Бахшҳо

ЧТ ба ҷои ҶТ? JUMKHURI тарҷумаи ҷумҳурӣ? VKD, яъне ВКД?

Рустам МАҶИДОВ

Ҳуҷҷати ронандагии биометриро, ки мақомоти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рӯзи 4 март муаррифӣ карданд, пур аз иштибоҳ дарёфтам.

Масъулон гуфтанд, ин ҳуҷҷат ба ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ – чоп шуда, дар чандин кишвари дунё, аз ҷумла Амрикову Аврупо ба кор меояд. Вале дар ҳуҷҷат аслан калимаҳои тоҷикиро ба хатти кириллӣ ва лотинӣ навиштаанду бас.

Бори аввал дидам, ки ҷумҳурӣ “ҷумхурӣ” шуда, ба англисӣ “JUMKHURI” тарҷума мегардидааст. Айнан, ҳамин тавр, ВКД-ро “VKD” навиштаанд. Магар дар Амрикову Аврупо хоҳанд фаҳмид, ки ин ҳуҷҷатро Вазорати умури дохилии Тоҷикистон додааст? Ё хуб мефаҳманд, ки “JUMKHURI” ҳамон республика аст?Дар ҳамин ҳуҷҷати ронандагӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шакли кӯтоҳи “ЧТ” навишта, варианти лотинии онро “CHT” гуфтаанд. Ба ин тартиб, шаҳри Душанбе ҳам “Sh.Dushanbe” навишта шудааст.

Дар сатри аз ҳама боло дар миёни калима ҳарфи “Ҳ-ро ҳам калон навиштаанд. Дизайнерон хостанд, мақоми ҳарфи тоҷикии “Ҳ”-ро болотар нишон диҳанд? Эврика! Инҳо дар ҳақиқат хостаанд ба ҳуҷҷатгузории давлатӣ “ягон майда” ҳарфи ғайрро ҳамроҳ накунанд, балки бештар аз ин – забонамонро дар ҷаҳон паҳн намоянд. Шояд ҳам, аз баҳсҳо сари бартарияти алифбои ниёгон ё кириллӣ безор шуданду ба алифбои лотинӣ гузаштаанд?!

Ҳама кӯшишҳое, ки давлатдорону Кумитаи забон ва истилоҳот барои покии забони тоҷикӣ мекунанд, ҳаргиз бор нахоҳад овард. То замоне ки низом кор намекунаду кормандони давлатӣ забони расмиро намедонанд, ин кишвар соҳибзабон нахоҳад буд.

Вақтҳои охир атрофи тарҷумаҳои аҷибу ғариби саросари дунё, аз он ҷумла Сочӣ, дар интернет зиёд мегӯянд. Аммо онҳо мисоли тарҷумаҳои сарикӯчагиянд. Тарҷумаи ҳуҷҷати расмии худи мо - тоҷикон чӣ?

Ҳуҷҷати ронандагӣ коғазе нест, ки дар қади кӯча чоп куниву агар хатое шуд, дубора фармоиш диҳӣ. Зоҳиран барои ин “права”-и биометрӣ пули калоне харҷ шудаву мардум ҳам бо пардохти 165 сомонӣ барои ин ҳуҷҷат ва 140 сомонӣ барои муоинаи техникӣ ин санадро дарёфт хоҳанд кард?

Чӣ фикр мекунед? Онҳое, ки то кунун чунин ҳуҷҷати ронандагиро гирифтаанд, дубора иваз хоҳанд кард? Оё мақомот барои ин хатои худ пӯзиш хоҳанд хост? Ё масъулони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳуҷҷати роннадагии биометриро аз рӯи “права”-ҳои Русия, ки ҳамин шаклро дорад, нусхабардорӣ кардаанд?
Мӯҳр
Чорикул
Ин мардум хамин кадар савод доранд бародар!

мурод
Хукумати бесавод! Рахмам меояд ба миллатам!

Дар ҳамин ҳуҷҷати ронандагӣ ШБИ ва РБДА ҳам варианти лотинии онро "SHBI" ва "RBDA" гуфтаанд.

Salom
ba fikri man injo bisyor khattoho hast baroi masalan sh.Dushanbe ba tojiki va zaboni Anglisi boyad c.Dushanbe shavad.
Dar ayni hol dar onjo gufta metavonem ki vay ba zaboni anglisi nest baroi prosta ba harfhoi anglisi navishta shudaast va duyum ki xato bisyor. Yak chizro pesh az tashkil kardan az shaxsoi zabonro xub medonistagi pursan yo inki tarjuma kunand bad tashkil mekardan xub meshud. Masalan bo in xatoho boyad vayo navashro kunand inham isrof ast.

Мунавварзод
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо!..

Шохиджахон
Ман мехоҳам хатоҳои онҳоро каме ҳам бошад ислоҳ кунам. СНT не балки RT VKD не MIA Ministry of Internal Affiars ба ҷои шаҳри Душанбе Dushanbe кифоя аст овардани шаҳр лозим нест. Бо саводҳо рӯ ба муҳоҷират бесаводон марҳамат ба курсиҳои давлати махсусан ба ВКД. Дер намонед билет кам мондагӣ. Ҷои кор бисёр.

шукрона кунед ки анахамин хел кормандони босаод доред.

Акаллан дар зиндагии худ як бор, мо точикон хуи гуломиро метавонем аз худ каме дур кунему, туф карда ба ин "права" нагирем онро?
ЯК БОР!!!!!!

dado
пули ира кайхо обу лой кардагиян - бо ай халк мегиранду навша ба пул мефрушанд

Driving license нависед ба чои driving licence!

Tojik
Besavodira binen, Izo namekashida boshand ? Boloda Republic of Tajikistan navisted boz poyonba charo Jumhurii Tojikiston menavised ? City C.Dushanbe Sh.Dushanbe ./? ВКД VKD? haha bovar kuned handaam meoyad az in korashon

ЦЦЦ Товба як босаводе дар БДА ёфт нашуд ки хамин хатогихои калонро ислох кунад а ??шармандаги аз ин хам зиёд намешвад о бо забони англиси тарчумаашро поёнашба нависед,инхо чи хеле ки навишта мешавад хамон матни точикиро бо харфхои лотини чоп кардиан,ахаххаха ээээ шармандаги асри 21 шуд хооооооо хезед охи и шармандагиро то кучо мебарем чоп накарда ба берун аз мамлакат набаромада ин хуччатхои барои тичорат баровардаатонро дар хол иваз намоед !!!!!

Баьд аз оне ки пиццаро ба пидзо ва малинаро ба малика тарчума карданд маро дигар хайрон намеаунанд Гап гап хаст гамбургеро ба шайтонсамбуса тарчума мекунанд

рафикон ин англиси хондану донистани кормандони БДА-ро нишон медихад. онхо харфи англисию лотиниро ёд гирифтан дига хамаша бо харфи англиси точикиш мекунанд. Оё баъ аз ин мусохиба онхо онро иваз мекунанд ё барои масхараи умумичахони онро хамчун пицаи- пиза шуда мемонанд. Мумкин ин хуччат танхо барои пулкоркунии ин сохаи давлати бошад, ки танхо дар ватани худмон коршоям хасту бас. Ба муаллиф Рустами Мачид садхо ташаккур!!

Ин чо аз конвенсияи Вена гап мезанан- кани дар ягон чои ин биометрия аз ягон вена пена хабарам нест-ку. Хат галат, маъно галат, иншо галат. Хама галаткорон дар структураи давлати яъне БДА- барои ин хатои худашон чаримаро аз ронандахо мегиран. ки чаро дар хучатат галат карди?

Anon
Ин БДА-и бесавод не, ин журналисто хатто кардан. Конвенцияи Вена талаб мекунад ки маълумот бо харфи лотини такрор шавад

Jon
Salom,

Bovar kuned az in ba sharmandagii digar nameshavad. Okhir ba joi jumhurii Republic of Tajikistan bnavisen. Tasavur kunen shumo khorijiyeen az kujo medoned ki Jumhurii chi meshavad? voy barhoiliii in mardumii Tojik.

Biyed moned hamin nagz ma boziroo. Shumo hamon konvensiyaroo jazir kardagii hasted..

Ba fikram dar Vazorati korhoi dokhila aniqash dar BDA yagon zabon don nest in az hamon sabab ast.. Mured.............

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)