Убайдуллоев: Ба омӯзгорон аз Русия имтиёз медиҳем
Тоҷикистон дар доираи сафари кории Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федералии Русия дар Душанбе хоҳиш кардааст, ки аз Русия 400 омӯзгори забони русӣ фиристода шаванд.
Дар ин бора Матвиенко ба рӯзноманигорон хабар дода, ба истиқбол аз он афзудааст, ки албатта шароити кории омӯзгорони русиягӣ ва маошашон дар Тоҷикистон бояд муфассал матраҳ гардад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон зимни ироаи ин пешниҳод таъкид намудааст, ки “мо омодаем, тамоми шароиту имтиёзро барои омӯзгорон аз Русия муҳайё кунем. Ҳукумат омодааст, шароитро барои омузиши забони русӣ фароҳам оварад. Мо ба омӯзгорон ва адабиёти бештар ниёз дорем.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан Нуриддин Саидов, вазири илм ва маорифи Тоҷикистон хабари дархости омузгорон аз Русияро тасдиқ намуда, гуфт, ки беҳтар мебуд агар Маскав бештар хонумонро мефиристод, то дар Тоҷикистон ҳамсар пайдо кунанду барои ҳамеша маскан гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |