Бахшҳо

«МегаФон» дар Тоҷикистон қаллобони мобилиро ошкор кард

“Мегафон-Тоҷикистон” рақамҳоеро, ки аз онҳо қаллобони мобилӣ ба муштариёни ин ширкат паёмакҳои ғайриқонунӣ ва дурӯғин мефиристодаанд, бастааст.

Аз дафтари матбуоти “Мегафон Тоҷикистон” ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки вақтҳои охир бисёр муштариёни операторони мобилии Тоҷикистон sms-ҳоро аз рақамҳои байнишаҳрӣ ба даст меоварданд: “Дар матни SMS-ҳо аз истифодабарандагон хоҳиш карда мешуд, ки ба рақами ишорашуда занг зананд ё тариқи SMS оид ба бурди калон хабар дода мешуд. Дар сурати анҷом додани даъват, аз суратҳисоби мобилии муштарӣ маблағ ситонида мешуд."

Денис Никитин, муовини аввали директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мегӯяд, «чунин ирсолҳо ғайриқонунӣ ба ҳисоб мераванд. Барои нигоҳ доштани муштариён аз хавфи sms-спам ва амалҳои қаллобон мо доимо фаъолнокии онҳоро мавриди назорат қарор дода, ҳангоми зарурат паёмакҳоеро, ки аз рақамҳои бадхоҳон ворид мегарданд, бекор мекунем.»

Масъулини “Мегафон” барои наафтидан ба доми чунин қаллобон ба муштариён тавсия медиҳанд, ки як қатор қоидаҳои начандон душворро риоя намоянд: “Қабл аз ҳама ба SMS-ҳое, ки аз рақамҳои бегона ворид мешаванд, набояд ҷавоб дод. Дилхоҳ маълумотро оид ба бурд, ки қаллобон онро хеле зиёд дар паёмакҳои худ истифода мебаранд, метавон бо роҳи осон тавассути муроҷиат ба ташкилкунандаи озмун бо телефон ё тариқи сомона бисанҷид.”

Таҳлилгарон мегӯянд, боз як воситаи қаллобии мобилӣ – ирсоли паёмакҳо бо хоҳиши гузаронидани маблағ ба суратҳисоб ба ҳисоб меравад: “Ё тариқи паёмакҳо хоҳиш карда мешавад, ки бинобар ба нохушӣ гирифтор шудани наздикон ё шиносон ба рақами ишорашуда даъват анҷом дода шавад. Дар ин ҳолат мебояд ба надиккон занг зада, вазъияти воқеиро аз онҳо пурсид.”

«МегаФон» аз муштариёнаш даъват мекунад, ки дар сурати дарёфти чунин SMS ба маркази тамоси ширкат тариқи телефони 907700500 ё дилхоҳ идораи фурӯш ва хизматрасонӣ хабар диҳанд.
Мӯҳр
Як каллобро доштед, офарин ! Акнун мегафони азиз нафси худатонро идора кунед ! Вакте, ки хисоби маблаг ва ё "банас" бо асъори хоричи, янеъ доллар кабул ва хисоб мешуд, барои зангхои дохилии ширкат дар баъзе тарофахо 1 (як) сент гирифта мешуд. Акнун, ки ба асъори милли гузаштанд, он 1- як сент ба 6-шаш дирам мубаддал гашт ! кариб ду дирам зиёд шуд. Вакте, ки мегафон ва хамаи ширкатхои мобили ба асъори милли гузаштанд, курби доллар 4,6 сомонои барои 1 доллар буд !

Хушёр
Бо ман хам 3-4 маротиба чунин паёмакхо омада буданд. Як дархост аз ин ракам омада буд: 43820946035 бо матни "Позвоните мне срочно 0043820946035", боз чанд маротибаи дигар аз раками кутохи 7070 занг зада буданд, ки ман ин паёмакхоро нодида гирифта, дархор кур мекардам ва занг намезадам. Эхтиёт бошед, хамватанон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)