Зани узбак, ки таҳдид кард прокуратураи Дубайро метарконад, 7 сол ҳабс шуд
Зулфия Ҳамроеваи 33-сола, шаҳрванди Узбакистон, ки таҳдид карда буд, худро дар бинои додситонии Дубай метарконад, ҳафт сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, бо ҳукми додгоҳ Ҳамроева баъди адои ҷазо аз қаламрави Дубай ихроҷ хоҳад шуд.
Зулфия Ҳамроева моҳи сентябр вориди бинои додситонӣ шуда, таҳдид кард, худро метарконад. Пулис танҳо пас аз 13 соати музокирот муваффақ шуд, ӯро барои таслим шудан, розӣ кунонад. Баъдан, маълум гардид, дар камарбанди ӯ ҳеч гуна маводи мунфаҷира мавҷуд нест.
Ин зан ҳамроҳ бо кӯдаки шашсолааш ба прокуратура омада ва таҳдид намуд агар барои ҳалли низоаш ҷиҳати исботи падарии фарзандаш ва дарёфти шаҳрвандии ӯ, кӯмак нагирад, худро мунфаҷир мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |