Бахшҳо

Сафири Қирғизистон ба Душанбе меояд. Аммо рӯшан нест: мемонад ё намемонад

Урмат Саралаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, ки дар пайи тирпаронии рӯзи 11 январ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз ба Бишкек фаро хонда шуда буд, қарор аст, 3 март ба Душанбе биёяд.

Вале то ҳоло маълум нест, Саралаев ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон хоҳад монд ва ё дар танҳо дар музокироти навбатии Душанбею Бишкек иштирок карда, дубора ба ватанаш бармегардад. Чаро ки мақомоти Қирғизистон ҳангоми фаро хондани Саралаев гуфта буданд, то анҷоми таҳқиқи тирпаронии 11 январ Урмат Саралаев ба Тоҷикистон барнахоҳад гашт.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 3 март дар Душанбе гуфтушуниди навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли низои марзӣ ва мушаххас кардани хатти сарҳад баргузор хоҳад шуд. Ба қавли онҳо, дар ин ҷаласа Тоқон Мамитов, муовини нахуствазири Қирғизистон, ки ҳайати кишвараш дар музокирот бо Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, низ иштирок хоҳад кард.

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Вале ҷониби Қирғизистон низ дар ин масъала кӯтоҳ наомада, ангушти иттиҳомашро болои марзбонҳои тоҷик дароз кард ва бо ирсоли се нота аз Вазоарти умури хориҷӣ хост, то ин қазияро шарҳ диҳад. Бишкек иддао дорад, ки тирпаронӣ аз сӯи марзбонҳои тоҷик оғоз шудааст ва ба ин далел марзашро яктарафа баста, сафирашро низ барои “машварат” боз хондааст.
Мӯҳр
Сафир
И Сафир ай Точикистонай. Акаи Пенч,и Анаев мешава

Надеюсь что решим этот проблему

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)