Бахшҳо
03 мар 2014 12:39Тоҷикистон / Сиёсат

Зоиров мегӯяд, мардон ба хонаи ӯ "ҳамла" кардаанд, на дафтари ҲСДТ

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бо пахши баёнияе ҷузъиёти “ҳамла”-и гурӯҳе аз мардон ба манзилашро шарҳ додааст. Ин ҳамлаи севум дар як моҳи охир аст, ки ба дафтари ҳизб ва хонаи Зоиров сурат мегирад.

Раиси ҲСДТ гуфтааст, инчунин, ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт ариза навишта, таҳқиқи ин ҳодисаро талаб намудааст. “Ин аризаи чоруми ман аст, ки ба мақомоти Вазорати умури дохилӣ месупорам. Аммо то имрӯз ба ягон аризаи худ посух ё қарори дахлдор нагирифтаам”,-афзудааст ӯ.

Ба нақли Зоиров, ҳамлаи мардон ба хонаи ӯ (ин манзил то соли 2010 ба ҳайси дафтари ҲСДТ сабтином шуда будааст) дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки онҳо ягон ҷаласаи сиёсӣ надошта, балки ба истиқболи баҳор ва 120-солагии Акашариф Ҷӯраев сари дастурхон ҷамъ омада буданд. “Дар ҳамин вақт бо фишору таҳдид қариб даҳ “мард”-и супоришгирифта ба манзили истиқоматӣ ворид гашта, Идро ба ҷангу моҷаро табдил доданд”,-мегӯяд Зоиров.

Раҳматилло Зоиров дар идома гуфтааст, ҳатто ҳамлаварон ба куҷо омадану аз кӣ норозӣ будани худро намедонистанд: “Охирин гуруҳи “мардон” вақте ба манзил ворид гаштанд, маълум буд, ному насаби одами лозимиро фаромӯш кардаанд ва саволи аввалашон «кӣ инҷо сардор мебошад?» буд. Вақте худро муаррифӣ карда «чӣ хидмат?» гуфтам, савол шуд, ки “Зоиров Шумо-мӣ?” Албатта, дар ин ҳолат гуфтушунид натиҷа надод ва яке аз роҳбарони ин гуруҳ, варақеро аз ҷайбаш бароварда гуфт, “Зоиров ҷангхоҳ, балоҳои Украинро ба сари Тоҷикистон бор карданист”. Супоришӣ будани ин гуруҳ, бардуруғ ва супориши будани даъвои онҳо ҳоҷати эзоҳ надорад. Аз ҷумла, онҳо худро муаррифӣ карда таъкид карданд, ки як қисмашон аз бозори «Корвон»ва як қисми дигар аз бозори «Султони Кабир» меошанд.”

Даъвогарон гуфтаанд, ки дар бораи ин нишасти Раҳматилло Зоиров “аз интернет фаҳмидаанд”. Дар ҳоле ки ба қавли Зоиров, “ин пурра дурӯғ аст, чунки мо дар ягон ҷой дар бораи гирд омаданамон маълумот надода будем.”

Ҳафтаи гузашта як гуруҳ аз занону мардон ба адфтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Кӯлоб низ ҳамла оварда, хсотанд, то монеи сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолон бишаванд.
Мӯҳр
Зоиров
Зоиров! Биё аз хамин Точикистон баромада рав, чунки найрангхои шуморо хама фахмидааст.Рафта дар Узбекистон найрангхоятро истифода бар инчо Точикистон. Монед хамин халк тинч гардад.

Сами:Самарканд
Дар Радиои озоди гуфта буди ,ки ба дафтари кориам хучум карда буданд! Имруз ба хонаам е ин ки аз конуни Танзим тарсиди? Бо ин дуругхоят обруят ро нарезон !!!

Магар омадани бахорро ХСДт ин кадар пайзмон буданд? МАгар Акашариф Чураев аъзои ХСДТ буд-ми? Зоиров хами хел гап зада истодаанд, ки масти лоякил бошад. Махмурод Одинаев чи кор мекард, набошад дар он хона???

ЧАСУР
БА ФИКРАМ Ё ЗОИР БЕМОРИИ ТАБОБАТ НАШАВАНДА ДОРАД Ё БАЬЗЕ РУЗНОМАНИГОНИ ЧАЛАСАВОД... БОВАР КУНЕД АЗ ХОНДАНИ ЧУНИН МАКОЛАХО БА ХОЛИ ШУМО РАХМИ КАС МЕОЯД... ДИРУЗ ДАР ХАМИН МАВЗУЬ ДАР РАДИОИ ОЗОДИ ЯК ХАБАР ХОНДА БУДАМ КИ Р.З. ДАР ОНЧО МЕГУФТ КИ МО ЗОДРУЗИ МАХМУРОД ДИНАЕВРО ЧАШН МЕГИРИФТЕМ. ДАР ИНЧО БОШАД, МЕГУЯД, КИ 120 СОЛАГИИ АКАШАРИФ ЧУРАЕВ ВА ОМАД-ОМАДИ ФАСЛИ БАХОРРО ЧАШН МЕРИФТЕМ. БА ДУРУГГУИ КИ БОВАР КУНАД(ХАБАРНИГОР Ё Р.З.) ИН МАРДУМИ БЕЧОРА? ШАСХИ СУХАНБОФУ ДУРУГГУЙ БУДАНАТРО ИН БОРИ 10-УМ АСТ КИ ИСБОТ МЕКНИ Р.З. БОВАР КУНЕД АЗ ХАМИ ТАЛА-ПАЛА-МАЛА-КАЛАИ ХАМИН РАХМАТУЛО БЕЗОР ШУДЕМ ДИГАР ЯГОН КОР НАДОРЕД ХАБАРНИГОРОНИ АЗИЗ. ИН ШАХС БОВАР КУНЕД ЯГОН МАЙДА ДАР ФИКРИ ОБОДИ ВА ПЕШРАВИИ МАМЛАКАТ НЕСТ... ОЗОД БОШИ ЧОП МЕКУНИ!

Салим
Озодагон, мардумро дар хичолат мемонед, аксхо аз дафтари Зоиров хастанду ку .як бор зехн монед...

Рустам
Рахматило битая карта. Сарата гиру ягончо чонта кач ку, набоша ягон балора гардон мекунй. Хулоса хамин ки барои чомеаи точик нолозим шудайи. Аъзо ки надори хаминхелит менан.

Акои Рахматулло чи ика хута азоб медихи. Рав ягончо дам гир охи. Хамин хизбу сиёсату сару-садохо чидаркор.

Яъкуб.
Ин хизбхо даркоранд чихел даркор нест.Ягон вакт бояд озурдаву монда нашавед чаноби Зоиров бахри озодиву ободи то охир бояд мубориза баред.Н.Манделаро 27 сол зиндони карданду пас аз зиндон мубориза бурду муваффак шуд ва индавлат имруз яке аз давлатхои пешрафта хаст....

Шох варзоб
Рахматулло сулхи точикхоро вайрон накун.пеши Ислом-ака рафта вазифа талаб кунед, довари дорем, дасгири мекунанд.

Сиёма
Ба мисли Манделла дар Точикистонхам хаст. Ба монанди Зоиров, Кабири, Ойнихол, Шухрат, Зайд ва дигарон. Ба хама ин беадолатихо то охир бояд мубориза бурд.

сорбон
рахматулло зойиров фарзанди фарзонаий миллати точик аст ин шумо косалесони хукумат ва гами миллат барой шумо хеч аст азонки худатон хечед хонашерони майдонгариб шумобарин нотавонони хастанд ки имруз ба лабатон мухри хамуши зада гулом гаштаед ва точик равшану чамшуд шудааст намедонам мумкин точики асил хам набошед имруз точики асил дилаш ба миллат месузад ва аз пайи бехбуди зиндаги ва ояндайи точикистон аст.

Мухтарам Зоиров Ин кудратмандии шууморо нишон медихад. Диданд ки аз дасти занакхояшон коре наомад хозир мардакхо кати ба юучум гузаштанд Онхоро хато мардак гуфтан хам раво нест Шумо бояд муборизаро давом дихед.

ба фикрам хамон 10 нафар лаганбардорон аз хамин камент нависхо рафтан

Шахрванд
Агар ин нафарони беномусу бесавод ба дафтари ХХДТ-и хамла меоварданд,холо онхоро ба 26 соли ба зиндон равон мекарданд.

Салом вахадат
Рахматулло ва тарафдоронаш чосусони хоричиянд. Аз Худо шарм кунед.?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)