Бахшҳо
13 мар 2014 12:16Хабарҳои ҷаҳон

Нигарониҳо аз қатли рӯзноманигорон дар арафаи интихоботи Афғонистон

Дидбони расонаҳои Афғонистон аз бад шудани вазъи рӯзноманигорон дар арафи интихоботи президентии ин кишвар сахт нигаронӣ кардааст.

Садиқуллоҳ Тавҳидӣ, раиси Дидбони расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ҳукумати кишвараш нисбат ба амнияти хабарнигорон вақтҳои охир бетаваҷҷуҳӣ мекунад. Ӯ бар ин аст, ки агар ин раванд идома ёбад, рӯзноманигорони хориҷӣ аз иштирок дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон худдорӣ хоҳанд кард.

Ин нигарониҳо дар ҳолест, ки рӯзи 11 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон Нилс Хорнер, журналисти шведӣ мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст. Муҳаммад Ҳасани Хаттоб, рӯзноманигори афғон бар ин аст, ки дар кишвараш “маъракае зидди рӯзноманигорон” роҳандозӣ шудааст. Ӯ мегӯяд, “кушта шудани як рӯзноманигор дар пойтахти Афғонистон, ки нисбатан макони амнтар маҳсуб мешавад, як занги хатар барои журналистон мебошад ва ин албатта дар шикастани рӯҳияи ин қишр бе таъсир нахоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, расонаи хабарии Mir-Politik менависад, қатли рӯзноманигори шведиро гуруҳи Толибон бардӯш гирифтааст. Ба навиштаи ин расона, гӯиё ҳаракати Толибон бо пахши як баёния ин кушторро ба зимма гирифта, гуфтааст, Хорнер ба хотири ҳамкорияш бо Хадамоти ҷосусии Бритониё кушта шуд.

Расонаи Tolonews менависад, ки вақтҳои охир қатли рӯзноманигорон дар Афғонистон зиёд шудааст. Ба навиштаи он, танҳо дар давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ се рӯзноманигор кушта шудааст, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Афғонистон ва як тани дигараш хориҷӣ мебошад. Ин расона мегӯяд, дар баробари ин, қайди ҳолатҳои фишору таъқиб ва азияти рӯзноманигорон дар Афғонистон низ кам нестанд.


Дар акс Нилс Хорнер
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)