Бахшҳо

Аризаатро навис! Баҳси раис бо коргар дар Ваҳдат

Зулайхо Шарипова, раиси занон ва хонаи маданияти ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосити ноҳияи Ваҳдат, иддао дорад, ки Абдумаҷид Аҳмадов, раиси ҷамоат, ба фаъолияти кории ӯ монеаҳо мегузорад.

Шарипова 11 март бо “Озодагон” тамос гирифта ва гуфт, раиси ҷамоат ба ӯ амр додааст, ки аризаи аз кор озод шуданро нависад ва бе ягон далел ӯро дашном дода аз кор пеш кардааст. “Ҳеҷ намефаҳмам, ки барои чӣ ӯ бо ман чунин муносибати дурушт мекунад. Ҳар рӯз як муовинашро иваз мекунад. Аввал ин, ки аз кор рафтану омадани ман аз вай вобаста нест. Роҳбари бевоситаи ман раиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ваҳдат аст, ки мегӯяд, аризаи аз кор рафтанамро ӯ бояд имзо кунад, на раиси ҷамоат. Раиси шуъба гуфт, аз корам розӣ ҳаст. Аммо раиси ҷамоат мегӯяд, ки “агар ҳаминҷо биёӣ пойатро мешиканам”, - афзуд Шарипова.

Зулайхо Шарипова мегӯяд, ба раиси ноҳияи Ваҳдат аз болои раиси ҷамоат аризаи шикоятӣ навиштааст, аммо аризаашро нарасондаанд: “Чанд маротиба ба қабули раиси ноҳия рафтам, аммо дар қабулгоҳ ва муовинонаш ба ман иҷозати даромаданро надоданд. Дигар намедонам арзамро ба кӣ гӯям?”

Абдумаҷид Аҳмадов, раиси ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосити шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки асоси аз кор пеш кардани Шарипова ин аст, ки ӯ интизоми меҳнатиро риоя накардааст: “Зулайхо дар соатҳои корӣ дар ҷои кораш набуд. Супоришҳоро медодем, аммо ӯ чӣ хеле, ки ба худаш маъкул буд, ҳамон хел иҷро мекард. Бо колективи ҳамкорон чӣ хеле, ки мехост муносибат мекард, чуноне ки худаш шоҳу табъаш вазир аст. Ман чанд бор фаҳмондам, вазифаи худашро иҷро кунад аммо гӯш накард.”
Мӯҳр
антошка
Раис дуруг мегад.

неки ин раис ранги раиси чамоати нохияи евон совхози 2 мумин раис будааст мумин раис заминхои обии совхозро фурухта истодаасту касе уро гап зада наметона худаш шоху табъаш вазир ба гуфте аз дасти у замини оби намонд лекин мегуяд ки коро имсол бас мекунам албата бас мекуни хама заминхоро фурухти дааахшаат озодагон кайчи накунед

Мурод, сокини чамоат
Дар хакикат одами бефаросат ва говзур аст раиси чамоат

1
пуркурор ба навис да мегарди худта азоб дода тел ба запись карда барша набошад раисо зур

Амир
Чанг барои мансаб сар шуд. Окибаташ ба хайр бошад.

Мухлис.
И РАИСИ КАНИ ХУДУШ ДАР ХАМИ РАИСИШ КУЧОРА ОБОД КАРДАЙ.ГАЙРИ ЗАМИНФУРУШИ ИНО ДИГА КОРА НАМЕТОНАН.

Точикак
хамин занак аъзои ХНИТ бошад??)))))))))

Говсавор
вая вай кардан даркорай. гарени раиси бдай лекин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)