Бахшҳо

Эшони Нуриддин дар бораи гирифтани аъзои бадани майит

Эшони Нуриддин, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, ҳукми гирифтани узвҳои бадани майитро аз нигоҳи Ислом шарҳ дода, истифодаи ройгонашонро барои беморон раво хондааст.

Ин рӯҳонии саршиноси тоҷик дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои “Turajon.org” гуфтааст, гирифтани аъзои бадани шахси фавтида ва гузоштани онҳо дар бадани шахси дигари бемор аз нигоҳи Ислом раво мебошад.” Вале Эшони Нуриддинҷон мегӯяд, ин гуна амалиётҳо дар сурате раво дониста мешаванд, ки худи майит қабл аз марг ё ворисонаш иҷоза дода бошанд.

Ӯ таъкид кардааст, агар истифодаи узвҳои бадани шахси фавтида бар ивази маблағи муайян сурат гирад, пас дар ин ҳолат ҳаром мебошад: “Фурӯхтан ё харидани аъзои инсон мисли гурда ва ғайра ҳаром аст, чун дар ин муомала навъи иҳонат ва бе иҳтироми ба инсон дида мешавад.”

Масъалаи хариду фурӯши узвҳои бадани инсон баҳси тозае дар ҷомеаи Тоҷикистон нест. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар ахиран дар пайи дархости Вазорати тандурустӣ ва зиёд шудани баҳсҳо дар ин бора бо судури қароре тиҷорати узви инсонро ҳаром хонд. Вале ин шӯро аз додани фатво дар бораи масъалаи истифодаи узви бадани майит ё шахси зиндаро барои беморон худдорӣ карда, дар робита ба ин масъала хомӯширо пеша кардааст.
Мӯҳр
чавон
Барои онки дар шурои уламо одами босавод нест. аз раисаш сар карда хама бесаводанд.

Darvesh
Eshon dar hamiqadar sol 1 marotiba sukhani durust kardaast!!!

fff
ами инсон барои .... хам фатво меброра...

Эшон хама вакт сухани рост ва дуруст гуфта аст. на инки якбор.

Мухочир
Ассалом хонандагони мухтарам. Бародаре ки дар мавриди суханони Бобои Эшон ки хамеша нодуруст мегаяд, изхори назар кардааст бояд гуфт Кай ва дар кучо нодуруст гуфтани хазратро дида ё шунида бошад. Ин шахс ё аз тарафи Хукумат маъмур ба бадном кардани Эшон аст ё инки кинае дар дили нопоки худ барои дини Ислом ё худи шахси Пешво Хазрати Эшони Нуриддинчон дорад Худо ин бародаррро ба рохи рост хидояд кунад, ки гуши дили у хакшунав шавад. Омин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)