Бахшҳо

Бонки Ҷаҳонӣ: Аз бунёди НБО-и Роғун то як муддат худдорӣ кунед

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки то давраи анҷоми бозрасии   тарҳи «Роғун» аз сохтмони марҳилаи аввали он худдорӣ кунад.


Ин тасмим аз сӯи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, ки тайи даҳ рӯзи ахир дар ҷумҳурӣ қарор доштанд, аз сакр гирифта шудааст. Дафтари душанбегии ин ниҳоди моли байнулмилалӣ қабл аз зӯҳри имрӯз (16-уми август) зимни эъломи натоиҷи ин сафари коршиносон изҳор дошт, ки раванди бозрасии фанниву молӣ ва экологии тарҳи «Роғун»  идома дорад. Гуфта мешавад, таҳқиқоти мазкур ҳашт моҳи дигар идома ёфта, моҳи апрели соли 2013 ба итмом мерасад. Ин дар ҳолест, ки қарор буд, моҳи ноябри соли ҷорӣ мақомоти  Тоҷикистон барои сохтмони садди обанбор барои марҳилаи нахустини нерӯгоҳи Роғун маҷрои рӯдхонаи Вахшро бубанданд.

Маврид ба ёдоварист, соли гузашта Тоҷикистон дар пайи фишорҳои кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистон бо Бонки Ҷаҳонӣ барои анҷоми бозрасии мустақилонаи байналмилалии тарҳи «Роғун» созиш карда буд. Натиҷаҳои ибтидоии ин бозрасӣ моҳи майи соли ҷорӣ дар Қазоқистон баррасӣ шуд, ки дар кори он ҷониби Ӯзбакистон иштирок накард.Бояд тазаккур дод, ки дар сурати ба кор даромадани НБО-и Роғун (аз рӯи тарҳи замони шӯравӣ) иқтидори он  3 600 мегават буда, баландии сарбанадаш ба 335 метр баробар хоҳад буд.   {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)