Бахшҳо

Фарҳоди Дарё ва Ясмина барои иштирок дар “Ҷило” ба Душанбе меоянд

Лутфулло Давлатов, раиси телевизиони “Сафина”, гуфт, дар озмуни “Ҷило”, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ҷамъбаст мегардад, овозхонҳои маъруфи афғон, ба мисли Фарҳоди Дарё ва Амирҷон Сабурӣ иштирок хоҳанд кард.

Ҷаноби Давлатов дар нишасти хабарии 4 март гуфт, овозхонҳои афғон на ба ҳайси довталаб, балки ҳамчун меҳмон ширкат карда, тарона иҷро менамоянд. Ба гуфтаи ӯ, Ясмина Алидодова низ аз Дубай даъват шудааст.

Раиси телевизиони “Сафина” афзуд, аз миёни бештар аз 200 довталаб то кунун ҳамагӣ 36 нафар барои иштирок дар озмуни “Jilo” роҳ ёфтаанд. Вай илова кард, “мақсад аз баргузории чунин озмун саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва ҳамгироии бештари форсизабонон мебошад.” Давлатов гуфт, дар бахши беҳтарин суруди сол ду таронаи Нигина Амонқулова бо номи “Оташ” ва “Муҳаббати ту” ва як суруди Шабнаму Фарзона таҳти унвони “Илоҳӣ” ба ин озмун роҳ ёфтаанд. Дар бахши беҳтарин клипи сол Садриддини Наҷмиддин бо “Гулнор”, Нигина Амонқулова бо “Муҳаббати ту” ва Зикриоллоҳ Ҳакимов бо “Ватандорӣ” ширкат мекунанд.

Намоиши “Чархи гардон”–и Нур Табаров, “Рӯдаки”-и Ҳошим Гадо ва “Шабе дур аз Ватан” дар бахши беҳтарин намоиши театрӣ интихоб шудаанд. Миёни нафароне, ки назарпурсӣ сурат гирифтааст, Амонулло Хайруллоев, Субҳони Ҷалил ва Шариф Мисайдзод беҳтарин радиожурналисти сол интихоб шудаанд.

Дар бахши беҳтарин ҳунарпешаи сол миёни занҳо - Моҳпайкар Ёрова, Фирӯза Раҳмонова, Дилбар Умарова, миёни мардҳо - Қурбони Собир, Аловуддини Абдулло, Шуҳрат Раҳматуллоев ва дар бахши беҳтарин ТВ журналисти сол - Зафар Саидов, Бахтиёр Сафаров ва Аҳлидини Тоҳир пазируфта шудаанд.
Мӯҳр
А бача хофизи аз хама зурш хмм, чува ма нестм дар и руйхат. Парда чи? Парда Косими хмон, Грги Бег, Зузу, Хабиба ина намитари намитари амитари

Озодагон барои Куръонхони кай меомада бошанд?

Хаким
Дар баланд бардоштани сатхи чахонбиниву, баланд бардоштани нерухои аклониву зехнии ТОЧИКИСТОН кй сахм мегирифта бошад? Сафина як барномаи Интеллект-шоу дошт ки хамунам аз экран гум шуд. Бо ин хама синачунбониву чунбонй то кучо меравем?????????????

Карзай
Лутфулло худаш спектакли зани оханинда бози намекна ролхои не серезнида

Бечора тоҷики ғуломи бегонапарвар....! Як театри русӣ дорем ва ҳар ду соли озмуни ҷило ду нафари ҳунарманд аз ин театр пешниҳод мешавад...!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)