Бахшҳо

“Аз роҳи раъйпурсӣ мехоҳанд, тақдири интихоботи 2020-ро ҳал кунанд”

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ба муқобили пешниҳоди Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон, дар мавриди баргузории ҳамапурсӣ барои иваз намудани сохтори давлатдорӣ баромад. Ӯ рӯзи 5 март дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “айни ҳол зарурати чунин раъйпурсӣ вуҷуд надорад”.

АНДЕШАҲОИ СӮҲРОБ ШАРИФОВ

Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, бо амалӣ намудани идеяи раъйпурсӣ доираҳои муайян ҳадафҳои худро пиёда карданиянд, ки он ҳам фароҳам кардани шароит барои иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 2020 мебошад. Ба қавли ӯ, “одамоне пайдо мешаванд, ки бо нияти нишон додани садоқатмандии худ шароит ба вуҷуд меоранд, то Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии президентӣ низ ширкат кунад. Мувофиқи мақсад мебуд, интихоботи 2020 бо иштироки номзадҳои дигар гузарад ва номзаде, ки интихоб мешавад, дар доираи барномаи пешазинтихоботияш ба Қонуни асосӣ пешниҳодҳоро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо омода кунад.”

Шокирҷон Ҳакимов иброз дошт, “шояд Сӯҳроб Шарифов бо назардошти будани вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мехоҳад, сохти шакли давлат тағйир ёбад, ки ин дуруст нест”. Зеро ба гуфтаи муовини раиси ҲСДТ, тамоми далелҳо барои нигоҳ доштани мақоми ҳуқуқии автономӣ дар Бадахшон вуҷуд дорад ва зарурате барои аз нав баррасӣ кардани ин мавзӯъ намондааст.

Мусоҳиби мо гуфт, вале андешаҳои Сӯҳроб Шарифовро дар мавриди барҳам додани Хуҷанду Қӯрғонтеппа ҳамчун маркази вилоятҳо дастгирӣ менамояд. “Зеро аз будани онҳо бештар зарар аст, на фоида”,-таъкид дошт ӯ. Шокирҷон Ҳакимов гуфт, “чунин марказҳо ба пешрафти ноҳияву шаҳракҳо, ки тобеи онҳоянд, монеа эҷод намуда, маҳалгароӣ, коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлубро ба вуҷуд меоранд. Дар ободонӣ ҳам авлавият ба ин марказҳо дода мешавад, ки хуб нест.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ураааааааааааааааааааааааааааааааааааааа
аааааа!
Чаноби Оли дар соли 2020 хам ягона номзади арзанда боки мемонанд.
Ё Шояд максад аз референдум чавонтар кардани синну соли президент ва ба он дуруст кардани акаи Рустам бошад?

Азамат
Шокирчон Хакимов ба казия содалавхона менигаранд. Максади Сухроб Шарифов тамоман дигар аст. Дар он бора бо Хакимов хочати гап задан хам нест.

Офарин акаи Шокирҷон инхо шарм надоран дига кор надоранд ба сафсатагуи машгуланд

Гамма
Агар холо ик корро лачомаша накашанд ояндаи 2020 такрор аз соли 2013 мешавад!!!

Сами . Бухоро
Сухроб Шарифов яке аз тарафдорони Хизби Зоиров ва Хизби Кабири дар парлумон мебошад. Ин кор саршавии накшахои тахрезишудаи Шумо мебошад!!! Шумо ва тарафдоронатон ба хотири ба даст овардани мансаб халки одиро ба Шур оварда ба максадхоятон расидани хастенд !! Худованд Шуморо ба рохи рост хидоят намояд.

Агар пешниходи С.ШариПОВ кабул шавад онгох вазъият хеле муташанич мегарда. Ва умуман ин ба гуфтахои аслии ШариПов наздикие надорад. Кадом шамоле ин суханонро ба дахони у меорад))))))))))))))))

Tojik
Man bovari doshtam ki Janob rohhoe harhelaro istifoda karda boz ba intihobot hudashro jo mekunad va az sari nav president meshavad, Yo in ki yagon heshashro kursiro medihad. Injo nomus darkor ki vaht rasid boyad az vazifa raft....

futur
бадахшан бояд чумхурии автономи шавад,чунки дар хамсархади бо Чин Афгонистон,Киргиз-н. Покистонкарор дорад ва яке аз сабабхои автономи буданаш аз соли 1921 ин астю

Ин нафар мехоҳам президент бошад!!!

yos
Мухтарам Шокирчон, аввал ин ки Шумо Сухроб Шариповро нафахмидед.
Дуввум ин ки оё доштани номи "вилояти автономи" ба Бадахшониён ягон манфиате дорад? Ба фикрам аз ин ном ва вилоят доштан умуман ягон фоидае нест. Онхоро хоханд тирборон мекунанд, хоханд заминащонро ба дигарон тухфа мекунанд ва гайра. Пас автономият дар чист? ва чи лозим ин гуна автономият? Ягон фаркеро ман оиди муносибати хукумат байни Душанбеву Хучанд, Душанбеву Кургонтеппа ва Душанбеву Хоруг надидам...

Студент
Слава Таджикистану! Героям слава!

Саид
Бадахшон дигар хеч рох намедихад,ки як порча замини мукаддаси ватанро фурушад!

Асобек
Як бор заминамонро ба хотири хушгуи ба чинихо фурухтанд бас набуд ми?Ба маълумоти Шумо мерасонам,ки Сухрб Шарифови чангандоз аст!А у хукумат бояд дури чуяд!Мухториятро ба мо мисли-мухторияти Точикистон дар солхои 20 CCCР додааст на ин хукумати имруза онро касе аз мо гирифта наметавонад!

Рудаки Панчакет
Бадахшонро Чумхури эълон кунанд ЗОИРОВРО ПРИЗИДЕНТ ВА КАБИРИРО Сарвазир таъин мекунанд. Ба орзухояшон расанд аз Дуне бе Ормон намераванд!!!!!

Соҳибихтиёр, мухтор, автоном ҳамаи ин номҳо як маъно доранд. Аз он рӯзе, ки низоми "автоном" ҷорӣ шудааст, ба тафриқаандозӣ пойдевор гузошта шудааст. То даме, ки Русия "шарики стратегӣ" ва ҳамкори нопоки Тоҷикистон ва собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ боқӣ мемонад, хатари тафриқаандозӣ байни халқу миллату давлатҳо вуҷуд дорад. Зимни муноқишаи мусаллаҳонаи ахир дар Бадахшон, аз русия садоҳо буланд мешуданд, ки "Бадахшон автоном аст. Бигзор онҳо муносибати хешро бо Душаанбе таҷдиди назар кунанд" ва ғайра. Яъне бигзор Бадахшон аз Тоҷикистон ҷудо шавад. Ҳодисаҳои ахири кишвари Украина низ айнан ҳамин чизро собит сохт. Бо шӯрандозии Маскав нимҷазираи Қримр аз Украина ҷудо карданд. Ин мисоли аввалин ва охирин нахоҳад буд. Оқои Сӯҳроб Шарифов сиёсатшинос ва таҳлилгари қавӣ аст. Чизе ӯ мегӯяд рост аст. Дар як Тоҷикистони хурдакак набояд ноҳияҳои худмухтор бошанд. Бадахшон дар гузашта низ дар ҳайати Аморати Бухоро буд. Яъне моли тоҷикон буд, ҳаст ва мемонад. Агар худмухторӣ барҳам дода шавад, хеле кори хуб мешвад. Давлат ягона мешавад. Бе ин ҳам мухторияти Бадахшон ягон аҳамияти амалӣ надорад. Танҳо дар қоғаз аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)