Бахшҳо

Муҷозоти афсари амният барои ҳамхобагӣ бо духтари мактабхон

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ Суҳроб Давронов, афсари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошимро барои муносибати маҳрамона бо духтари ноболиғи мактабхон аз ноҳияи Ишкошим ба ду соли зиндон маҳкум кардааст.

Давронов, ки масъули Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Ишкошим будааст, ба боварии хонаводаи духтари мактабхон даромада, бо ӯ муносибати маҳрамона барқарор кардааст.

Ин қазия баъди он ошкор шуд, ки Давронов , соатҳои 5-и субҳи 2-юми майи соли 2013 мавриди латту кӯб қарор гирифта буд ва барои ин чанд ҷавон боздошт шуда буданд. Дар пайи ин сокинони Ишкошим баён доштанд, ки афсари амният дар ҳоле латту кӯб шудааст, ки субҳи барвақт аз хонаи як духтари мактабхон, ки тайи моҳҳои охир бо ӯ ҳамзистӣ мекардааст, берун рафтааст. Дар натиҷа нисбати афсар тафтишоти хизматӣ оғоз шуда, бо маҳкумияти ӯ анҷомид.

Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ мегӯяд, давоми як соли охир дар натиҷаи баррасии 13 парванда нисбат ба 14 афсару сарбоз бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои мухталиф ҳукми судӣ бароварда шудааст. Ба иттилои манбаъ бештари мурофиаҳои судӣ ба таври сайёр, дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ баргузор шудаанд, ки ба ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо байни афсарону сарбозон равона гардидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
боми ҷаҳон
Наҳзати набудми?

аҳа набуд! наҳзати буданаш вақте маълум мешуд ки 250 бор дар расонаҳои давлати намоишаш медоданд!

Саид
Алла капаш дуд кард бугу афасри амниятира ...

Мусо
Барои чи узви кадом хизб буданашро дарч намекунед? Диде, ки ХХДТ хам педофилхои зиёд дорад. Агар аз нахзат мебуд, дар тамоми шабакахои телевизиони 1 хафта намоиш медоданд.

2 sol? Hukmi qatl boyad doda meshud . yo 26 soli akai Zayd Saidov ))

тоҷик
чаро ба Зайд 26 сол аммо ба афсари ХУДӢ 2 сол??????????!!!!!!!!!!!!!!!!!

Саид
Анаи инро мегуянд корманди "амнияти милли"! Худо ки инсонро шарманда кард, хеч кас уро сафед ё гунохашро пинхон карда наметавонад! ХНИТ-ро шумо амниятихои ки дар хамаи чиноятхои накардаашон гунахкор медонед ку як барнома нисбати корманди худатон карда пахш кунед?!

А
Aгар даъвои инсони кунад тв-хо ин афсара бо хизбаш нишон дихад!

Одамхудо
боз 1-далели сиеси будани парвандаи 3.Саидов исбот шуд.тачовузи точикдухтар 2-сол,русдухтар 19-сол,канд занед патриотхо!

дигар портали новостиба хондам, ин педофилро ду соли условный додаанд, ки дар як солаш набояд аз чои икоматаш дур шавад.. учитивая его чистосердечное. признаные и раскаяние суд приговорил его в два года условно, в первый год он не имеет право покидать место жительство... почитайте toptj.com....

Ба диккати чинояткорон расонда мешавад,ки пеш аз чиноят ба ХХДТ аъзо шавед.Дар сурати чиноят кардан ба шумо барои зинои ноболиг 2-сол,барои одамкуши 120-сомон чарима.ха.ха.ха.

Абдухолик
ИншоОллох рузе хақиқат ошкор хохат шуд!

Точик
Мусочон додари акаш аблах нашав охир. Охир дида истодаи ки у одами харбист. тибки конун харбиён наметавонанд аъзои ин ё он хизб бошад. Шартай, ки ......... Беакл!!!!

Лакайчон
Точикон дар урфият мегуянд, ки " сардор чи гуна, коргар намуна" бадбахти ва шармандаги аз ин ахвол зиёдтар намешавад, худта камтар таъриф куну корхои тарбиявиро дар байни хайати шахси пурзур кардан даркор, то ки кадом рузе мардум ба руят туф накунад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)