Бахшҳо

Қоҳир Расулзода: Дашти Мирзочӯл ба боғистон табдил ёфт

Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд дар хоҷагии деҳқонии «Бахт»-и ноҳияи Зафаробод  бо мардуми ин минтақа мулоқот намуд.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, ҷаноби Расулзода пеш аз мулоқот дар маросими ифтитоҳи бинои тозабунёди мактаби таҳсилоти умумии рақами 7, деҳаи Қипчоқи ноҳия ширкат варзида, хонандагону омӯзгорони мактабро ба истиқболи ҷашни  20–солагии истиқлол ва бунёди мактаби замонавӣ табрику муборакбод намуд.  

Райиси вилоят аснои суханронӣ дар назди сокинони ноҳия иброз дошт, ки   Зафаробод ноҳияе мебошад, ки дар натиҷаи азхудкунии замини бекорхобидаву ташналаби Мирзочӯл таъсис ёфтааст. Мардуми ободгари ин диёр аз баракати рафоқату дӯстӣ, мушкилнописандиву меҳнатдӯстӣ, ободкорию созандагӣ биёбони хушку беобро ба шаҳракҳо ва деҳаҳои ободу сарсабз табдил додаанд. Расулзода афзуд, тайи 20 соли аввали мавҷудияти ноҳия тамоми хароҷотҳое, ки барои бунёди он масраф гардида буд, пӯшонида шуда, соҳаи асосии он - кишоварзӣ ба соҳаи сердаромад табдил ёфт. Аз оғози азхудкунии заминҳои навкорам то имрӯз деҳқонони ноҳия бештар аз 1 миллиону 350 ҳазор тонна пахта, 150 ҳазор тонна сабзавот, 420 ҳазор тонна полезӣ, 88 ҳазор тонна гӯшт, 149 ҳазор тонна шир истеҳсол намуданд.Мардуми ноҳия бо пахтакорон, ғаллапарварон, сабзавоткорон ва чорводорони номии худ на танҳо дар миқёси вилоят балки дар тамоми ҷумҳурӣ шӯҳрат ёфтаанд.

Дар қисмати дуввуми мулоқот наздик 30 нафар сокинони ноҳия ба раиси вилоят бо арзу дархост ва шикоятҳояшон муроҷиат намуданд.Бо супориши Қоҳир Расулзода муроҷиати сокинон мавриди омӯзиш ва баррасии масъулини дахлдор қарор хоҳад гирифт. Зимнан, бо супориши райиси вилоят ба 3 нафар ашхоси ниёзманди ноҳия иштирокчии ҶБВ Поччобой Эргашев, маъюбони гурӯҳи 2 Парихон Дӯстова ва Зулфия Шомардонова аробачаҳои маъюбӣ тақдим гаштанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)