Бахшҳо

Қирғизҳо роҳи Ворух-Исфараро дубора боз карданд

Ҷониби Қирғизистон роҳи Ворух-Исфараро, ки шоми дирӯз бар асари нофаҳмиҳо миёни сокинони ду кишвар баста буданд, дубора боз кардаанд.

Шоми дирӯз як як сокини ҷамоати Ворух ба "Озодагон" тамос гирифтаву гуфт, тақрибан аз соатҳои 20:30-и 13 март бо далели он ки сокинони Қирғизистон роҳро бастаанд, наметавонанд ба маркази ноҳияи Исфара бираванд. “Мо бемор доштем ва бояд фавран ба беморхонаи маркази ноҳия мебурдем, аммо ҳамсояҳо нагузоштанд”,- афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби ин амали қирғизҳо баҳс атрофи бунёди роҳ мебошад. Бино ба иттилои расида, сокинони Уштеппа (наздикии Хоҷаи Аъло) тасмим гирифтаанд, қисмати таъмирталаби роҳ то Ворухро барқарор созанд, аммо сокинони ҳамсоякишвар садди роҳ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, вақте техникаи роҳсозии Қирғизистон барои идомаи корҳои сохтмонӣ ба минтақаи баҳсии роҳи Оқсой-Тамдиқ омадаанд, бошандагони Ворух пеши роҳашонро гирифтаанд. Дар ҷавоб намояндаҳои Қирғизистон роҳи Ворух-Исфараро, ки тариқи қаламрави ҳамсоякишвар мегузарад, бастаанд.

Роҳи Ворух-Исфара баъди тирпаронии 11 январ дар марзи ду кишвар баста шуд ва танҳо 17 январ баъди музокироти намояндаҳои ҳукумати ду кишвар боз гардид. Ба қавли ҳамсуҳбати “Озодагон” роҳ то шоми дирӯз боз будааст.

Як намояндаи ҳукумати вилояти Суғд бастани роҳ аз суи сокинони Қирғизистонро тасдиқ намуда, афзуд, баъди гуфтушунид қирғизҳо розӣ шуданд, мошини Ёрии таъҷилиро барои ба беморхона бурдани мариз иҷозат диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи манбаи "Озодагон" дар ҳукумати вилояти Суғд баъди гуфтушунидҳои мақомоти ду кишвар роҳ дубора боз шудааст.
Мӯҳр
Девона
Иё маймунбози доран бо Миллати Точик. Гох мебандан гох мекушоян ин чи маскарабозист.Даф шаван кати рохшон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)