Бахшҳо

Бардошти ал-Харафӣ аз Тоҷикистон: Шаҳрҳои тоҷикон зери дасти туркнажодҳоянд

Халифа Мусоид ал-Харафӣ, узви Шӯрои маҳаллии Кувайт дар пайи сафараш ба Тоҷикистон, Душанберо шаҳри зебову озода ва амну барои сайёҳат мувофиқ таъриф кардааст.

Ин узви Шӯрои маҳаллии Кувайт, ки ҳафтаи пеш ба пойтахти Тоҷикистон омадааст, бардошт ва хотироти худро аз ин сафар дар яке аз торнамои кишвараш нашр кардааст. Ӯ гуфтааст, қабл аз сафараш ба Душанбе танҳо номи Тоҷикистонро шунида буду бо мардуми тоҷик танҳо тавассути сарчашмаҳои таърихӣ ошноӣ дошт ва барои ӯ хеле ҷолиб буд, бидонад, мардуме, ки солҳои тулонӣ дар низоми диктотурии сталинӣ ба сар бурдаанд, имрӯз дар чӣ вазъияте зиндагӣ мекунанду расму русуми онҳо чӣ гунааст.

Вай менависад, замоне ба фурудгоҳи Душанбе поин шудам, бо мардуме рӯбарӯ гаштам, ки дорои ахлоқи ҳамида ва меҳрубону меҳмоннавоз буданд. Аз ҳама чизе маро дар ҳайрат оварду бароям хеле писанд шуд, ин зебогӣ ва озодагии пойтахти Тоҷикистон буд. Мо замоне аз фурудгоҳи Душанбе берун шудем, бомдод буду занҳо кучаҳоро меруфтанду покиза мекарданд. Пойтахти Тоҷикистон шаҳрест, дорои тартибу низом ва шароиту боду ҳавои куҳияш барои сайёҳат хеле мувофиқ. Мардуми он, ки форснажод ҳастанду дорои таъриху фарҳанг ва адабиёти бой мебошанд, аксарият суннимазҳаб буда, дар як фазои таҳаммулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ ба сар мебаранду эҳтироми якдигарро қоиланд.

Ин мардум дар гузашта соҳиби шаҳрҳое ба монанди Самарқанду Бухоро ва Хоразм буданд, ки ҳоло ба ҳудуди Узбакистон шомил шуда, таҳти раҳбарии туркнажодон қарор доранд. Ин шаҳрҳои мазкур дар гузашта фарзандони фарзонаеро аз қабили Имом Бухорӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Насоӣ ва Замахшарию Тирмизӣ тарбият ва ба воя расонида буданд, ки тавонистанд, номи худро дар таърихи Ислом сабт ва дар рушду нумуи фарҳанги ин дин саҳмгузор бошанд.”- мегӯяд ӯ.

Ал-Харафӣ афзудааст, “тоҷикон нахуст зиёфати меҳмондории худро аз чойи кабуд шуруъ мекунанд ва ҳар вақт туро ба субҳона даъват кунанд, мегӯянд, “биё бо ҳам чой хурем!”.”

Ин узви Шӯрои маҳаллии Кувайт дар охир гуфтааст, ҳоло аз сад яки бардошти худро қисса кардаасту дар ояндаи наздик дар ин бора мақолаи муфассалеро ба табъ хоҳад расонд.
Мӯҳр
абв
кош хамон сталин мебуду пои номубораки шумо ба ватани мо намерасид. ту танхо декоратсияро дидаи. паси сахна пур аз хориву зории миллати мазлум.

Дуруст фармудед, бародар.Арабхо ки шомили 26 кишвар хастанд ва аз кадимулайём дар тамоми масоили хаёт, сиёсат, фарханг ва гайра байни худ ихтилофи шадид доранд. Вакте дар Мачмааи умумии Созмони милали муттахид катъномаи зидди Сурия мавриди барраси карор гирифта буд, аз он чумла , Кувайт аз тахримхои иктисоди ва сиёсии ироянамудаи кишвархои Гарб ва ИМА пайрави намуд. Пайомади он имруз ба хама маълум: чанг дар Сурия идома дорад ва араб котили араб гардидааст. Сарфи назар аз ин кувайти имруз муддаии рох нишон додан ба точикон мебошад..

"Озодагон"-и мухтарам! Каблан хам дар иртибот бо иштибох навиштани калимаи "Кувайт" банда тазаккур дода будам. Ин вожа ба хамон "К" маъмули навишта мешавад на бо "К" -и думчадор, мисли "курбон", кошук,.. тарзи навишти инглисиаш "Kuwait" ва арабиаш کویت мебошад.

Tojik
Hele hub ki mardumi mo mehmondustdoran va horijiho inro dark mekunand. Ammo in hazrat holo namedonad ki dar masjidhoi tojikiston azonro namemonand baland guyand, javononi az sini 18 sola poyon ba masjid roh doda nameshavad, dar bozorho va maktabho duhtarone ki satr mepushan az roh mezanand, madrasahoro mahkam kardaistodaast ruz az ruz.

Barodaron avval andesha bad guftor... Oilai Kharrofi mashhur ast no tijorati kalon va in mard dar Angliya khondagi... Vatani mo va mardumi moro kbub guftast magar zarar dorad ? In turist ast na na
oyandai davlati Kuwayt....Davlati Kuwayt az avvalinhost ki
uhojironi tojikro dar Afghoniston soli 1992 dasti yori daroz kard...Sadho tibilmoni tljik bo puli davlafi Kuwayt dar donishgohi Al Azhari Misr mekhonand....Davlati Kuwayt baroi Tojikiston sadho million dollar yorii be muqobil kardaast ki inro na Rus mekunadu na Cbin...Soli 2005 bo samolyot Moskva meraftam ..Dar samolyot mardi ruse bo naxdikonash sukhan mekard va tojikonro dashnomu tahqir mekard no ovozi baland..Zero sumkai uro khostand taftish kunand dar ayraporti Dushanbe..Lekin meguft
..pobrobuyte I otkrivayte svini...160__180 tojik meshunidu kase dam namezad va u mekhandid

Суханхои хеле чолиб, ахсан бар Шумо, мо точикон дар асл хамин тавр хастем, будем ва хохем монд!!!

farhory
Akalan yagon tojiki toza yof nameshavad ki dilsh ba vatan suzad. Baroi hamin parvo nadoran va qasam hurda megardan.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)