Бахшҳо

Шоҳбулут дорем, дигар чӣ ғам дорем?! (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ин шабу рӯз дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ба шинондани шоҳбулутҳо машғуланд, ки ба қимати 22 миллион сомонӣ аз Белгия оварда шудааст. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, шоҳбулутҳо ба иқлими кишвар мувофиқанд ва дар ҳоли ҳозир 3 ҳазор бехи он харидорӣ гардидааст.

ЧИНОРҲО ПИР ШУДААНД?

Шояд ҳукумати Душанбе талош дорад, то пойтахтро ба унвони шаҳри зебо оро бидаҳад ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Вале иддае ин амалро ғайримантиқӣ мешуморанд. Мутаассифона, Душанберо ба ҷуз ном, дигар чизе ҳамчун пойтахти кишвар муаррифӣ карда наметавонад. Албатта, масъулин дар навбати худ далел меоранд, ки харидории шоҳбулутҳо амали мантиқӣ ва ҳатмист. Чун, ба гуфтаи онҳо, чинорҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанбе пир шудаанд. Шояд барои ҳукумати кишвар ва Душанбе иваз кардани чинорҳо бо шоҳбулутҳо ҳатмӣ буд. Аммо ин барои шаҳрвандон чандон аҳамияте надорад.

Сарфи 22 миллион сомонӣ (муодили 4.5 милион доллар) аз буҷаи кишвар барои оро доданро наметавон мантиқӣ гуфт, дар ҳоле ки мушкилоти дигар ҷой доранд. Фарз кардем, масъалаи бо об таъмин кардани сокинони Душанбе. Пӯшида нест, ки то ба ҳол дар Душанбе маҳаллаҳое ҳастанд, ки мутобиқи реҷа бо об таъмин мешаванд. Биноҳои баландошёнае ҳам ҳастанд, ки об танҳо то ошёнаи яку ду меояду бас.



1 ШОҲБУЛУТ - 1505 ДОЛЛАР?

Ҳайрон нашавед, ин ниҳолро дар Қатар ё Аморот не, дар Душанбе -- пойтахти давлате, ки сокинонаш аз ҳисоби пули муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, бо чунин нархи гарон харидаанд. Бале, дар кишваре, ки нисфи мардумаш дар зери хатти фақр ба сар мебаранд, як бех шоҳбулутро ба нархи 7 333 (ҳафт ҳазору сесаду сию се!), яъне баробар бо маоши 36-37 нафақахӯр, овардаанд.

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, 22 миллион сомонӣ пули шоҳбулутҳо барои таъмиру барқарорсозии системаи гармидиҳӣ кофӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, чӣ гуна мақомот метавонанд ба 22 миллион сомонӣ ниҳол харидорӣ намоянд, дар сурате ки манзили сокинон сард аст?

“Бубинед, баъзе аз кӯчаву паскӯчаҳо комилан низ хароб аст. Беҳтар мебуд, ба ҷойи ин ниҳолҳо роҳро таъмир мекарданд. Агар 4,5 миллион доллар барои таъмин кардани сокинони Душанбе бо гармӣ кифоя набошад, пас, корро ба марҳилаҳо ҷудо кунанд. Бигзор, дар марҳилаи аввал таъмир бошад. Баъд бо пули дигар корҳои барқарорсозиро идома диҳанд”,-афзуд ӯ.

ДАРАХТ АЗ ШОҲИГАРӢ?

Баръакс, мегӯяд Зулфиқори Исмоилиён, масъулин талош мекарданд, то кишварҳои хориҷ аз Тоҷикистон ниҳол бигиранд. Ба гуфтаи ӯ, масъулин чинорҳоро дар ҳоле комилан аз хиёбонҳои Душанбе мегиранд, ки дар Лондон барои ҳар як дарахти чинор “шиноснома” тартиб додаанд. Дар тақвияти ин суханҳо, профессор, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, гуфт, дар асл дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи бештар ба чинорҳо аст. Профессори тоҷик мегӯяд, мақомот бо харҷи зиёд шоҳбулут меорад, дар сурате ки сад дарсад рушд кардани он дақиқ нашудааст.

“ИҚТИСОДИ СИЁҲ”?

“Иқтисоди сиёҳ” ва ё “пулшӯйӣ” чун дигар масоили марбут ба фасод дар Тоҷикистон масъалаи мубрам аст. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, одатан пулҳои буҷаи давлатро бо ҳар роҳ аз “худ” мекунанд: “Албатта, ҳоло мо гуфта наметавонем, ки шоҳбулутҳо ҳам як роҳи пулшӯйӣ ҳаст. Инро исбот кардан душвор аст. Вале таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вақте масъулин аз хориҷ маҳсулот ворид мекунанд, ҳатман он амалиёт банди “пулшӯйӣ” дорад”.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров ҳам ҳолатҳои сӯистифода аз маблағи буҷаро таъйид карда, вале гуфт, дар масъалаи харидории ниҳолҳо чизеро гуфтан мушкил аст.

ХУДНАМОӢ?

Тасаввур кунед. Як шаҳрванди камбизоат зиндагиашро бо мушкилӣ пеш мебарад. Маблағи муаяйне пайдо мекунад ва бо ин маблағ мушкили зисташро бартараф накарда, якбора онро барои ороиши худ масраф месозад. Ин мантиқӣ ҳаст? Оё амали масъулини кишвар ҳам ба ин худнамоӣ монанд нест?

Яъне бигузор роҳҳои Душанбе хароб бошад, бигузор паскӯчаҳо таъмир нашаванд, бигузор дар асри 21 ба баъзе биноҳои баландошёнка 24 соат об набарояд, бигузор хонаҳо сард бошанд, бигузор мо гази табиӣ надошта бошем, бигузор... Мо, ки шоҳбулут дорем! Барои мо овардани ниҳолҳо аз шоҳигариҳо муҳимтар аз ин зиндагии роҳаттар аст!
Мӯҳр
ееее
Света харакат кунан

Света харакат кунан

Tojik
Sharmandagist bovar kuned. Ba fikri man in kadar harj karda dushanbero oroish dodaistodaand ki mardum fikr kunad ki tarakivu hushrugi shudaistodaast.

Ajg
Дар чои хами шохблут намешид шафтола себ муруд анор тарбуз савча хурмо шинонан то камбагало дар вакти гшнаги чинда бхран хонада свет газ об нест дар чи хурок тайер кнан э воеее кай и чиновнико фикри мухочирора мекарда бошан пули шохблутора бо ай мардм чам накарда бошан

хонанда
Хумайрои азиз. Наход фахмтдани сабаби аслии ин кор душвор бошад. Аз ин 22 миллионе, ки ба номи "ШОХБУЛУТ" зада мешавад, хатман аз нисф зиёдаш хакки "ШОХБУРУТ" аст. Дар таъмири роху додани оби гарм ин кадар "левый" зада намешавад...

Ачоиб неке хами дарахто свет метиян чи ихе киматан е тиллою нефть мероран

заростини в.
Дар Душанбе богчахои томактаби, мактабхои миена ками мекунанд!
Аввал проблемахои ичтимоии шахрро хак кардан даркор!

Шохмансур
Рости гап ин мардуми моро фахмида намешавад як дам гап мезананд,ки барои чи ба чои чанорхо дигар дарахт намешинонанд дар фалон мамлакатхо мерави дарахтони мевадиханда нишондода шудааст дар мо бошад чанор,ки ба саломатии одамон зарар дорад. Холо бошад шахрдори ин дарахтонро бо як машаккати зиёд оварда шинонда истодааст мекуянд,ки бо ин 22-миллион сум мардумро гарм карда мешуд, биёед сабр кунем. Ман хам мисли хамаи мардум дар давраи бебарки танкиси мекашам, лекин мушкилихо паси сар мешаванд.Шархдори Душанбе ШОХБУЛУТ яъне "каштан" овардааст бинед чи чадар кучахо зебо ва хушбуй мешавад ба хамаи онхое,ки зидди ин икдом мебошанд бовари дорам маъкул мешавад.Худо хамаи онхо сарсабз шаванд пур аз гул мешаванд ачоиб дарахт аст каштан.Качнависихои бархе аз одамонро мефахмам,хохиш мекунанм,ки ана хамин одамон баромада дар шинондани дарахтон кумак расонанд бисёр савоб мешавад,шинондани дарахт хам чун ватандори яке аз гушахои имондорист,агар ба гуфтахоям ба касе сахт расида бошам узр мепурсам...Иди занхои зебо ва бахори шохбулутхо муборак бошад.........

ЧОЙХОНА...
ХАЙКАЛ...
БАЙРАК...
ФАНТАН...
ШОХ БУЛУТ...
ЧАМШУД...
РАВШАН...

Офарин! касе, ки шукр намекунад аз Точикистон равад!!!

Ахад
Хамон пулро кобед нисфашро шояд хурда бошанд!

Ана , анакун навбати Хумайро шуд. Пагох суд карор мебарорад, ки аз шахрдор Убайдулоев узр пурсад , барои ШОХ,БУЛУТХ,О.

haqi
мухтарам муаррифи маколаи мазкур оё Шу
мо худатон чи хостанатонро медонед ё не. Охир ободии шахр ба Шумо чи зарар овардааст.

Содик
миллатеро ки журналисташ зебоиро чашми дидан надорад вой бар холи ин миллат.пас бунёди масчидхои зебову замонави хам гайримантикист?

ин шохбулутхо тило мезоянд ба фикрам монанди камерахои 22 милен долара

sangam
Респект ба бонуи гиромӣ, Хумайроҷони аз дилу ҷон азиз, ки аз бисёрии ба ном сиёсатмадорон дида ақлу фаросати баланд дорад ва пешравии вокеии чомеаро ҳамчун як фарди ватандуст дидан мехоҳад. Вакти он расидааст, ки мо тоҷикон корҳои зоҳирпарастӣ, фанду фиреб ва худнамоиро аз мафкураи худ дур андохта дар паи ободонии халқу ватанамон шавем ва дар таксими маблағи мардуми бечораи тоҷик сарфакору самараноку мақсаднок андеша намоем. Табиати нотакрор ва дарахтону арчагони диёри худамон беҳтарин аст. Агар масоили иҷтимоии халқ ҳал нашавад ин шоҳбулутҳо дар пеши чашми шаҳрвандон ҳеҷ арзише надошта дар оянда шоҳбурутҳое пайдо мешаванд, ки бо табари тези худ ин дарахтонро шабона бурида дар бухориҳои бобогӣ ба коми оташ мекашанд ва барои ҳамин ҳам проблемаҳои ҷойдоштаро ки дар боло муаллиф номбар кард мавриди барасӣ қарор додан ба манфиати ватанамон мешавад.

Дар давлати мо ба чои пешрави худнамои бисер дарк карда мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)