Бахшҳо

Раҳмон аз сафирон хостааст, ба ҳукумати муваққати Миср кумак кунанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, дар мубориза бо терроризм ба ҳукумати муваққати Миср кумак кунанд.

Расонаи арабзабони Albawabh News навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми пазируфтани эътимодномаи 11 сафири навтаъини кишварҳои хориҷӣ, ки дар миёнашон сафири Миср низ буд, рӯзи 6 марти соли ҷорӣ дар Душанбе дар ин бора ибрози назар кардааст. Ин расона мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо сафирони тозатаъини Туркманистон, Куба, Сербия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Куриё, Словакия, Фаластин, Судон, Кипр ва Гурҷистон дар Душанбе гуфтааст, то ба мақомоти кишварашон бирасонанд, ки имрӯз Миср ба кумак ниёз дораду онро дар ин мубориза бояд ҳимоят ва ёрӣ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз талошҳои ҳукумати Миср дар мубориза алайҳи “терроризму ифротгароӣ” қадрдонӣ карда, таъкид кардааст, ҳукумат ва мардуми тоҷик дар дур кардани ин офат аз сари мардуми мисрӣ дар паҳлӯи Қоҳира қарор хоҳанд дошт, чун ин кишварро хуб мешиносанду ба арзиши он эҳтиром қоиланд. Эмомалӣ Раҳмон дар идома Мисрро маркази амну суботи давлатҳои арабӣ ва яке аз бузургтарин кишварҳои исломӣ дар минтақа хонда, илова кардааст: “Миср яке аз кишварҳои пураҳамият ва меҳварӣ дар дунё мебошад ва Тоҷикистон низ аз ин хотир нахустин сафорати худ дар кишварҳои арабиро аввал дар Қоҳира боз кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Абдуссаттор ал-Бадрӣ, сафири ғайримуқими Миср дар Душанбе аз ин даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба ҷонибдории Қоҳира истиқбол карда, гуфтааст, ин дидгоҳи як сиёсатмадорест, ки аз қудрат ва тавонияш дарак медиҳад.

Баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури пешини Миср, ки намояндаи “Ихвонулмуслимин” буд, ҳоло қудрат дар ин кишвар ба дасти дунявиҳо афтодааст. Ҳукумати муваққати Миср феълан “Ихвонулмуслимин”-ро террористӣ ва фаъолияти онро мамнуъ эълон кардааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳо қабл ин ҳаракатро дар қатори ҳизбу созмонҳои ифротгарову террористӣ шомил карда, ҳатто дар замони ба қудрат расидани ихвониҳо онро аз ин феҳрист берун накарда буд.
Мӯҳр
nurmurod
ЧО ифротгарои магар факат дар ислом аст? дар Украина чи? ва давлати Африкаи миёна, ва дар Бирма ва гайрахо мусалмонкуши нест магар? ёинки забонхои шумо факат ба бечорахо мерасаду тамом? шарм доред камтар, Худованд хидоятат кунад,,,

Tojik
Muhtaram Emomali aval mushlilihoi davlatro hal kun bad bo kumaki digaro baro. Hudo tavfikaton dihad.

точик
дар хамкори алайхи тероризм ?! ккадом тероризм тероризми артиши хоини миср ки мардуми ба по хестаи мазлумро ки дар даст хеч чиз надоштанд дар як руз мзиеда аз 2500 нафарро каушт.
Аслан дектаторон якдигорро мефахманд ва як дигарро кумак мекнанд.
бехтараш рахмон бояд мегуфт ки агар сари рохи ин чмбишхо гирифта нашавад охиста охиста ба тараи тмо низ хохад омад чун аксарияти мардми кишвари ман хам терорист (мсалмон) хастанд.

Яъкуб.
Аз чаноби Президент хохиш,ки на Арабхоро балки ахлу авлоди худро насихат кунад.Агар чунин ЗАХВАТ хо давом кунад Точикистон аз Афгонистон дида бадтар мешавад.Хамаи ин аз сиесати <хирадмандони > Рахмон хаст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)