Ноиби раиси идораи замини Ваҳдат порагирияшро иқрор кард
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муовини раиси идораи замини шаҳри Ваҳдат, Табаровро бо иттиҳоми аз як сокини ин шаҳр талаб кардани нуҳ ҳазор доллар пора боздошт кардааст.
Гуфта мешавад, Табаров ин миқдор маблағро бар ивази додани сертификати истифодаи замин хостааст. Муовини раиси идораи замини шаҳри Ваҳдат мехостааст, ин пулро тавассути як миёнарав, ки дар бозори шаҳр ба ҳайси сарроф кор мекардааст, ба даст биёрад.
Ноиби раиси идораи замин дар сабти фаврии мақомоти интизомӣ, ки шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон намоиш доданд, талаби нуҳ ҳазор долларро тасдиқ кард. Ба гуфтаи вай сокини шаҳр гуфтааст, ҳамагӣ шаш ҳазор дорад, аммо ӯ исрор кардааст, ки бояд нуҳ ҳазор биёрад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, ин боздошт 14 март сурат гирифта ва нисбат ба муттаҳам тибқи моддаҳои 32, қисми 3, ва 319, қисми 4, банди “г”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |