Бахшҳо
04 мар 2014 16:45Хабарҳои ҷаҳон

Путин: "Агар Януковичро қабул намекардем, ӯро мекуштанд"

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар нишасти хабарияш, ки баъд аз зӯҳри 4 март доир шуд, гуфт, агар онҳо Виктор Януковичро намепазируфтанд, эҳтимол ӯ дар Украина кушта мешуд. Путин ба ин тартиб аз раисиҷумҳури фирории Украина тарафдорӣ карда, амалкарди мухолифони ӯро ғайриқонунӣ донист.

Раисиҷумҳури Русия гуфт, "он чӣ ки мо бо Янукович кардем, аз нигоҳи башардӯстӣ буд. Фикр мекунам, ӯро дар Украина мекуштанд.” Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украина, ки дар куҷо буданаш номаълум буд, рӯзи 28 феврал дар Ростови лаби Дони Русия пайдо шуда, нишасти хабарӣ доир кард. Дар лаҳзаҳои аввали гуфтугӯ бо хабарнигорон Янукович вазъи кунунии Украинаро шармандагӣ дониста ва аз тамоми сокинони кишвараш барои он ки натавонист оромиро ҳифз кунад, маъзаратхоҳӣ намуд.

Янукович хабарҳоро дар бораи он ки гӯиё аз Украина фирор кардааст, рад намуд. Ӯ гуфт, ҳаргиз аз Украина фирор накардааст, балки хатари нобудшавӣ ӯро дуртар аз кишвараш нигоҳ медорад, ки дар сурати шароит фароҳам омадан ва додани кафолат боз ба онҷо бархоҳад гашт.

Владимир Путин дар идомаи нишасти хабарияш ба масъалаи таҳрими Ғарб низ дахл карда, гуфт, пеш аз он ки чунин таҳрим алайҳи Маскав эъмол бишавад, бояд муаллифонаш як бори дигар фикр кунанд. Чун, ба қавли ӯ, ҳар таҳрими зидди Русия ба зарари кишварҳои ғарбӣ низ хоҳад буд.

Вай, инчунин, гуфт, бо бархе аз мақомоти кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи Украина гуфтугӯ дорад. “Баъзеи онҳо мегӯянд, амали Русия дар қиболи ҳодисаҳои Украина дуруст нест. Ман ба онҳо мегӯям, ки оё амалкарди онҳо дуруст аст? Магар ҳамлаи Амрико ба Афғонистону Ироқ дуруст буд?”,-афзуд ӯ. Ба ин тартиб, Владимир Путин Ғарбро ба пуштибонӣ аз раҳбарони табаддулоти давлатӣ дар Украина муттаҳам кард.
Мӯҳр
Holi diktator hamin ast...Qazzofi..Saddom Husayn..Bashor Asad..Askar Akaev kasone budand ki ba rus umed basta mardumi khudro nodida megiriftand

Мухандис
В.Путин диктаторонро дастгири мекунад ,аз он чумла диктаторони ОМ-ро ва
бо ин рафтораш хатои махз мекунад.Бояд мардумони давлатхои пасошуравиро дастгири кард ,дар он холат ин ходисахо руй намедиханд.

горати халку давлаташона накунанд ва доим адолатчую дар рохи хак бошанд,хеч кас онхоро намекушад. Вакте мардумро ба кашшоки оварда мерасонанд ва газаби мардумро меоранд ва мардум,ки дигар ба онхо бовар намекунанд ва молу мулки дуздидаашонро ба чархбол ё тайёра бор карда ба монанди рубох рохи гурезро мегиранд. Окибати хамаи президентхои горатгар хамин аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)