Бахшҳо

Мавҷу авҷи ҷанги шиаву суннӣ ва таъсираш барои Тоҷикистон

Зоири ДАВЛАТ,
пажӯҳишгари масоили Ховари Миёна


ҚИСМИ АВВАЛ

ҚИСМИ ДУВУМ

Баъзе коршиносон, масалан профессори Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон Марк Катс, бар ин назаранд, ки ҳар кас бихоҳад-нахоҳад Эрон дар кори Сурия дасти расо дорад. Кашмакаш дар Сурияро бе ҳамкории Эрон ҳал кардан душвортар аст.

Ширкати Эрон дар музокирот оид ба Сурия муваффақияти онро кафолат намедиҳад, вале аз Эрон сарфи назар кардан кафолати бенатиҷа анҷом ёфтани музокирот аст. Аммо ҷониби Эрон дар ин масъала чӣ хоҳад кард? Дар ҳоле ки Эрон саргарми қазияи ҳастаияш мебошад, буҳрони Сурия барояш чӣ аҳамият дорад? Дар натиҷа, ҳарду қазия бо ҳам печидаанд. Масъала имиҷи нави Эрон дар сиёсати байналмилалист. Ин бошад ба якчанд омил (фактор) вобаста мебошад.

Минҷумла, мавзеъгирии Арабистони Саудӣ, ки талош дорад то бо тағйир додани вазъияти Сурия нерӯи асосии пешрав дар Ховари Миёна дошта бошад. Арабистони Саудӣ Эронро ҳамчун спонсори асосии инқилоби шикастхӯрда дар Баҳрайн, нооромиҳои Лубнон ва Сурия медонад. Ба илова, ба назар мерасад, Теҳрон бо муваффақият шиаҳои давлати Ироқро ба самти худ ҷалб мекунад. Бағдод ҳам бо Теҳрон барои боқӣ мондани режими Сурия ҳамкории ошкор мекунад. Вале, ҳеч тарафе намехоҳад, ки режими Бағдод суқут кунад ва террористҳои “Ал-Қоида” дар Ироқ қудратро ба даст бигиранд.

Ҳукуматҳои Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Амороти муттаҳидаи арабӣ шиаҳоро аз Исроил таҳдиди сахтттар ҳисоб мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки хавф аз Эрон кишварҳои мазкурро бо Ғарб бештар муттаҳид мегардонад. Ба фарқ аз шиаҳо, ки Эрон бевосита онҳоро дастгирӣ мекунад, сунниҳо “сарпарасти асосӣ” надоранд. Шояд Қатар ва Либия сунниҳоро дастгирӣ кунанд, аммо ба ҳар сурат захираи онҳо камтар аст. Баъзан саудиҳо исломгароҳои сунниро кумак мекунанд, агар онҳо фаолияти низомӣ ва зиддиғарбиро кам кунанд. Хулоса, бо набудани “бонкдори ҷиддӣ” исломгароёни суннимазҳаб наметавонанд вазъиятро дар Ховари Миёна ноором кунанд.

Ҳамчунин исломгароҳои суннимазҳаб сарчашмаи умедбахши аслиҳа надоранд. Шиаҳо бошанд Эрон ва Русияро доранд. Гуфта мешавад, шӯришиёни Сурия аз ИМА барои гирифтани аслиҳа ва вуруди он аз тариқи Либия, дастгирӣ меёбанд, ки Арабистони Саудӣ ва Қатар пули онро пардохт менамояд. Арабистони Саудӣ ҳаргиз “Ихвонулмуслимин” ва ҷонибдорони онро сармоягузорӣ намекунад. Баҳрайн “Ҳизбуллоҳ”-ро гурӯҳи террористӣ эълон кард, аммо Иттиҳодияи Аврупо ин корро накардааст.

Исроил, ки Эронро хатари рақами як дар минтақа медонад, табиист, ки исломгароҳои шиаро низ душман медонад.

Баъзан дар васоити ахбори омма истилоҳи“Ҳилоли шиа” (Шиитский полумесяц) истифода мешавад, ки Эрон, Лубнон, Ироқ ва шарқи Арабистони Саудиро дар бар мегирад ва дар ин манотиқ асосан пайравони мазҳаби шиа сукунат доранд. Баъзан ба Сурия низ, ки теъдоде аз алавиҳо дар он зиндагӣ доранд, ба “Ҳилоли шиа” иртибот доштанаш ишораҳо мешавад. Аз нуқтаи назари стратегӣ ҳалқаи шиаҳои ҷонибдори Эронро дар навбати аввал Чин, Русия ва кишварҳои ноҷӯр бо НАТО ва ИМА, ба монанди кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Куба дастгирӣ мекунанд. Ғарб бошад дар посух ба ин амалкарди “мухолифонаш” ҳалқаи сунниҳои исломгароро, ки зидди Сурия ва ҳампаймонони эрониаш ва “Ҳизбуллоҳ” нигаронида шудаанд, дастгирӣ менамояд. Хулосаи калом, ҷанги сарди нав миёни Ғарб ва боқӣ кишварҳои ҷаҳон зери пӯшиши ҷанги шиа ва суннӣ дар Сурия ва умуман минтақаи Ховари Миёна ором-ором аз умқ ба авҷи худ мерасад.


Аммо баргардем сари ин масъала, ки таҳлили чунин мавзӯъ барои Тоҷикистон чӣ аҳамияте дорад? Мавҷу авҷи ҷанги шиаву суннӣ хоста-нохоста эҳтимол ба кишвари мо Тоҷикистон низ бетаъсир намонад. Зеро Тоҷикистон як кишвари суннимазҳаб аст, аммо бо Эрон, ки шиа мазҳаби расмии он аст, муштаракоти забониву фарҳангӣ дорад. Васоити ахбори русизабон ва умуман байналмилалӣ кашмакаши Сурияро дигар “ҷанги шиа ва суннӣ” мегӯяд, ки ин ҳатман ба зеҳни бинандаву шунаванда таъсир мерасонад. Аз ҳамин ҷост, ки “бино ба тахминҳои мақомоти расмӣ, ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон аз ду ҷониб ширкат доранд ва умдатан ҳамаи онҳо тавассути кишварҳои сеюм ба Сурия рафта ё дар донишгоҳҳои кишвари арабӣ таҳсил мекарданд” (сарчашма сомонаи “Радиои Озодӣ”). Табиист, ки дар чунин ҷанги бемаънӣ касоне ҷалб мешаванд, ки бо иллати камсаводӣ, тундравӣ ё нашъаманд будан ба як кишвари бегона рафта, ҷонбозӣ мекунанд. Аммо, қисмати асосиро касоне ташкил медиҳанд, ки “таассуби мазҳабӣ” доранд. Чунин “таҳсилкардагон” дар кишварҳои арабӣ, ки барои “ҷиҳод”ба Сурия ё Афғонистону ҷойе дигар мераванд, умдатан “суннимазҳабҳои якрав” ҳастанд ва мухолифони онҳо “шиамазҳабҳои тундрав”, ки ба эҳтимоли қавӣ дастпарварони мадориси шиа бошанд.

Ба ҳар сурат, ширкаткунандагон дар ҳарду ҷабҳа бояд ба муҷозот кашида шаванд. Аммо, чӣ бояд кард, ки як мусулмони тоҷик ба чунин роҳ наравад? Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои телевизионии “Калима” ва “Висол”, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мешаванд, раванди шиабадбиниро дар байни қишри мазҳабии Тоҷикистон шадидтар мекунад. Аз сӯйи дигар, канали “Аҳли байт”, ки аз Олмон ё Амрико пахш мешавад, шахсе аз миллати ҳазора бо исми Аллоҳёрӣ пайваста аҳли суннатро ба танқид мекашад, ки он ҳам боиси бештар шудани бадбинӣ нисбат ба шиаҳо мешавад. Аммо чанде пештар уламои Эрон изҳор дошта буданд, ки донишмандони шиа ҳаргиз чунин шабакаҳоро дастгириӣ намекунанд ва моил ба тақриби мазоҳиб, яъне наздик намудани мазҳабҳои исломӣ ҳастанд. Теъдоди чунин шабакаҳо албатта андак нест ва ҳар мазҳабу маслакбарои манофеи худ таблиғот мебаранд.

Аммо чунин бадбинӣ ва таҳаммулнопазирӣ асосан дар байни онҳое дида мешавад, ки бештар ба салафия гароиш доранд. Дақиқтар бигӯем, бадбинӣ миёни Салафия ва Шиа мебошад, на миёни Ҳанафия ва Шиа. Инро метавон аз баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет бо осонӣ пай бурд.

Маълум аст, ки барои кишвари мо дар ин раванди босуръати ҷаҳонишавӣ аз ҳама муҳимтар суботу оромиву истиқрор аст. Аммо, қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мехоҳанд доираи нуфузашон вусъат ёбад. Барои ин аз абзоре мисли ҷанг андохтан дар кишварҳои хурд истифода мекунанд. Барои ҷанг баҳона лозим аст. Замоне ки аз як кишвари хурд мисли Тоҷикистон чандин нафар барои “ҷиҳод” ба як кишвари аз нигоҳи забону мавқеияти ҷуғрофӣ бегона мераванд, қудратҳои нуфузхоҳ метавонанд аз онҳо дар дохили кишваре ором суъистифода кунанд...

Бояд ба таъкид расонд, ки беш аз 200 ҳазор аҳолии Тоҷикистон, асосан аҳолии Бадахшон, пайрави мазҳаби шиаи исмоилия мебошанд ва дар тӯли таърих онҳо бо суннимазҳабҳои ҳамсояи хеш ҳечгуна мушкилот надошта, ҳамзистии пайравони мазҳаби шиа ва суннӣ дар ин минтақа шоистаи таҳсин мебошад. Аммо, касоне, ки дастхуши чанги таассуб мешаванд, арзишҳои олии инсониро аз ёд бурда, қурбони дасисаҳо ва бозичаи дасти дасти бозингароне мешаванд, ки бо найранг “ҷанги сард”-ро бо либоси “ҷиҳод”-у “ҷанги мазҳабӣ” ҷилва медиҳанд.
Мӯҳр
САЛОМ ИМРУЗ ДАР ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗАМОН САЛАФИХО НИСБАТИ ХАНАФИХО БАДБИНИ ДОРАНД ИН МУСИБАТ АСТ БАРОИ АХЛИ ТОЧИК.АЗ НОМИ ХАНАФИХО МУРОЧИАТ БА ОРГПНХОИ ДАХЛ ДОР ПЕШИ РОХИ ИНХО ШАВАНД ВА ЧИХЕЛИ АЧДОДИ МО ХАНАФИ БУДАНД ИНРО НИГАХДОРАНД ТАШАККУР

Сунни
Худо панох дихад аз ин равияи пур аз адовату гумрохи. чунон амалхое доранд, ки гайри хатто куфр ба чунин амал даст намезанад. 1. дашмон кардани сахобагону дустони худо (Абубакру Умару Усмон р.з.а). 2. Боло донистани Оромгохи Имом Хусайн аз маккаи Мукарамма. х,атто занхои худо ба хотири табарук гуфта ба пирхояшон барои як шаб таслим мекунан. магар дар ислом чунин амалхо хаст? бо баъзе нафарон аз онхо пуштибони мекунан.

abdulloh
Асосан рофиза касе,ки паирави маххабо онхо набошад ё бо онхо мухолифати дошта бошад уро салафи муарифи мекунанд агарчи салафи набошад ва инро дар шабакахои ичтимои дидан мумкин аст гуфтан ки бадбини байни салафию шиа аст хатост.Асосан мушкилити ахли сунат бо шиаи 12 имома аст на бо исмоили чун бо исмоилихо дар ягончо дар холи хозир мушкилот надорем.

jt
Афсуз хато фикр мекни. Тахсири. Он шабакахост. Афсус.

Афсус

Ман нафахмидам магар Рудаки Хофиз Саади Сино Руми Камол Низоми ва дигар хо гумрох буданд ки Шиа буданд????Ibrohim,

Шиа асл яхуд дар никоби ислом аст. Яхуд ки наметавонад ошкор бо мусалмон мубориза барад дар никоби ислом аз дохил мубориза мебарад. Саркарда ва созандаи ин равияи ботили шиа ибни сабаъи яхуди мебошад. Ин щиахо дущмани Аллох мебошанд

albata garb musalmonhoro jang meandozad lekin in raviya az islom duran va xatarnokand.

Бародар калам гирифта тахлил ё баёни назар мекуни бехтараш пурра аз шиа огох шав бад тахлил кун.
1. канали ахли байт сад дар сад кобили кабули техрон аст.
2. Изроил хечгох ба шиа ё эрон душман нест ин хама суханхо кино мебошанд.
3. Салафи гуфта тамоми Ахли суннатро дар назар доранд.

Магар техрон рафтаи? оё масчиде барой суннихо вучуд дорад?

чашм боз карда бад сухан гу бародар.

носир
х,атто занхои худо ба хотири табарук гуфта ба пирхояшон барои як шаб таслим мекунан. магар дар ислом чунин амалхо хаст?

агар таърихро мехонди мефахмиди кихо бештар духтару писаронашонро пешкаши амири бухоро ва хокимон мекарданд. агар рузномахои чумхурии даврони шуриавиро мехонди мефахмиди кихо бештар ба муносибатигайри инсони бо духтарон машгул мешуданд. аммо бо ту чи гуям ба кавли СИНО ...хар бош ки ин чамоат аз фарти хари,
хар ку на хар аст кофараш мехонанд...

haq
Бахудо касам. Кинае, ки байни. Якдигар дорем. Ин бородароне,ки. Нисбати. Шиахо кина доран. Ин акидаи. Вахобист(салафи) ин. Таъсири. Он шабакахои. Шайтонист. (Ахлу байт. Калима. Висол. ) онхо ба хотири. Нооромии. Талош доран

норинч
Саркарда ва созандаи ин равияи ботили шиа ибни сабаъи яхуди мебошад. Ин щиахо дущмани Аллох мебошанд

" офарин " бар "хиради" ту барин "мусалмон" Инхо ШИЪАИ .х . АЛИ анд ва Али яхуд набуд зеро писарамуи П.Мухаммад буд ва домодаш низ. писаронаш низ яхуд набуданд аммо онхоро бо рохи вахшиёна яке ро бо захр дигареро бо силох куштанд. пас киссахо бофтанд ва шуруъ шуд ин хама бадбинихо то чое ки то худат хам расид. авлоди Пайгамбаратро яхуд мегуи ва фардо дар он дунё аз у ШАФОАТ мехохи . ана инро ИМОН мегуянд огои МУСЛИМ.

ислом.70mail.ru
Салому дуруди Худо бар Мухаммад(с)ва ва ъолихи ва асхоби ва ахлул байт Бародарони азиз аслан Худованд дар ягон чо аз хизб сухан нагуфтааст дуввум ин ки дар дуне ду хизб хаст ки инхоянд 1 хизбу оллох 2 хизбу шайтон касе ки гавго байни бародарони мусалмон мебардорад он шахс дар хизби шайтон хаст хохиш мекунам ки хотима дихед бахсхои бекораро чи хеле ки мавлави мегуяд Эй сокии дахр биер чоми майам,Аз гавгои шиъаю сунни омад каям. Худованд мову шуморо хидоят кунад Омин

Пеш аз ҳама гуфтани ҳастам ки ин донишманди азиз дар охири баҳсаш натиҷагирӣ накардаанд ва чунин мақолае арзиши илмӣ надорад ва шумо низ ҳаққи пахши онро дар расонаатон надоштед агар дақиқтар нигоҳ кунем. Вале аз онҷо қавонин дар ҳеҷ ҷои ҷаҳон риоят намешавад шумоҳам пахш намудед. Аммо ин бародари азиз бояд инро бидонанд ки ангӯштонашонро агар нигоҳ кунанд ҳамаашон яксон нестанд баъзе калон баъзе хӯрд ва нақши инсонҳоҳам дар ин ҷаҳон ҳамин аст. Баъзе дар фаҳмиш бо дигар фарқ доранд агар чи ду нафар дар як донишгоҳ мехонанд вале дарку фаҳмиши онҳо фарқ мекунад ва ин як амри мусаллам аст. Пас наметавон ҳамаро бо як чӯб зад. Аввал он ки ҳукумати Тоҷикистон бояд пеши роҳи ришва ва фасоди коркунонро бигирад то инчунин масъалаҳо рух надиҳад. Ҳаминҳое ки мераванд ба хориҷа аз куҷо иҷозатнома мегирнад баъд мераванд? Магар аз ҳукумати Тоҷикистон ё мақомоти дахлнок намегиранд? Пас дар аввалин марҳила бодя қавонин дуруст иҷро шавад. Дар марҳилаи баъд бо гирифтани имтиҳон ва интихоби афроди шоиста кадрҳо аз тарафи давлат расман фииристода шаванд то ба чунин мушкилот рӯбарӯ нашаванд. Дар марҳилаи сеюм бояд ҳадафи кишвар аз фиристодани ин афрод муайян шавад ки барои чӣ мераванд ва дар оянда ки хонданду баргаштанд чӣ корро бояд барои кишвар анҷом диҳанд. Агар ин корҳо карда шавад яқин дошта бошед ҳеҷ мушкиле барои кишвар пеш намеояд. Аммо кишварҳоро дар таъсири ҳар фарҳанг дахлнок намудан ин як амри табии аст ва ҳар кишваре нуфуз дошта бошад ҳатман кори худро мекунад. Беҳтар аст ин донишмнди мӯҳтарам каме дар бораи нуфузи фарҳанги ғарбӣ дар Тоҷикистон ва хатароти он барои насли оянда ва духтар ва писари худаш ҳам сӯҳбат мекард ва ё ягон мақола менавишт ки солҳои начанд пас насли ҷавони тоҷикро лухт дар қади кӯча мушоҳида мекунад! Бар Худо паноҳ мебарем аз чунин рӯзе.

Авалан салом арзмекунам ба хоандагони гироми, баъдан мехостам фикри худро ва тачрибаву илми худро ироа намоям, банда аз тарихи гузашта тохама вокеъахои имруз назаркардам билохира ба хулосае омадам, ки иттифоку чамъи байни сунниву шиъа хеч имкон надорад, балки аз ин мо Суннихо фандхурдему шиъахо тонистанд якадаре муваффк шуданд барои интишор кардани мазхаби хурофотйи худ, бинобарин ман хатари Гиъаро хисмекунам дар Точикистони азиз. ин фикри банда, ва сипосгузорам аз кормандони сомона!

салом

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)