Бахшҳо

Сӯҳроб Шарифов: “Бояд ҳамапурсӣ шуда, сохтори давлатдорӣ иваз гардад”

Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Сӯҳроб Шарифов -- вакили Маҷлиси Намояндагон дар бораи ҳаводиси Украина, мавқеъгирии Русия ва муносибати Маскав бо Душанбе.


Озодагон: Ин шабу рӯз кишварҳои ғарбӣ ба шиддат аз амалкарди Русия дар ҳодисаҳои Украина, бахусус, Қрим нигаронӣ доранд. Ҳатто Амрико аз эҳтимоли ироаи таҳримҳо зидди Маскав мегӯяд. Шумо ҳам дар пайиин ҳаводис дар саҳифаи Фейсбуки худ Владимир Путинро сиёсатмадори заиф номидед...

Шарифов: “Бале. Русия аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Қримро ҳамчун диёри худ дар назар дошт. Баъзе аз сиёсатмадоронаш, барои мисол, Юрий Лужков -- собиқ раиси шаҳри Маскав низ чанд бор гуфта буд, “Қрим аз мост ва мо онро дер ё зуд хоҳем гирифт.” Аслан Русия дар қиболи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеч дурнамое надошт. Инро ҳама медонистанд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил миллатгароён, скинхедҳо ва шовинистони худро дастгирӣ мекард. Бо сари қудрат омадани Владимир Путин пуштибонӣ аз онҳо боз ҳам қавитар гардид. Путин худ миллатгароёнро пуштибонӣ мекунад, аммо вақте миллатгароҳои Украина садо бароварданд, тамом, барояш фоҷиа буд. Путин “Наполеони хурд” аст. Барои ҳамин, вақте ҳаводиси Украина рух дод, Русия якбора иродаашро аз даст дод. Вале ин барои давлатҳои Ғарб сенарияи ошно буд. Русия ноогоҳона ба коре рафт, ки акнун роҳи бозгашт нест. Тавре мегӯянд, “дар қапқон панири хушкшуда ҳаст ва он аз гулӯ намегузарад”. Ҳамакнун тамоми давлатҳои ҷаҳонӣ бар зидди Русия баромад мекунанд. Ҳарчанд Русия мегӯяд, ки барои мавқеъгирӣ ва баҳогузории дигарон ҳеч парвое надорад, аммо ин тавр нест. Русия дар сиёсат дили пок надорад. Русия мисли дигар давлатҳои Ғарб сиёсати аҳмақона, дурӯяву серӯягӣ дорад. Қаблан бо вуҷуди ҳама қудраташ ба Ғарб сар “хам” мекард. Даъво мекард, ки моро қабул кунед, мо ҷузъе аз Осиё нестем, мо ҳам кишвари ғарбӣ. Аммо дар натиҷа исбот кард, ки аз Осиё берун нарафтаааст. Русия бо он амале, ки кард, дар сиёсат дигар бо Ғарб баробар намешавад. Тоҷикистон сиёсати Русияро дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон дар ёд дорад. Аз ин хотир, дар муносибат бо Русия мо набояд беэҳтиётӣ кунем.”

Озодагон: Агар Русия, ба гуфтаи Шумо, воқеан сиёсати зараровар дошта бошад, пас, фурсате нарасидааст, ки Тоҷикистон аз ин шарики стратегии худ даст бикашад?

Шарифов: “Дуруст аст, ки мо шарики стратегӣ ҳастем. Барои Русия шуда, мо худро барои дигар давлатҳои ҷаҳон зери хавфу зарбаи туфангу бомб гузоштаем. Бо ин ҳама меҳрубониҳое, ки мо дорем, Русия боз ҳам муносибати дуруст надорад. Русия ва раҳбари сиёсати ӯ шароитро чунон сохтаанд, ки муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ҳамоно номи “Ҷамшуд”-ро доранд. Ин ҳама хидмате, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои Русия мекунанд, ҳанӯз ҳам барои ҷонашон душман доранд. Сочиро муҳоҷирони осиёӣ сохтанд, аммо бар ивази заҳматашон миннатдорие нашуниданд. Ин нописандӣ аст. Русия як абарқудрати нописанд аст.”

Озодагон: Мегӯед, Тоҷикистон барои Русия худро зери хатар гузошт ва мисле, ки Маскав нисбат ба Душанбе нописандӣ дорад. Оё ин маънои онро надорад, ки дар сиёсат мо заъф дорем ва аз ин сабаб дар хостаҳои худ бо Русия муваффақ намешавем?

Шарифов: “Мо истифода карда натавонистем ва муваффақ нашудем. Ба назари ман, Русия дар маҷмуъ муносибати худро бо Тоҷикистон бояд аз сар бигирад. Арзишҳо дар муносибат бояд дигар шаванд.”

Озодагон: Ишора кардед, ки Русия сиёсати аҳмақона ва дурӯя дорад. Гуфта метавонед, ки Тоҷикистон дар сиёсат чанд “рӯ” дорад?

Шарифов: “Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки мо ба ислоҳот ниёз дорем. Мо бояд бар зидди он ҳама таҳдиду хатарҳое, ки ба мо аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мерос гузоштаанд, берун бароем. Ман бар ин назар ҳастам, ки Тоҷикистон дар системаи унитарӣ ва автономӣ бояд ислоҳот бигзаронад. Дар Тоҷикистон бигзор танҳо ноҳияву марказ вуҷуд дошта бошад. Мақоми ноҳияҳо бояд баланд бардошта шавад. Ҳамин гуна як системаи давлатӣ бояд бисозем. Ҳамаи он сохторе, ки мо дорем, ин мероси замони Шӯравист. Ҳамаи ин бо мақсади дур кардани минтақаҳо аз ҳам ва тақсим кардани Тоҷикистон сохта шудааст. Ба назари ман дар Тоҷикистон бояд як ҳамапурсӣ баргузор карду сохтори давлатдориро иваз намуд.”
Мӯҳр
Аввалан вилоятхоро аз байн бурд!!! Комилан дуруст аст, ки номгузории "вилоят" моро на ба тифоки балки ба чудогиандози оварда мерасонад!!!
Федератсияи Руссия назари худро нисбати Чумхурихои Осиёи миёна дигар нахохад кард!!! Ва нуктаи назари сиёсатмадорони моро низ ба муомилоти стротегии худ нахохад ба инобат гирифт!!!

Дороб
Мебахшед Сухроб Шарифов Точикистон дигар чи гуна давлат cозем?Точикистон давлати унитари-хаст тамом!Вилояти Бадахшони мухтор бошад ин моли таърихии мардуми кадимаи точики Бадахшорн аст!Онро замони шурави чигуна,ки барои точикони води чумхурии мухтор доданд,барои ин мардум низ ба таври дуруст мухторият доданд!Онро хамон вакт метавон бархам зад,агар ба шарте,ки Точикистонро бархам дод!Ин вилоят бо номи вилояти Помир аз cоли 1921 вучуд дошта,умраш аз Точикистон 3 сол калонтар аст!Ин вилоят вилоятест,ки ба шарофати у соли 24 ба Точикистон статуси чумхурии мухтор доданд зеро ташкили вилоят дар дохили вилоят номумкин буд!Ин омил бошад соли 29 боиси ташкили чумхурии иттифоки ва соли 91 боиси чумхури сохибихтиёр гаштани Точикистон гашт!Курнамаки хам хад доштагист?Мардуми точики бадахши садокатмантарин точиканд инро таърихи замони шурави исбот сохта!Соли 25 вактоки точикони сохили он тарафи Панчи Афгонистон(мав зеъзои исмоилнишин)бо ариза ба хукумати шурави барои ба Точикистон гузаронидани онхо мурочиат-намуда,ба мукобили паштунхо шуриш бардошта буданд точики Самарканду Бухоро худро узбак гузаронида барохат хоб буд!!!!!!!!!!Бадахшони афгони хеч гох бо Бадахшони точики хавмрох находад шуд,зеро Бадахшони афгони аз 850 хазор ахолияш 110 хазор узбак ,40-хазор исмолии помири ва 700 хазор точики сунимазхаб дорад!Наход хамин муаммои осонро надонед!ВАБК хамааш шуда 200 хазор ахоли дорад,аз ин микдор кариб б0 хазор точики дарвози ва ишкошими,15 хазор киргиз аст!Наход инро надонед!Чи лозим аст сухани бефаросатона!

123
Дуруст кайд кардед чаноби Шарифов. Ман шахсан хамин фикрро дастгири мекунам. Баробари дар сиёсати хоричии Точикистон. Хукукхоро бояд аз ду тараф баробар химоя кард. Ин кори Русия паёме аз оянда ба Точикистони азизамон.

Оё фикри ин “сиёсатмадор“ ба Путин ахмияте дорад? Депутате ки барои сабук кардани зиндагии халки худ як калима ба забон наовардаст хаки мухокимаи дигаронро надорад Чаро вакте дар парлумони точик конунхои зидимардумиро кабул мекунанд компанияхое ки хато соихибонашро намедонанд аз андоз сабукдуш рохро пулаки мекунанд андозро баланд мебардоианд ин намоянда мукобилият нишон намедиха Алббата Путин гуем фаришта аа Руссия чанат нест вале бо чи азобе ки бошад хато чони мо дар хатар аст вале ба хар хол моро хуронда истоданд ки ин коро на Рахмон карду на ин шарифов Як коро бояд фахмем багайр аз росмия мухочирони точикро ягон давлаати гарб кабул намекунад инро хама медонед Хумайро агар якбори дигар ин сиесатмадорро диди бигу ки ба ин хол мардуми точикро чунин чаласаводхо оварданд

Ин ЧАНОБ дер намепояд, дар ин ВАЗИФААШ. БО ИН ХАРФХОЯШ.

Озар
Офарин!умедхоро зинда гардонидед.кош дигар вакилон хам фикри мустакил медоштанд.

ахмад
ты бы молчал вахечиСадри Jalol,

Акмал
"Бо ин ҳама меҳрубониҳое, ки мо дорем, Русия боз ҳам муносибати дуруст надорад. Русия ва раҳбари сиёсати ӯ шароитро чунон сохтаанд, ки муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ ҳамоно номи “Ҷамшуд”-ро доранд. " , ачоиботи ачоибот, фикр намекардам, ки дар ин карне, ки мо зиндагони дорем чунин гуфтор роич бошад. Лутфан бигуед, ки(ибора аз устод Тохири Абдучаббор) бо ин ҳама меҳрубониҳое, ки мардум ба "шумо" доранд, чи подош гирифтанд? Магар ин мехрубонии номухрубонии шумову хамтабаконатон набуд, ки точик номи “Ҷамшуд”-ро гирифтааст? "“Ман қаблан ҳам гуфта будам, ки мо ба ислоҳот ниёз дорем"- шояд дар хобатон гуфта бошед?

ахмад
Чаноби Сухроб или как вас там, давлати Точикистон ба фикри шумо сиесати дурусти беруни дорад? Як бор матнхои чопкардаи Вики Ликс ро бихонед, мефахмед ки ба чанд дар худатонро мезанед, дигар ин ки Сочиро сохтанд, пул гирифта бучаи давлаташонро барои шумо барин сиесатмадорхо равон карданд,

Дуруст аст, ки вилоятхоро аз байн бубарем Чудоиандози худро афзалтар пиндоштан фармон фармоии бенафъ дугу пуписахом мансабчадорон аз номи раис супоришхои когазиву хисоботталабихои зиёд рози фаъолияти мустакилро бастааст Мо ин омилхоро боре сахех андешем ва дар раванди чахонишави гомхои устувор монем Миёни чор девор тахтабандемСадри Jalol,

Сафо.
БАЛЕ ОҒОИ ШАРИФОВ АГАР ИМРУЗ МО ҲАМАПУРСИРО НАГУЗАРОНЕМ ВА СОХТОРИ ДАВЛАТРО ДИГАР НАКУНЕМ ФАРДО ДЕР ХОҲАД ШУД ВА БО ИН СОХТОРИ ИМРУЗА ҲЕҶ ВАҲДАТИ МИЛЛИ ВА ЯКПОРЧАГИИ МИЛЛАТРО ҲЕҶ ГОҲ СОҲИБ НАХОҲЕМ ГАШТ.

Офарин устод Шарипов. Гумонам шумо гуфтани будед ки хеле чизхоро дар системаи давлатии мо бояд иваз кард, шахсан режими диктотуриро ки аз номи як нафар хама корро карда истодаанд. Хушхолам ки чомеъаи мо чунин бедорхоро дорад. Барои оянда умеде медихад.

Комрон
Дороб,
Бисёр шаф шаф наку, бисер беакли игвоандоз буданатро нишон доди. Бадахшон, Бадахшон ва исмоили исмоили хам накун. Дар россия помириои гуфтагит худшона Точик намехисобанд. гуё ки Точик будан барояшон нанг аст, так что саг барин ҳав-ҳав накун.

Taklifi xub va vogeabinona, inro xub dark kardan darkor az zaboni ki mebaroyad farge nest chi hukumati va chi mardumi. Dorob tu Camargandu Buxorogihoro tana mazan, avval bogeiyat va chiguna ba in hol aftidaand pajuhish namo yo pajuhishi olimonro bixon va bad xulosa baror barodar, onxo dar xob nabudand, hamun xoboludho omada bo yorii tojiki mahalli tojiku Tojikistonro soxtand, ki tu imruz iftixor dori.

salom
тамоман бемаъни ва бемантик аст ин интервью...
Шарипов депутат аст ва назари у назари расмии точикистон хисоб карда мешавад - вале суханони у на дару на дарвоза доранд!!!
баъдан чаро масъалаи вилоятхо бо чанги украина якчоя шудааст?
е хукумат сюрприз кардани??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Октябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)