Бахшҳо

Раиси ҲНИТ: Душмани дохилии суботи Тоҷикистон ҷасуру қавӣ шудааст (ВИДЕО)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар баёнияе гузоришҳои ахир алайҳи ҳизбашро тарҳрезишуда ва ҳадафмандона хондааст.

Дар баёнияи ҷаноби Кабирӣ гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии “таблиғоти густардае алайҳи ҲНИТ” эҷоди фазои адовату кина ва нобоварӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус нерӯҳои асосии сиёсии кишвар мебошад.

“Вақт, шакл ва муҳтавои ин маъракаи таблиғотӣ тасодуфӣ интихоб нашудааст. Дар арафаи ҷашни навбатии Ваҳдати миллӣ бо назардошти шароити ноҳамвори сиёсию иҷтимоии минтақа, бахусус ҳодисаҳои Украина ва дар оғози соли омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ шуруъ кардани ин таблиғот баёнгари он аст, ки ҳадафҳои тарроҳони ин барнома танҳо зарба задан ба ҲНИТ набуда, балки барҳам задани сулҳу субот ва оромии кишвар мебошад”,-гуфтааст Муҳиддин Кабирӣ.

Дар идомаи баёния омадааст, ки “аз услуб ва муҳтавои ин барномаҳо, инчунин шабоҳати онҳо ба барномаҳое, ки қаблан аз тариқи мақомоти расмӣ омодаву паҳн мешуданд, бармеояд, ки на ҳамаи курсинишинону мақомдорони давлатӣ ва афроди наздик ба долонҳои ҳукумат дар фикри сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвар мебошанд. Агарчи ин гуна афрод дар мақомот ва идораҳои давлатӣ ақалият мебошанд, вале бо истифода аз ваколату салоҳиятҳои дар ихтиёрдошта, он ҳам дар пӯшиши ҳимоя аз “сиёсатҳои роҳбарияти кишвар ва манфиъатҳои давлатию миллӣ” бо равиши “тафриқа андозу ҳокимият бирон” дунболи ҳадафҳои маҳдуди шахсӣ ва гурӯҳии худ мебошанд. Вагарна барои ҳар инсони солимақлу огоҳ маълум аст, ки барангехтани кинаву адоват нисбати ҳизби конститутсионӣ ва парлумонӣ, он ҳам як тарафи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, танҳо пояҳои суботи ҷомеъа ва амнияти миллиро заъиф мегардонад. Гузашта аз ин ин тарзи барномарезиҳо пеш аз ҳама бар зидди ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон равона гаштааст”.

Вакили парлумон меафзояд, ҲНИТ, ки дар авҷи қудрат ва тавонмандиҳои худ ба хотири миллату пойдории давлат сулҳ кард ва ҳазорҳо пайравони мусаллаҳашро дар тобеъияти ниҳодҳои расмии кишвар даровард, имрӯз аз тарафи ин доираҳо ҳамчун нерӯи барҳамзанандаи суботу оромиш муаррифӣ мегардад.

“Ба касе пӯшида нест, ки сиёсатҳои зиддинаҳзатӣ маҳз пас аз интихоботи парлумонии 2010 оғоз гаштанд, он ҳам аз тарафи мақомоти давлатӣ ва расонаҳои хабарии расмӣ. Нигаронии мо ҳам бештар дар ҳамин аст. Чӣ гуна дар мақомоти давлатӣ касоне кор мекунанд, ки сиёсатҳои ошкори зидди сулҳу субот ва ваҳдати миллиро роҳандозӣ намуда, фосилаи мардумро аз ҳукумат бештар месозанд, бо кадом ҳадаф ва алайҳи кӣ? Чаро ҳеч масъули баландпояе дастури ошкору қотеъ барои қатъи ин амалҳои иғвогарона содир намекунад ва касеро ҷазо намедиҳанд? Агар сулҳу ваҳдати мо душмани хориҷӣ дорад, ин табиист ва набояд аз ин нигарон бошем. Аммо нигаронии шадид ва нороҳатӣ он аст, ки ваҳдат ва суботи мо душмани дохилӣ пайдо кардааст ва онҳо беш аз пеш қавитару ҷасуртар мешаванд. Шояд вақти он расида бошад, ки роҳбарияти кишвар ҳамчун кафили амнияти давлат ва суботи ҷомеъа, инчунин имзокунандаи Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ин кор дахолат намуда, пеши роҳи тафриқаандозони миллатро бигирад?!”,-омадааст дар баёния.

Муҳиддин Кабирӣ дар идома навишта, ки дар ин ду се соли ахир ба хотири зарбаи иттилоотӣ расонидан ба тарафи дигар чеҳраи миллат ва дини худро хадшадор кардем. Аз ҳарду тараф тоҷикон ва тоҷикистониён якдигарро сиёҳ мекунанд, ки сазовори як миллати огоҳу худшинос нест. Новобаста аз он ки ин маъракаи таблиғотии нангинро алайҳи миллат ва дин кӣ оғоз кард, вақти он расидааст, ки ба он хотима дод: “даъвати мо бештар ба масъулин, аъзо ва тарафдорони ҲНИТ мебошад, ки то имрӯз аз сабру таҳаммули тоҷикона кор гирифтаанд ва бояд дар ин сиёсати худ устувору собит бимонанд”.

Ба қавли раиси ҲНИТ, “фарҳангу арзишҳои мо иҷозат намедиҳанд, ки аз равишу усулҳои мухолиф ба қонун, шариъат ва ахлоқ истифода намоем. Бояд дар чорчӯби фарҳангу ахлоқи исломию миллӣ, бо истифода аз тамоми имконоти мавҷудаи қонунӣ аз сулҳу ваҳдат ва ҳуқуқу обрӯи худ ҳимоят кард, ҳамон коре, ки то имрӯз кардаем, шояд боз ҳам ҷиддитару қавитар”.


Филми "Дар сояи мунофиқони ҲНИТ", ки 15-уми март дар Ютуб нашр шуд:

Мӯҳр
Hukumati imruza dusti mardum nest.

вали
ДУРУСТ!!!!!!!!
БО ФАРХАНГИ ВОЛОИ СИЙОСИ !!!!!!!!
БО МАШВАРАТИ ХАМАГОНИ!!!!!!
БО ИРТИБОТИ КАВИ БО ХУДОВАНД!!!!!!
ДАР НИХОЙАТ РАСТАГОРИ!!!!!!!

абе
соли 91 дар ёд ор огои кабри одама мисли хайвон кштанша нишон доден шарм дор камтар кабири охи 2 000 мурдаги мегирата

Саид
Аз аввал то охири ин тухматнома (онро "филм" нагуед, ки айб аст) ягон бор сурати рохбарони КУЛОБИИ ин хизб ба монанди Саидумар Хусайни, Саидиброхим Гадоев, собик командири хизб - Мулло Абдурахим на нишон дода мешаваду не дар бораашон сухан меравад. Махсусан Саидумар Хусайни, ки муовини якум ва депутати хизб асту бархилофи Махмадалию Хикматулло (ки хамеша бо сухану калам мубориза мебурданду мебаранд), Саидумар дар Афгонистон масъули штаби марказии куввахои мусаллахи ХНИТ ва мушовири Ризвон Содиров буд. Ин аломатест ба кулобихои хнит, ки "хотья вы тоже сукен сын, но наш сукен сын" (ибораи маъруфи Черчил). Ба фикрам проекти чалби онхо ва ба монанди мулло - Абдурахим ба "тавба" водор карданашон пеш рафтаистодааст. Кабири бо як тактикаи нозук, аммо бо номи зебои "чавон ва модерн кардани хизб" охиста-охиста каротегинихову вахёчихоро пурра аз рохбарияти хизб дур кард (ин факт аст: рохбар-файзободи, муовинхо: кулоби, хисори, исфараги.... тамом). Ин хам проекти кгб буд, ки Кабири огохона ва бо хамдасти, ё ноогохона (инро мо намедонем) онро амали кард. Зеро каротегинихо бештар аз дигар мардум мусулмон ва муътакиданд. Акнун кисми дуюми проект-чудо кардани кулобихои хизб аз дигарон амали шудаистодааст. Зеро баъди каротегинихо онхо (кулобихо) дар дин кавитаранд аз нигохи акида. Ин хам факт аст. Наранчед. Масалан хеч гох эмони файзободию (Кабири) хисорию (М. Хаитов) исфараги (В. Косиддинов) ба андозаи каротегини (Чалолиддин) ва Саидумару Саидиброхим (кулоби) кави нест ва буда хам наметавонад. Диндори хам менталитет аст. Дар хар махал хар хел ба вучуд меояд. Масалан шумо ягон дарвозию ванчи ё айнигию панчакентии мусулмоне, ки пурра исломро риоя кунад, меёбед? Не, албатта... вале каротегинию кулоби ва ё язгуломию мастчохи меёбед...
Аммо ногуфта намонад, ки ин тухматнома мисли тамоми "эчодиёт"-и кгб бисёр бехунарона таёр шудааст. Матни фач ва бемаза, хондани диктор аз он хам фачтар. Гуё талабаи синфи 5-и ягон мактаби миёнаи Айни ягон текстро аз китоби хониш дар пеши муаллим хонда гузарондос....

Нозир
Дар вакташ Туркия гурехта намерафти ва мардонавор дар интихобот иштирок мекарди, мардум тарафдорат мебуданд. Хамаро чазир карди, гумон карди, ки бо гурехтанат режим оромат мегузорад. Аммо бадтар шуд. Ба замми ин аз чонибдории бисёрихо махрум шуди.

Бехизб
Бо бадон бад бошу бо некон наку,
Чои гул, гул бошу чои хор, хор.

Бояд рохбарияти ХНИТ аз ин шиор кор бигиранд ва онро сармашки корашон карор диханд, чунки дар хама давру замон афрод ва гурухе, ки аз худ ва номуси худ дифоъ намекунад, мудом зери зулму тахкир карор мегирад. ХНИТ бояд хобро бархам зада, чавоби хамсон дихад, то тарафдоронаш эхсос накунанд, ки заъифанду танхо.

h
Tahammul kuned, tahammull.....

Salom ba Ozodagon Salom ba Xonandagoni Muhtaram, Man Felan dar Joi Koram soat ba wakti Olmon 00:53 in Xabarhoro mexonam. To raft Dilam az in Dawlatdori Rahmon bad meoyad, az dasti tu Badnomem dar tamomi dunyo charo in su istifoda az mansab mekuni ? ba Oghoi Kabiri guftaniam ki ( Isbiru wa sobiru ) Xudowand shumoro nigahbon boshad Oghoi Kabiri wa muwaffak boshed dilshikasta nashawed inshoalloh ki Piruzed
Tashakur

ахсан
Ин аст чавоби муносиб ба нафархое ки ба кадри сулх намерасанд.Офаррин устод шумо гамгин нашавед ин мунофикон рузе назди миллат чавоб хоханд дод.ва он руз хам хеле ва хеле наздик аст.

Ore! Mo boyad on ruzhoi ghamangezro faromush karda, bahri oyandai duraxshoni Tojikiston xushbin boshem.

Сорбон
Хамаро расво карданд, баъзе нахзатихо, бачабози, дузди, горатгари, зино. Хамаи ин факт аст, ки макомот ба мардум пешниход мекунад. Хамин корхоро агар хукумат накунад, хакикат пинхон мемонад. Ин профилактика аст, чаноби Кабири. Эхтиёт, эхтиёт и эхтиёт Ленин гуфтаги...

Хукумат бояд аз Кабири барин шахси тахамулгаро хирадпеша ва рохбари як хизб нуфуздор истифода кунад, натакиб. Хамин Кабири аст, ки ХНИТ тамоми фишорхои дар тули чандин сол охир паси сар кард. Лекин токат хам андоза дораду ........

Фируз
Нозир,
Мухтарам Нозир ту як беакл хасти, ки аз дахонат чи баромадааст намедони! Кабири вакте, ки ба Туркия рафт руи рот ба матбуот гуфт, ки "аз ин спектакл (яъне интихобот)-хам иштирок кардана бехтараш ба назди фарзандонам меравам". Тубаринхо лаганбардорон давлатро расво кардаен. Чизеки намедони бехтараш хомуш бош!!!

Назари мухолиф нисбати ХНИТ бо рохбарии Шумо суст ва тахамул пазир бахогузори гаштааст Аз ин ру истеъфои Шумо аз рохбарии хизб хам ба нафи хизб ва хаммаслакон ва хам хизби кудрат хохад шуд ва бовар кунед ки ин барномахои ба гуфти шумо сохта аз байн хохад рафт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)