Таъсиси “Телевизиони мардумӣ” аз сӯи созмони Иззат Амон дар Маскав (ВИДЕО)

Як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик дар Русия шабакаеро бо номи “Телевизиони мардумии Тоҷикистон” созмон дода, дар ҳоли ба анҷом расондани корҳои техникии онанд. Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав, гуфт, ин телевизиони фарҳангӣ ва омӯзишӣ буда, дар бораи ҳаёти муҳоҷирон низ гузориш хоҳад дод.
Мусоҳиби мо афзуд, феълан бо сармояи худ чанд дастгоҳи наворбардорӣ харида, машғули омода кардани студияҳои телевизион ҳастанд ва нахустин барномаҳои санҷишии он дар Ютуб низ ҷо дода шудааст. “Ҷавонон мехоҳанд, Телевизиони мардумии Тоҷикистон як шабакаи воқеан мардумӣ бошад. На мисли телевизионҳои Тоҷикистон, ки танҳо ва танҳо аз таърифу тавсифи як нафар ва ё хонаводаи як нафар иборат аст”,-таъкид кард Иззат Амон.
Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯяд, ба далели ин ки шабакаи нав моли созмони ҷавонон аст, масоили марбут ба ҷавонон низ матраҳ хоҳад шуд. Дар тӯли як соли охир ин дувумин телевизиони тоҷикист, ки дар Русия фаъол мешавад.
Моҳи августи соли гузашта нахустин телевизиони тоҷикӣ дар Русия бо номи “Сафо” ба пахши барномаҳояш шурӯъ карда, то анҷоми интихоботи президентии Тоҷикистон дар моҳи ноябр фаъол буд. Ҳоло ин телевизион барнома пахш намекунад.Яке аз нахустин барномаҳои санҷишии Телевизиони мардумии Тоҷикистон:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |