълими хатти форсӣ ва фиқҳи ҳанафӣ барои 500 муҳоҷири тоҷик

Исломшинос Хайриддини Абдулло ин шабу рӯз барои беш аз 500 муҳоҷири тоҷик дар Русия хатти форсӣ ва фиқҳи ҳанафиро меомӯзонад. Ӯ мегӯяд, баъд аз талошҳои номуваффақаш дар Тоҷикистон иқдом намудааст, ки давраи омӯзиши хати форсӣ ва таълими Қуръону асосҳои мазҳаби ҳанафиро дар Русия таъсис диҳад.

“Ин корҳое, ки барои миллатам анҷом медиҳам, дар кишвари худам натавонистам, амалӣ намоям. Дар зодгоҳам -- Норак ҳатто баъзе аз домуллоҳои муҳтарам зиддият нишон доданд. Мақомдорон бошанд, борҳо ба кӯшишҳоям ситеза намуда, гуфтанд, Тоҷикистон ба хатти порсӣ ниёз надорад, ҷойи хатти форсӣ дар Эрону Афғонистон аст, рав дар он ҷо дарс бидеҳ. Маҷбур шудам, дубора ба Маскав оям ва имрӯз дар Маркази фарҳангии ба номи Форобӣ нақшаҳоямро амалӣ мекунам”,-афзуд Хайриддини Абдулло.

Таълими хатти форсӣ ва фиқҳи ҳанафӣ барои 500 муҳоҷири тоҷикМусоҳиби мо илова кард, ҳамарӯза баъд аз анҷоми соати кории муҳоҷирон ба биноҳои бузурги Маскав рафта, суханрониву мавъиза мекунад, то муҳоҷирон аз дину мазҳабу таърихи худ огоҳ гашта, ба равияҳое, назири салафияву шиаву ваҳҳобия, гаравиш пайдо накунанд. Хайриддини Абдулло мегӯяд, тамоми ин корҳое, ки анҷом медиҳад, қонунӣ буда, ходимони умури дин ва маорифи шаҳри Маскав низ огоҳ будаанд. “Толибилмон пас аз хатми курси омӯзишӣ соҳиби гувоҳнома мешаванд. Мо ҳоло дар фикри таъсиси мактабе ҳастем, ки дар он ба ғайр аз забони форсӣ ба барномаи таълимии сарф ва наҳв, ҳофизшиносӣ, маснавишиносӣ, равоншиносӣ ва дигар дарсҳои муҳим низ омӯзонда шаванд”,-мегӯяд ӯ.

Хайриддини Абдулло, мушовири Идораи муфтиёти шаҳри Маскав ва роҳбари идораи дину фарҳанги Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик буда, яке аз фаъолони ҳаракатҳои зидди ваҳҳобия ва салафия дониста мешавад. Ӯ дар маҳофили уламои исломии Русия низ бештар бо мақолаҳояш алайҳи ҷараёнҳои тундгарои исломӣ маъруфият пайдо кардааст.
Мӯҳр
рузи
Фикхи ханафи????? конунхои замонро омузед ин фикху пикхатон ба дарди касе намехурад ьа чуз аз чахолату нодони

Точикистони нав
Офарин бародар. Аз дасти ин режим акнун дину хати бобоиямонро факат дар Россия омухта метавонем. Ин айб аст, ки ба кудаконамон дар Точикистон Куръон омузонда наметавонем, чунки режим онро манъ кардааст.

мухочир
Ба Рузи : Забонатро нигах дор . Дар хаки ислом чунин суханон нагуй, ки фардо рузи киёмат БЕ РУЗИ НАШАВИ. Дар ин забонат гулмехи оташи дузахро мекубанд.......Акидаатро дуруст кун........Озодагон чоп кун!!!!!!!!!

Акрам
Имруз хати форсиро ед гирифтан хатар дорад зеро шиъахо метавонанд китобхои гумрох кунандаи худро ба онхо таксим кунанд ва акидаи онхоро мунхариф кунанд.

муҳочир
эй нодон рузи ба фикрам шумо аз дин ягон заррае ошно нестед охир ин фиқи ҲАНАФИ ЯК МАЗҲАБЕ АСТ КИ МО БОЯД ПАЙРАВИ МАЗҲАБ БОШЕМ ОМУХТАН БАРОИ МУҲОЧИРИН ИНЗАРУР АСТ

Хой озодагон ин хабархоя чоп накунед охир. Инохо фахманд росияро хам монанди арабхо давлати террористи эълон карда Хайриддина кофта меранд.

ЗАФАР КУРБОНОВ
Бародар муборакат бошад. Ман хамрохам бо ту!. агар муаллими забони форси. араби, улуми хукукшиноси лозим бошад. мархамат, ман метавонам ин дурусро таълим дихам.
Бо эхтиром,
З.Г. Курбонов, адвокат

Мухочир
Офарин бар ин бародар!

рузи
ба мухочир! фардои киёмат аз ДОДГАР мепурсам ки чаро ин мардуми мусалмонро чунин нодону чохил офаридаи ки дигарон бо аклу заковат дар ин дунё айши зиндаги дроранду инхо ба умеди арабхои чахолатзадаи асри 8 тапаку саргин сузонда аз дузахи доштаашон ШУКРОНА мегуянд?????? Хадисхои бофтаро шиори худ карда аз зулму чабри ба авлоди Паёмбарашорн расонида ба чойи узрхохи ифтихор мекунанд????

шиъахо метавонанд китобхои гумрох кунандаи худро... АГАР КИТОБХОТХОИ ШИЪАХО ГУМРОХКУНАНДА БОШАНД ПАС КИТОБХЛИ КОТИЛОНИ АВЛОДИ ПАЙГАМБАР яъне ПАЙРАВОНИ МУОВИЯю суннихои баъди... ЧИГУНА БОШАНД????? ю

оо
рузи,
рузи,
рузи,
Мухочир,
Адамае кам агл лззощошршпгмиораев4агтщл7шхдщогхххххх

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)