Бахшҳо

“Капат дуд кадагияй”. СМС-и таҳдидомез ба вакилони Зайд Саидов

Се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, мегӯянд, афроди ношинос пайваста ба телефонашон паёмак (СМС) фиристода, онҳову оилаашонро таҳдид ва таҳқир мекунанд.

Ахиран як чунин СМС-и таҳдидомез ба телефони Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, аз шумораи 915651308 ворид шудааст. Дар ин СМС гуфта шудааст, “гуш ку да се рӯз вақт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таёрита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.

Шӯҳрат Қудратов, ки ин паёмакро дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, гуфт, ҳамингуна СМС ба рақами телефони Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров низ омадааст. “Айни замон ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии мо ва оилаи мо пурра зери хатар қарор дораду ҳамаи ин бевосита бо иҷрои вазифаи касбии мо нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи конститутсионӣ ва шаҳрвандии маҳкумшуда Зайд Саидов алоқаманд мебошад”,-омадааст дар изҳороти ин вакилон, ки рӯзи 25 феврал нашр шуд.

Онҳо дар идома навиштаанд, “мо барои пурра, ҳамаҷониба иҷро намудани фаъолияти касбии худ оид ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои аз тарафи қонун ҳимоятшавандаи зерҳимояамон Саидов Зайд Шероивч аз тарафи шахсони номаълум таҳти таҳдиду фишор қарор дода шудаем.”

Дар ин изҳороти вакилони Зайд Саидов гуфта шудааст, онҳо чанд муддати охир мавриди таваҷҷуҳи Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ, бахусус раҳбари он Абдуфаттоҳи Ғоиб, қарор доранд. “Ин таваҷҷӯҳи мақомоти зикргардида аз оғози фаъолияти мо ба сифати ҳимоячиёни собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов аз моҳи майи соли 2013 сарчашма мегирад. Сарвари ин мақомот ҳар изҳорот ва дархосту пешниҳоди моро вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саидов дарднок, бо эҳсосоти ба худаш хос қабул намуда, норозигии худро дар ҳар шакл зоҳир менамояд”,-таъкид шудааст дар изҳорот.

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, инчунин, аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон шиква кардаанд, ки чандин муроҷиату дархости онҳоро бе посух гузоштаанд.
Мӯҳр
Хонанда
Чавоб ба муаллифи СМС: "И читари гавзанияй, ... оча? А бача, т да калхоз кор мекни ё да макомот?"

Антошка
Адвакатои мухтарам, ба Рассия гурехта бураветон. Зайда шинондан буд, ки бомуваффакият аз ухдаи ин кор бурмадетон. Аку гурехта буравед.

Рок Филлер
Хонанда,
о бача отат тра хононда баъд да уча да кор мондагияй. Пулша хайф накн.СМС ба як адвакат нависта карда наметунию боз даъвои палковник шудан дори.

22
Дар хакикат ин нафарон тахти фишор карор доранд ва бояд Точикистонро тарк кунанд вагар на инхорам бе ягон асос зиндони мекунанд.

Чароги зулми золим то дами махшар намесузад,
Агар сузад шабе сузад шаби дигар намесузад.

ЧАСУР
АДВАКАТХОИ МУХТАРАМ ДАР ХАКИКАТ БАРОИ ЗАЙД САЙИД ХИЗМАТИ ХИРСОНА КАРДЕД. АГАР ШУМО НАМЕБУДЕД МУМКИН ХАМОН БЕЧОРА 10-12 СОЛ МЕГИРИФТ ВАЛЕ ДАВОДАВУ ХИЗМАТХОИ АРЗАНДАИ ШУМО БА У 26 СОЛ ОВАРД. БА ФИКРАМ ШУМОЁН АЗ АВЛОДИ С.З. ПУЛИ КАЛОН ТАЛАБ НАМУДА БУДЕДУ ДАР ИВАЗАШ ВАЪДАИ ДУРУГ ДОДА БУДЕД КИ УРО ОЗОД МЕКУНЕМ. АКНУН КИ АЗ ДАСТАТОН ХЕЧ ЧИЗ НАОМАД ПУЛИ МАРДУМРО ГАРДОНАДН МУШКИЛ. АНА БАРОИ ХАМИН БАХОНА КОФТА ГАШТЕД ВАГАРНА ШУМО АДВАКАТХОИ ЧАЛАСАВОД БА КИ ДАРКОРЕД...МАН ХАЙРОНАМ БА ЧУНИН СУХАНХОИ БУЛАЧАБАТОН...БА ФИКРАМ ПУЛИ 1 СМС ДАР ТОЧИКИСТОН АЗ ШУМО БОЛОТАР АСТ. АНА БАРОИ ХАМИН БАС КУНЕД ДУРУГУ ИГВОАНГЕЗИРО....

Бе ном
Хамаи ин паемакхоро мактуб карда ба раиси чумхур пешниход кунед . Шумо магар даро бораи Худи Зайд махсус ба президент нома кунед е интизор шуда дар мачлисхо гуед ки у бегунох аст.

Далер
Часур, чигари гапа гуфти. Маладес!

ahmad
e hamira baran sud knan ki hama ay dasti hami shuhrat kudratov ay 20 bolo giriftan

скинхет
садхо офарин ба нависандаи СМС.

Адвокатхои мухтарам, мардум на онкадар содда хастанд, ки ба ин афсонахои бофтаи шумо бовар намоянд, мехохед арзонакак ба худатон обрую эътибор гирифта, дар оянда хам бо хамин рох мардумфиреби намоед. Дар бадбахтии мардум ба худатон хушбахти начуед, ки окибаташ хуб нест!!!!

Шухрат Кудратов ягон парвандаро ед дори, ки акалан як рузашро сабук карда боши, баръакс рохбари "Мовароуннахр"- ро ба кадом руз расониди, то хол наздиконаш аз дасти ту карздор гаштаанд. Рузаш мешавад бояд чавоб дод.

Ин рохи тахдид хоси ягон макомоти давлати хеч гох набуд. Ин усулро одатан олами чинои истифода мебаранд. Бехтар мебуд, ки ба макомотхои дахлдор мурочиат мекардед, то ин ки ин холатхо пешгири мегардид, акнун ки сару садохо пур кардед, аз ин рафтори шумо буи тухмату бухтон ва худсафедкуни меоед на чизи дигар.

Брен ай паси коротон шавен шумо хечкида даркор не стен худтона гарени нагирен и дуруготон Кати худтона ширин кардестен пеши Зайда сари хмура хурден

Чаноби Исхоков! Аз хисоби маблагхои Зайд Саидов ба бахонаи халли корхои у ба Москва парвоз карда мераведу, дар он чо дигаронро химоя карда, пул кор карда меоед, офарин ба шумо!!! Бо як тир ду нишон!!!
Ачоибаш аз ин рафтори шумо фарзандони З.Саидов бохабар бошанд???

Исоков карзи бонкита аз хисоби Зайд додании? Тез бие карзора, ки бонк хона та мегира

Химоятчихои мухтарам Шумо худатонро Вицин Никулин ва Маргунов кардаен бас будагист махорати кориатонро нишон доден равен торотона дар мех кашол кунен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)