Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми боздиди корӣ ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.
Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд, дар ин ҷо сарвари давлат бо вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа аз наздик ошно гардида, иншоотҳои бунёдшавандаи ҷашниро низ аз назар хоҳад гузаронид. Ба ҷуз ин суханронии президент дар ҷаласаи фаъолони вилоят дар ҳузури сокинон низ дар назар аст.
Манбаъ афзуд, зимнан Эмомалӣ Раҳмон ба чанд навоҳии вилоят низ сафар карда, дар маросими ба истифодадиҳии иншоотҳои ҷашнӣ, ки сохтмонашон ба итмом расидааст, иштирок мекунад. {jathumbnail off}
Мӯҳр