Бахшҳо

Раҳмон: “Фаҳим ҳамеша чун дӯсти ҷонӣ дар ёди мо хоҳад монд”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба ҳамтои афғонаш -- Ҳомид Карзай даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳимро барои кулли мардуми Афғонистон тасаллият гуфтааст. Ҷаноби Раҳмон дар номаи худ навишта, ки маршал Фаҳим дар ёди тоҷикистониён ҳамеша чун дӯсти ҷонӣ боқӣ хоҳад монд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “шодравон Фаҳимхон аз шахсиятҳои бузурги таърихи навини Афғонистони мубориз буд ва дар сафҳои аввали ҷиҳод ва муқовимати мардуми қаҳрамони кишвар қарор дошт. Ширкати марҳум дар раванди эҳёи муҷаддади ҳамсоякишвари мо аз саҳми боризи ӯ дар пайкори озодӣ камтар набуд. Ин аст, ки ёди поки ин марди некниҳоду нексиришт аз дилу дидаҳои ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанду аз наздик медонистанд, зудуда нахоҳад шуд.”

Ҷаноби Раҳмон дар идома афзудааст, “дар ин лаҳзаҳои сангин, ки мардуми Афғонистон талафоти ҷуброннопазире дидааст, хоҳишмандам таъзия ва тасаллияти амиқу самимии инҷониб ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро қабул фармоед. Ба хонаводаи шарифи шодравон, ёрону ҳамсангаронаш, тамоми аҳли ҷиҳоду муқовимат ва ҳамаи мардуми бародари Афғонистон расонидани ҳамдардии мо лутфи Шумо хоҳад буд.”

“Парвардигор марҳумро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад. Маъвои охираташ пурнур бод!”,-таъкид шудааст дар номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳомид Карзай.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо "Озодагон" низ даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳимро бохти бузурге барои тоҷикон донист. Ӯ гуфт, “агар Муҳаммадқосим зинда мебуд, ҳатман таъсири худро дар ҳар коре дошт.”

Вале оқои Ҳусайнӣ мегӯяд, маршал Фаҳим маҳбубиятеро, ки солҳои пеш дошт, дар ин авохир аз даст дода буд. “Баъд аз ташкили ҳукумати ҷадиди Афғонистон, ки ӯ дар паҳлӯи Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури ин кишвар қарор гирифт, аз ҷумла дар интихоботи 4 соли қабл, ки дар паҳлӯи доктор Абдуллоҳ набуд, як миқдор обрӯи ӯ миёни ҷонибдоронаш поин рафтааст. Ба ҳар сурат, яке аз чеҳраҳои шинохтаву маъруфи ҷиҳодӣ оламро падруд гуфт”,-афзуд Ҳусайнӣ.

Муҳаммадқасими Фаҳим, ки 56 сол дошт, рӯзи якшанбе бар асари сактаи қалбӣ дар манзилаш даргузашт. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, марги маршал Фаҳимро мусибати бузург хонда, дар ин робита се рӯз мотами миллӣ эълон кардааст.
Мӯҳр
"Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун".
Худованд рахматаш кунад, чи инсони хубе буд...

Абдулло
Аллоҳ ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннаташ гардонад! Сад ҳайф, ки дар пешоруи интихоботи Президентй намояндагони ТОЧИК лидерони худро аз даст дода истодаанд.

xudovand rahmatat kunad barodar.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)