Хабаргузориҳои Русия хабари дар минтақаи фурудгоҳи «Биково»-и Маскав боздошти 400 тан муҳоҷирини ғайрирасмиро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пахш карданд.
Гуфта мешавад, теъдоди аъзами онҳоро муҳоҷирини тоҷик ташкил мекардааст. Дар ҳамин ҳол, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия барои дақиқ кардани воқеият, теъдоди муҳоҷирини тоҷик ва сабабҳои боздошт фавран ба маҳалли ҳодиса расида, маълум кардаанд, ки дар ҳақиқат 230 нафар муҳоҷирин аз сўи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия боздошт шудаанд ва 40 нафари онҳоро тоҷикистониҳо ташкил мекардаанд. Муҳоҷирин тоҷик феълан дар ШКД-и «Биково» (ноҳияи Раменский) нигаҳдорӣ мешаванд.
Бино ба маълумоти маркази матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои 50 нафар аз теъдоди умумии муҳоҷирини боздоштшуда ҳуҷҷатҳо омода шудаанд ва аз хоки Русия беруе карда хоҳанд шуд ва нисбати 180 нафари дигар парвандаҳои маъмурӣ таҳия шуда, онҳоро ҷаримаҳои молӣ интизор аст.
Феълан, намояндангони ХМ ҶТ дар Русия якҷоя бо намояндагони ХФМ(ФМС) ва ХФА (ФСБ)-и Русия ҷузъиёти қазияро таҳқиқ намуда, роҳу масоили расонидани кўмаки ҳуқуқиро барои тоҷиконе, ки аз роҳи қонунӣ дар Русия будубош дошта, қавонони иқомат дар ин кишварро нақз накардаанд, ҷустуҷӯ доранд, гуфт намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав.{jathumbnail off}
Мӯҳр