Бахшҳо
27 фев 2014 09:18Тоҷикистон / Сиёсат

“Независимая газета”: Майдони Киев ба Душанбе мекӯчад, ё Бишкек?

“Независимая газета”, нашрияи чопи Маскав, сафари Ричард Ҳоугленд, ёвари муовини вазири умури хориҷии Амрико ба Душанбе ва мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонро ба баррасӣ гирифта, мегӯяд, Вашингтон мехоҳад, тарҳи солҳои 2005 ва 2006-и худ дар мавриди боқӣ монданаш дар Осиёи Марказиро аз сар гирад.

Ин нашрия гуфтааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоле мехоҳад, ин баҳсро зинда кунад, ки вазъияти сиёсии Тоҷикистон номуътадил буда, норозигии мардум аз давлат рӯ ба афзоиш овардааст. Илова бар ин, ба навиштаи “Независимая газета”, вазъ дар Афғонистон, ҳамсоякишвари Тоҷикистон низ дар ҳоли тағйир ба самти бадшавӣ аст.

“Коршиносон бар инанд, ки дар пайи тағйири қудрат дар Украина мардуми илҳомгирифтаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки аз мақомоти худ норозиянд, эҳтимол дорад, “майдони Киев” дар бархе аз онҳо, аз ҷумла Тоҷикистон созмон дода шавад”,- таъкид шудааст, дар матлаби ин нашрияи русӣ. Дар идомаи матлаби “Независимая газета” оварда шудааст, ки аз замони ваколати сафирии Ричард Ҳоугленд дар Душанбе равобити ҳасанаи Амрикову Тоҷикистон маншаъ гирифтааст. Сипас, ба ишоари он, дар пайи ошкорсозиҳои Викиликс, таъсиси пойгоҳи низомии Амрико ба ҷои пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон матраҳ шуд, аммо ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз Маскав имкон надод, то ин нақша амалӣ гардад.

Ба гуфтаи ин нашрия, ҳоло гӯиё вазъият дар минтақа то ҷое мутафовит ҳаст, вале ҳанӯз ҳам тарҳи Амрико дар мавриди густариши имконоти низомии худ дар Осиёи Марказӣ ҳамоно рӯи нақша аст: “Рӯзномаи амрикоии “Лосанҷелес Таймз” гузориш дод, Вашингтон дар ҳоли музокира бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои эҷоди пойгоҳи ҳавопаймои бидуни сарнишин аст.” Вале нашрияи чопи Маскав бо такя ба қавли коршинос Иван Ипполитов афзудааст, “сиёсати пешгирифтаи Раҳмон посухгӯи тарҳҳои Амрико, аз ҷумла дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ нест. “Амрико ҳамкориҳои низомӣ бо Русияро ба унвони як омили шаклгирифтани пойгоҳи нуфузи Маскав дар Осиёи Марказӣ медонанд. Истгоҳи фазоии Окно дар шаҳри Нораки Тоҷикистон барои амрикоиҳо муҳаррики қавӣ ва қобили таваҷҷуҳ аст. Ин дастгоҳ қодир ба дарёби моҳвораҳои амрикоӣ ба таври билқувва, ҳатто ба фаъолиятҳи онҳо метавонад, хатаровар бошад”,-гуфтааст ин коршинос.

“Независимая газета” аз қавли коршиносонаш навиштааст, пойгоҳи низомии 201-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки то соли 2042 боқӣ мемонад, низ ба нафъи амрикоиҳо набуда, ҳамкории наздики Душанбеву Пекин низ ба Вашингтон қобили қабул нест. “Дар ҳамин ҳол, андешаҳои Эмомалӣ Раҳмон барои пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ ва АвруОсиё Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таҳрик додааст”,-омадааст дар матлаб.

Аммо Александр Канязов, коршиноси масоили минтақаӣ дар суҳбат бо “Независимая газета” иҷрои сенарияи майдони Киевро дар Душанбе имконнопазир хонда, гуфтааст, ҳоло ин сенария дар дастури кори дипломатҳои Амрико қарор надорад, чун ба қавли ӯ дар ин росто метавон, дар мавриди Қирғизистон фикр кард. Зеро дар он тамоми заминаҳо барои амалӣ сохтани сенария вуҷуд дорад.

Ин коршиноси рус муътақид аст, ки дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ричард Ҳоугленд масоили марбут ба пружаҳои энержӣ ва амниятӣ ба баҳс кашида шудааст. Аммо ӯ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фишанги муассиртаре барои Душанбе дорад ва он ин аст, ки дар он сӯи марзи ин кишвар бо Афғонистон Ҷунбиши исломии Узбакистон дар ҳоли омодабош қарор дорад. “Албатта, ин абзор барои Тошканд низ агар он хоҳад, ба таври мустақилтар рафтор кунад, истифода хоҳад шуд”,-гуфтааст Князев.
Мӯҳр
А
Хукамат харакат карда хнитро бандад ё калимаи исломро аз хнит гирад ана баъд тамошо мекунед холаташ чи мешад.

Инкилоб ва тагйри кудрат махсули эсоси ботинии халк аст. Вазъият худ ба худ чунин пухта мерасад, ки мардумро ба майдон меорад. Ин раванди табии аст. Дар Точикистон агар хузури аз хад зиёди хешу табори президент дар сиёсату тичорат кохиш дода нашавад, эхтимол замина барои инкилоб ба миён ояд. Зеро эхсос мешавад, ки хузури наздикони президент дар сиёсат ва тичорат мардумро норохат кардааст. Дар ягон кишвари дунё Президент ба ин хад хешу табори худро дар мансабхои баланд таъин накардааст.

Точикистони нав
Хуш омаданд, чаноби Хоугленд, ба Точикистон! Бо худ сафо оварданд! Нури дида точик сар!

Ба Бищкек кучиданаш мумкин, он чо гуруру номус камакак хаст, Майдон дар Душанбе чи кор мекунад. Э соддахое...

Рустам
Баъзехо бисёр мехоханд, ки дар Точикистон Украина такрор шавад. Аммо ин хеч вакт ё ба ин наздикихо намешавад. Менталитети мо дигар шудааст. Ин гуна ходисахоро гузарондем боз ягон 20 сол нигох кардан даркор.

равшан
агар хукумати рахмон аз пайи бехбуди холати ичтимойи мардум нашавад вазъ метавонад муташаннич шавад вале исломихо хурсанд нашавед мо намегузорем точикис тон исломи шавад мархамат намозро хонед руза гиред вале ба сари кулрат омадани шумо ба бадбахтии мардуми точик мерасад дур намеравем афгонистони касофатзада ки бо маблаги араб якдигарашро нобуд карда истай.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)