Бахшҳо

Оқохони 4 аз Ғарб хост, ба баҳси ду шохаи дини Ислом хотима диҳад

Шоҳ Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон, рӯзи 27 феврал ҳангоми суханронияш дар парлумони Канада аз баҳси миёни аҳли ташшаюъ ва суннимазҳабон изҳори ташвиш карда, аз кишварҳои ғарбӣ хост, то аз идомаи он ҷилавгирӣ кунанд.

Оқохони 4 афзуд, даргирӣ миёни пайравони ду шохаи дини мубини Ислом дар ин авохир авҷ гирифта, бо дахолати нерӯҳои берунӣ он печидатар мешавад. “Вазъият дар Покистон, Малайзия, Ироқ, Сурия, Лубнон, Баҳрайн, Яман, Сомалӣ ва Афғонистон фоҷиаовар мешавад”,-огоҳӣ додааст пешвои исмоилиҳои ҷаҳон.

“Барои хотима бахшидани даргириҳо дар ин кишварҳо, Ғарб бояд ба ҳарду ҷониб - сунниҳо ва шиаҳо гӯш бидиҳад. Зеро ин барои Ғарб муҳимтар аст. Агар ин воқеиятро сарфи назар кунем, пас, бояд муноқишаи чандсад сол қабли протестантҳо ва католикҳои Ирландияро низ нодида гирем. Ё ин ки чӣ гуна ҷанги шаҳрвандии Ирландияро бидуни ширкати католикҳову протестантҳо бояд ҳал кард”,-афзудааст ӯ.

Дар ишора ба буҳрони мазкур Оқохони 4 гуфтааст, чӣ мешуд, агар задухӯрди протестантҳо ва католикҳои Ирландия дар тамоми ҷаҳон миёни насрониён паҳн мегардид, ҳамон тавре ки даргирии сунниҳову шиаҳо дар 9 давлат идома дорад.
Мӯҳр
Бадбахтии мо [ам хамин бахсхои мазхаби аст. Тj а сари кудрат омадани муфтии имруза дар Точикистон бахсхои шиаву сeнни умуман вучуд надоштанд. Ин муллои хукумати бо бахонаи бастани масяиди Турачонзодахо бахси шиаву сунниро аз нав зинда карданд. Ман худ суннимазхабам, оилаам аз Бадахшон аст ва у шиамазхаб. Миёни мо хеч гох бахсе нашудааст, ки мазхаби кадоме аз мо алавият дорад. Харду мусулмонем ва фарзандонамон низ мусулмонанд. Лаънат ба хар нафаре ки миёни мазхабхои сунниву шиа ихтилоф меандозад. Огохони 4 сад дар сад хак аст.

Сангимат
Окилонатрин суханхо вокеъан гарбихо роихи аз хама хуби чангандозиро байни мусулмонхо ёфта ин картаи каммасрафро бар зидди чахони ислом ва пешравии он хуб истифода намуда истодаанд!

Салом
уво акл доранд ранги мо мусалмоно беаклу чохил нестанд

72 мазхабанд бо хам зид, ай бехабарон марому максади хама як.

миллате,ки дар зиндагии вокеъи миллату мазхаби худро дар тавозун намегирад,хеч гох пеш намеравад.Мардуме,ки пеш аз мусалмону насоро буданаш миллати худро надонад,гумрох аст.Бародарон,мо агар пеш аз мусалмон будан точик набошем, вой бар холи мо.мисли бародарони афгони мусалмони худ бозичаи дигарон хохем буд.Шукр худойро,ки соли сипари бародарони мусалмони мо ин иштибохи таърихии худро пай бурда,аз тазкирахояшон мансубияти миллиро бардоштанд ва имруз хама миллати афгонанд.Мо чи?! Хануз чанг ба домани мазхаб мепошем.ин нишонаи акибравии сол ба соли тафаккур ва худшиносиву худогохи ва ватану ватандории мост.Тавфики имон ба хама!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)