Бахшҳо
24 фев 2014 16:20Тоҷикистон / Сиёсат

Янукович: Замоне дар сари қудрат, ҳоло дар ҷустуҷӯи пулис

Вазорати умури дохилии Украина Виктор Янукович, ҳоло раисиҷумҳури собиқи ин кишварро, ки дар пайи нооромии охир ватанро тарк кардаву ба ҷои номаълум ғайб задааст, дар пайгарди қонунӣ қарор дод. Ин ниҳод мегӯяд, раисиҷумҳури Укрина дар таҳрик ба қатли тазоҳургарони майдони Киев муттаҳам мешавад.

Арсен Аваков, иҷрокунандаи вазири умури дохилии Украина, дар саҳифаи фейсбукияш дар ин бора хабар дода, гуфтааст, алайҳи Янукович бо иттиҳоми мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин дар ҳолест, ки парлумони Украина шоми 22 феврали соли ҷорӣ бо судури фармоне раисиҷумҳури ин кишварро аз симаташ барканор карда, ба баргузории интихоботи пеш аз муҳлат дар охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ дастур додааст.

Расонаҳои хабарӣ мегӯянд, Виктор Янукович ҳамроҳ бо Андрей Клюев, раҳбари дастгоҳи президенти Украина ба самти номаълум равона шуда, охирин бор онҳоро тавассути се мошин дар шаҳри Қрим дидаанд. Иҷрокунандаи вазири умури дохилии Украина мегӯяд, раисиҷумҳури барканоршудаи кишвараш рӯзи 21 феврал ба қасди Харков Киевро тавассути чархбол тарк карда, қарор буд, дар анҷумани вакилони минтақавӣ иштирок кунад. Вале рӯзи 22 феврал аз ин тасмими худ даст кашида, озими шаҳри Донетск шудааст.

Ӯ бар ин аст, ки Янукович тавассути фурудгоҳи Донетск қасди берун рафтан аз кишварро дошт, вале ба ин марзбонони украинӣ монеа эҷод кардаанд. Сипас, ӯ озими Қрим шуда, баъд аз огаҳӣ ёфтан аз тасмими парлумони Украина муҳофизони давлатии худро рухсат дода, тавассути се мошин ҳамроҳ бо муҳофизони шахсӣ ба ҷои номаълум паноҳ бурдааст.

Янукович 64 сол дошта, аз моҳи феврали соли 2010 ба ин сӯ дар Украина қудратро дар даст дошт. Ӯ дар гузашта ду навбат ба ҳайси нахуствазир интихоб ва ифои вазифа кардааст. Инчунин раҳбарии Шӯрои амнияти миллию дифоъ ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвараш ба шумор мерафт.
Мӯҳр
Худоё рузе расад ки хабаре пахн шавад ! Бехтарин хабар барои миллати точик ! Аз дасти ин кавми лакайхо озод шудан мебошад

А
Хеч гапне ин саршавиш охири кори мансабдор хаминхели шуданаш лозим

Дарвозахои Узбакистон махкам. Киргзистон хам хамин хел. Дар у тарафи дарёи Панч толибон. Худое накунаву ба сари мо мансабдорон биёяд чунин рузи сиёх. кучо меравем. Росия пеши точикгостербайтхо, ки руи диданашон надорем. Абдулочонов чи. Эй худо, пеши муллохо меравем-чи.

Mahdi
Vendeta,
Barodari aziz ba gufti shumo holo kishvarro lakayho idora mekunand? Biyoyed hamin gaphoro monem yo shumo tarafdori jangu jidol hasted yo shoyad shumo kase meboshed ki pas az jangi shahrvandi ba shumo chize narasida boshad? Khohishmandam posukh dihed

Давлат
Хамаи президентхои худкомаро дар охир окибаташон хамин аст.

ба вендета
ту кавми лакай гуфта чи фахмондани хасти!?Аз тарзи навистат маълум аст,ки худат точик нести!Рахмон президент ва интихоби халк аст!!

гр-TJ
Оё Точиконхам барои озоди миллати худ бар зидди ин мансабдорони беадолат мубориза мебурдабошанд?Ман аз Аллох хохони онам ,ки ин мансабдорони беадолату порахури Точикистон монанди анахамин Янукович рохи гурез кобанд,аммо хеч вакт пуштибон наёбанд.

угам
Э Акаи раиси колхоз, ала хаму рузи Януковуч дар срут.

сардор
Ношукри накунен !!!!!!!!!!!!!

Posuh ba Mahdi va ba Firdavsi !
Barodaron avalan man tojik hastam dar dushanbe tavalud shudam ! Man yagon vaht tarafdori jangu janjol nestam ! Va namehoham dar tojikistoni azizi mo jang shavad ! Man mehoham ba gufti ruso kamtar Справедливость восторжествовать кунад! Ohir in chi gap ast ki mardone ki vatanro obod karda istodaand onhoro be yagon gunohu be yagon dalel burda 26 sol pushti panjara mahkam mekunand! Okibati Zulm voi meboshad donista moned ! Tu firdavsi ba man hitob kardi ki ba man az jangi shahrvandi yagon chiz narasidaast! Man ba tu javob metiyam ! Ba man na mansabu na kori davlati shumo lozim nest ! Bale davlati shumo baroi ki tojikistonro fakat yak oila hurda istodaast!!! Tak chto baland gap nazanen !

Agar shumo to in ruz namedonisted yakbor dar wikipediya navised millati sarvari davlatro ba shumo ma'lumoti darkoriro medihand lakayu karlug kiho meboshand!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)