Бахшҳо
25 фев 2014 15:19Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳушдори мақомоти тоҷик аз афзоиши ҳисси бадбинӣ дар Русия

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар пайи таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон аз шиддат ёфтани муносибати ҷавонони миллатгаро дар Русия ҳушдор додааст.

Абдулло Қодирӣ, сухангуи ин хадамот ба “Озодагон” гуфт, таҳлили муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон маълум кард, ки ҳисси бадбинии миллатгароёни Русия нисбати шаҳрвандони Осиёи Марказӣ то рафт бештар мегардад. Қодирӣ инчунин афзоиши фиреби муҳоҷирон ва бозпас фиристодани онҳоро аз Русия мояи нигаронӣ хонда, зарур хонд, ки муҳоҷирон бо корфармоён ва миёнаравон аз эҳтиёт кор гиранд.

Ин масъули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таъкид намуд, ки муҳоҷирони тоҷик, қабл аз харидани чиптаи ҳавопаймо худро бо системаи «Он-лайн» -и ФМС ва Хадамоти федеролии амнияти Русия дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон санҷанд. Ба гуфтаи Қодирӣ танҳо дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯйхати афроде пешниҳод мегарданд, ки нерӯҳои марзбонии Русия монеи вурудашон ба қаламрави ин кишвар хоҳанд шуд.

Сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон афзуд, ки дар сурати мушоҳида намудани поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирон аз сӯи корфармоён ва миёнаравону қаллобон дар бозори меҳнати Русия бо телефони боварии (+992 37) 225-07-19 дар шаҳри Душанбе ва Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия (+992 44) 640-19-51) занг зананд.
Мӯҳр
Домулло Абдулло Кодири! Хестики хоби. Ту нав бедор шуди. Чахон бедор аст. Натичааш-Украина. Хамватаноро ту ва тубаринхо чанд сол пеш пушту панох мешудед имруз ба ин дарача намерасидем. Чеченхо як миллион нестанд, вале набалки Россия, хатто чахонро ба ларза оварданд. Шумо хонашерони майдонгариб. Аз холи мухочирон хабар нагирифтед. Дар интихоботи Президенти райъашонро напурсидед. Дар Точи-он аз холи фарзандону хонаводаашон хабар нагиред. Росиянхо медонанд, ки точикон кавми бесохибанд. Сохибдоронашон аз як кавм дар Точ-он кайфу сафо доранд. Хами Хадамот ба ки даркор???????????????

Мухлис
Бародар Собиков сад дар сад рост мегуяд.ин мансабдорони мо гами мухочиронро намехуранд худашон кайфу сафо карда хобанд парвои халкро надоранд.интизор шаванд сохти мансабдорони Украина мешаванд,кадомруз.

Рутон сиех зарари холиен шмо макомот бизнес патент разришени на работу кадра гаштен муфт хро я хобгохи милли я филяли ФМС кшонен бо намояандаги аз ФМС барои дакументатсия мардм подаборин да навбат набесан тахкир нашаван миллата сохиби кнен бад УВО хрмат кран я коргари фмс шикоят кард ки пасоли Шумо зарае кор намебара пштибони намекна айропорт милиса балниса ама шмора манбаи даромади хдшон Кадиан

донишчу
Барои сухани хак як чахон ташаккур бародар! Рост гуфтед!
Сохибов мухочир! Хак аст хак!!!

Як чахон ташаккур ба ту Сохибов. Чашми манро кушоди. Акнун фахмидам, ки вазорату Хатамоти ман ташкилкардашуда дар фикри шумо набуда, корашон кисапуркуни. Вай пасоли дар РФ будаги, олиянгиба псевдоними шоирияш ки буд? намедонам Худаш Достиев ба шернависи машгул. Ончоро филиали Иттифоки нависандагон "зиёиён" кардааст. Зиёияш хамин бошад, аз дигарош чи гила? Рохаша ба ман нишон тиетон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)