Бахшҳо

Зоиров: “Мақомоти тоҷик аз воқеаҳои Украина хулосае намебароранд”

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бовар дорад, воқеаҳои Украина, ки бо фирори раисиҷумҳураш анҷомид, ба Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад буд. Зоиров ин нуктаро 25 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” баён дошта, афзуд, “таъсири ин ҳаводис ниёз ба омӯзиши бештар дорад”.

Дар баробари ин, ӯ изҳори умед намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ин ҳаводис хулосае нахоҳад бардошт. Дар мавриди муносибатҳои минбаъдаи Душанбе ва Киев Зоиров афзуд, “таҷрибаи таҳаввулоти пешини Украина, ки бо ивазшавии раисиҷумҳур анҷомида буданд, нишон дод, ки Душанбе интизор мемонад ва муносибатҳо бо маҷрои пешин давом хоҳанд дошт. Ҳаводиси ахир низ ба муносибатҳои Тоҷикистону Украина ҳеч таъсире нахоҳанд дошт.”

Дар ҳамин ҳол, масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз шарҳи таъсири ҳаводиси Украина ба Тоҷикистон ва муносибати Душанбе бо ҳукуматдорҳои нав дар Киев худдорӣ карданд. Интизор меравад, интихоботи навбатии раисиҷумҳур дар Украина 25 май баргузор гардад, ки ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон бо пирӯзии Юлия Тимошенко, раҳбари сотсиал-демократҳои ин кишвар, анҷом хоҳад ёфт.
Мӯҳр
Рахматилло фамилияаатро Тимошенко мон. =Тимошенкозода Рахматилло=.Ин амал дар Точикистон мода шудааст. Хама худро бо Президент наздик мекунанд. Хамфамилия будан хело хам хуб аст ва шафохат хам мекунад.

порсо
хукуматдорони точикистон аз пайи бехбуди зиндагии мардум ва бархам задани фасод бошанд куза то ба кай ба лаби об ношикаста меравад сабру токату тахаммул низ хадду худуд дорад тамоми системайи давлати фасодзада аст ин тахавулотхо баройи хукумати ба гафлат рафта бояд хобро аз сараш дур кунад дар акси хол чунин вокеахо рух доданашон аз эхтимо дур нест.

мискин
Ба Порсо !!!!
Худованд бо чунин нияти бадат хамин тахавулотро танхо дар сари ту биёрад ва миллати точик осуда бошад.
Хохих ба сахами ин хайрхохи миллат расонед.

Ин ҷаноби номуҳтарам Рахматулло Зоиров аз фитнаю найранг ва дасиса намонд, ки намонд. Бисёр шахси бадгумон ҳастӣ! Ба найрангу фитнаи худат иншоаллоҳ гирифтор шавӣ. Ҳофизи Шерозӣ гуфтааст: Илоҳо, хонаи душман насӯзад, Ки ман ҳам дар бари ӯ хона дорам. Аммо мутаассифона ин шахси маккор аз гуфтаҳояш бӯйи нияти бад меояд. Дар куҷое як ноороми бошад, ба он ҷо сар халонда дар Тоҷикистон роҳандозӣ карданаша нақша мекашад.

Нури Рахмон
Чаноби Зоиров дар Украина инкилобхо ба он хотир рух медиханд ки каобат ва наздики ва таъсири фарханги Аврупои ба ин кишва хелло зиёд аст. Аммо дар Точикистони мо ки аз Аврупо ва таъсири фарханг ва озодихои ичтимои ва демократияи хакики хело дур аст ин навъи эътирозхо ва инкилобхо гайри имкон аст. Украина майдони набари гарбу шарк шудааст аммо Точикистон чи?
Танхо чизе ки имузхо метавонад деги мардуми точикро бичушонад танхо хамин Шахраки бехатр ва камерахои назорати он аст!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)