Бахшҳо

Тақсими мерос: Ҳақталошии собиқ маҳбус барои хона (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Азам Отчилов, сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, ки як муддат равонаи зиндон шудааст, феълан бехона мондааст. Ӯ мегӯяд, манзили зисти аз волидайн меросгирифтаашро хоҳари калонияш замони дар маҳбас будани ӯ аз худ кардааст.

Азам Отчилов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки замони шӯравӣ дар ин хона ҳамроҳ бо додар ва хоҳарҳои дигараш зиндагӣ кардааст. Ӯ таъкид намуд, ки хоҳари калонияш умуман дар ин хона зиндагӣ намекард, чун ӯ соли 1970 шавҳар карда буд, вале хонаро модарашон соли 1975-ум гирифтааст: “Модарам соли 1988 аз олам гузашт. Бо мурури замон ҳамаи апаю хоҳаронам оила барпо намуда, аз ин манзил кӯчида рафтанд. Пас аз вафоти модарамон дар манзил ман, падарам ва додарам зиндагӣ мекардем. Соли 1994 бинобар дуздӣ маро ба ҳабс маҳкум карданд ва то соли 2002 адои ҷазо намудам. Ҳангоми дар маҳбасхона буданам, соли 1999 падарам ва соли 2002 додарам вафот кардаанд.”

Отчилов мегӯяд, хоҳари бузургаш Саида Аҳмадбекова, ки ҳанӯз соли 1970 шавҳар карда, дар хонаи шавҳараш зиндагӣ мекардааст, даъвои хонаи ӯро дорад: “Апаам дар қайди ин манзил набуда бо модарам дар ин хона умуман зиндагӣ накардааст. Ӯ бо ҳамсараш Ҳусейн Аҳмадбеков барои ба хона ворид шудани ман монеъ шуда, таҳдид мекарданд, ки ман қаблан суд шудаам ва агар ба хона ворид гардам, нисбати ман оиди дуздии пулашон ва ё ба дигар чиз туҳмат карда, дубора суд мекунанд. Боз ба ман ду соат муҳлат доданд, ки аз шаҳр баромада равам. Ман аз ин тарсида кӯшиш мекардам, ки ба манзил камтар омада истиқомат кунам. Ҳамин хел чанд сол давом кард ва дар ниҳоят ман маҷбур шудам ба додгоҳ муроҷиат кунам.”

Отчилов мегӯяд, ҳадди ақал ҳамчун як фарзанди ин оила ҳаққи зиндагӣ дар онро дорад, аммо хоҳараш ӯро намегузорад: “Хоҳари калониям ҳамроҳ бо шавҳараш худсарона ва ғайриқонунӣ худро дар қайди манзили ман гузоштаанд.”

Отчилов илова намуд, ки Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва баъдан додгоҳи Душанбе қазияро ба фоидаи ӯ ҳал кард. Аммо баъди шикояти хоҳараш Додгоҳи Олӣ дубора парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳи Фирдавсӣ баргардонд. Отчилов мегӯяд, Додгоҳи Олӣ қарор кард, ки гӯиё ӯ ду ҳуҷҷатро пешниҳод накардааст, аммо вақте муроҷиат намудааст, мушаххасан ба ӯ нафаҳмондаанд, ки чӣ гуна ҳуҷҷатҳои дигарро бояд пешниҳод кунад.

Собиқ маҳбус афзуд, ки баъди муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва давутозҳои дигар феълан парвандаи ӯ дубора ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ равона шудааст. Дилрабо Назарова, вакили дифои Азам Отчилов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, зимни омодасозии парвандаи додгоҳӣ, ки имрӯз, 18-уми март сурат гирифт, пешниҳод карданд, ки ҳадди ақал аз ин хонаи 5 ҳуҷрагӣ як ҳуҷра барои зерҳимояаш ҷудо шавад, аммо хоҳарбузурги ӯ ин дархостро рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол Назокат Дадабоева, хоҳари дигари Азам Отчилов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, хонаро ҳамаи хоҳарҳояш ба Азам бахшидаанд, “аммо аппаи калониямон намегузорад, ки ӯ ҳадди ақал ҳамроҳашон зиндагӣ кунад. Дар ҳоле, ки ин хона панҷҳуҷрагӣ мебошад ва моли қонунии Азам асту аппаи калониямон умуман дар қайди ин хона набуд.”

Саида Аҳмадбекова, хоҳарбузурги Азам Отчилов дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, дар қайди хона аст, вале аз шарҳи бештари қазия худдорӣ намуд.


Мӯҳр
BRAVO
E mardaki khub bra apata kati shush dam bigiran

Умед
Худованд нигахбон бошад!!!

Рустам
Фарзанди падар ки душман шуд, дигар душмании бегона маъное надорад. Бояд хона баргардонида шавад мухтарам судияхо!

amu shui apai ami Azam boyad mardonavor khonara ami bechorada suporad! MARG BA IN KHEL FARZANDI PADAR KI BA BARODARI KHUD DUSHMANI MEKUNAD!

oxiri zamon-naxod barodaratro ba xonai padaraton roh natied.yo yak xonagi xarida tied barodaratonba be insofi ast oxir.

Фарунас
Шарм дор Саида Аҳмадбекова!! наход, ки фарзанди як падару модареду нисбати бародари худ инхел рафтор мекунед!!! Шавхарат бошад мард не баръакс номард будаст. хунари кун кори худут мехнат кун сохиби молу мулк шав номард. Дар Точикистон ба гайр аз чон хамаи чизро харида мешавад хол гап дар бораи судя рафта истодааст.

Пе бул суханат аср надорад......!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)