Бахшҳо

Ҳукми ду моҳ дар ҳабс мондани Фахриддин Зокиров

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаби 7 март ба боздошт ва нигоҳдории Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, то ду моҳи оянда дар ҳабс иҷоза додааст. Додрас Акрамов ҳангоми қироати қарори худ гуфтааст, дар тӯли ду моҳе, ки Зокиров дар боздошт ба сар мебарад, бояд парвандаи ӯ таҳқиқ шавад.

Ин вакили мудофеъ шаби гузашта аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда, алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.

Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри баёнияе Шӯҳрат Қудратов, яке аз дигар вакилони мудофеи Зайд Саидовро, дар нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ ва бархӯрдани “Мерседес”-аш ба ду мошинаи дигар муттаҳам кард. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, рӯзи 27 феврали соли ҷорӣ Қудратов дар пайи бархӯрдани мошинаш ба ҷои ҷуброни зарар муносибати дағалона карда, “аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”. Аммо Шӯҳрат Қудратов дар суҳбат бо "Озодагон" иттиҳомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ғаразомез хонда, гуфт, воқеан ҳам рӯзи 27 феврал бо иштироки ӯ садамаи нақлиётӣ бо ду мошини дигар- “Опел” ва автомашинаи “КИА” рух додааст ва дар бархӯрд бо “Опел” худро гунаҳкор меҳисобад.

Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов, вакилони дифои Зайд Саидов, рӯзи 7 март бо пахши як изҳорот боздошти ҳамкорашон, Фахриддин Зокировро иқдоми махсус роҳандозишудаи Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон хонданд. Онҳо дар изҳороти худ гуфтаанд, “гӯиё Фахриддин Зокиров тариқи қалобӣ аз баргардонидани қисме аз маблағҳои аз бонк гирифтаи корхонаашон саркашӣ карда бошад. Зимнан, амалиёти тиҷоратии чанд сол пеш анҷомдодашудае дар назар аст, ки ҳатто санҷиши мақомоти марбута аз ҷумла худи ҳамон Агентӣ қаблан собит намудааст, ки асари ҷиноят дар он умуман мушоҳида намешавад.”

Дар ҳамин ҳол, вакилони Зайд Саидов дар хитоб ба Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқ, ҳукумату парлумони мамолики дунё, сафорату намояндагиҳои кишварҳои хориҷа хостаанд, ба қазияи Зайд Саидов, ба вазъи ногувори вакилони дифоъ, аз ҷумла ба тақдири Фахриддин Зокиров, бахусус бо назардошти ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таваҷҷуҳ бикунанд, зеро дар кишвар ҳуқуқу озодиҳои саросари мардум дар хатар аст.
Мӯҳр
хукукшинос
Шикор сар шуд! Чои хеч тааччуб надошт, ва касе низ шак надошт ки адвокатхои Зайдро боздошт мекунанд агарчи айб хам надошта бошанд. Хеч кас бовар намекунад ки вакте касеро бо фармон турма карданд, адвокати уро ки аз у сахт химоят карда бошад ором гузоранд. ИН Точикистон аст! Якр руз пеш Кудратовро падставит карданд ва холо ин дигараш.

Ин харомхурон даврашонро руёнда истодаанд. Инхо агенти фасодне балки худашон ифлосанд. Ин амалхои онхо худохохад дер давом намекунад Аллох хозиру нозир аст инхо худашон паси панчара меранд. Инхо худашон хама террористонанд Иншоаллох хакикат галаба мекунад.

Чунайд
Сатор Хисор
Шухрат Кудратов мард барин рафтор карда зарари додаатро чуброн кун!!! Мард бояд аз Худо бинад, номард аз Хукумат.

zanja_41_23
чи инсоҳое ҳастанд ин кормандони ниҳодҳои давлати мо даъвои ислохшуданро мекунем онҳо бошад харчи зудтар мехоханд моро дар кунчи зиндон чой диҳанд......

Ана аку сар шид е. Капидани Чолуфо дар кулобу адвокато да душанбе. Хами давлата тариф кнен мемрен. зиндагимон хубай бген. худоро шкр шикоят надорем. хами рохбар як умр да сари мо рохбар боша. вазиромон ай тамоми шахру районан. шкрона бген.

Афсурда
Ин созмонхои хомии хукуки башар куранд, ки ин беадолатихоро намебинанд? Ба кудак маълум аст, ки ин капо-капхо ангезаи сиёси дошта, фармоиши хастанд.

Мардонбой
Мемрен бегунох гарден, бо адвокат будиян. Агар хомии конун садама кунаду каллобй, вой бар холи дигарон. Ин се бехунар натонистан Зайда химоят кунанд, зеро таги худашон тар...

Шукур ман мавкеи туро хеч нафахмидам, ки нафахмидам. Ту гуфтанй хастй, ки чй ба Дангара ин кадар часпидед? Мумкин гуфтанй бошй, ки монед хамин мардуми Дангара рохбарй кунад а. Чархи фалак шуду точи шохй ба сарашон омад а. 20-30 сол пешро варак зан. Дар рузхои нахустини Раиси Шуро буданаш Э.Ш.Рахмонро касе дар бараш аз Дагара набуд ку. Як акои тракторист дошт. Бе прицеп. Хеш надошт. Имруз хама хешаш. Дарвеш дар Расия.

ozodgon in 4ixel shahr bud? hej4izro nafahadam baroi kallobi u 4ikorkardaast? az yagonkas rishva giriftaast? 4iguna kallobi?

Сафар
Моро анчом торикист ,сухане нест!Моро ба варта кашида истодаанд!Чун ин миллати гулом аст!

Хусрав Пулоти Нур
Мардонбой, Шукур ва саттор Хисор аз як айпи менависанд... косалесони лагандбардори дарбориянд ё кури бесавод, бемаъни, душмани пешрави ва тараккиёти Точикистонанд!!! Инхо тарафдор ба гуломи, бехукуки ва азоби 2 млн мухочиранд.., хайфи марди, мусалмони, одаму одамгари шавед!! беинсофхо.!!!

Хисрав.хисор
Хисрав Пулоди нур ба ту барин Чосуси хоричи гуфтаниям : Агар бини , ки нобиною чох хаст Агар хомуш нишини гунох хаст;

Дар муддати ду мох 4-5 зандор мешан падари баъзе духтароне ки намешиносанд мешанд ачаб не низомхон чураев 100хазор долар дода бошад холи ин спектактла ана акнун тамошо мекунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)