Бахшҳо

Сипоси Раҳмон ба бинокорони мактаби 8 ва дастур барои фаъолшавии макотиби хусусӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19-уми март дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи рақами 8, ки аз ҷониби ширкати марбут ба Зайд Саидов-“Тоҷсохтмон-байналмилал” бо маблағгузории давлат бунёд гардидааст, иштирок намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш ҳозиринро бо фарорасии Наврӯз табрик карда, ба бунёдкорони мактаб изҳори сипос намудааст: "Ба муҳандисону бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар як муддати кутоҳ чунин иншооти зебову муҷаҳҳазро сохта, ба наслҳои ояндасози халқамон туҳфаи арзандаи идона муҳайё карданд, изҳори сипос менамоям."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ба сифати таълим дар макотиби миёна дахл карда, таъкид намудааст, барои беҳбуди он фаъолияти мактабҳои хусусӣ густариш ёфта, рақобати солим таъмин гардад: “Сарфи назар аз фаъолияти теъдоди зиёди мактабҳои хусусӣ беш аз 90 фоизи хонандагон дар таълимгоҳҳои давлатӣ таҳсил менамоянд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати таъмини рақобати солим байни мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар самти беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва амалигардонии усулу барномаҳои инноватсионии таълим дар мактабҳои кишвар, сарфи назар аз шакли фаъолияташон, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.”

Тавре қаблан Ҳамидуллохон Фақиров, сардори раёсати маорифи Душанбе хабар дод, мактаби нав барои 1 ҳазору 354 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Ӯ гуфт ба мактаби нав бозгашти тамоми хонандагону омӯзгорони мактаби куҳнаи рақами 8 дар назар буда, мактаби рақами 14 низ ба бинои нав интиқол меёбад.

Масъулини маориф мегӯянд, аллакай баъди иди Наврӯз дар мактаби нав дар маҷмуъ 1652 хонанда бо таълим фаро гирифта хоҳанд шуд. Мактаби нави рақами 8 аз 6 бино, аз ҷумла 59 синфхонаи дарсӣ, утоқҳои рақсию компютерӣ, толори варзишӣ, ошхонаи калон, маҷлисгоҳ ва ҳавзи шиноварӣ иборат аст.
Мӯҳр
додгар
Зайд худаш бад аммо пулу кору идея ва хидматҳош нағз

Адолат
Дар маросими ифтитохи мактаби мазкур хатман ватандусти сарсупурдаи миллати точик мухтарам Зайдулло Саидовро аз махбас даъват намоед, ки ин бино махсули хуни чигари ин шахси сахи аст. Замоне мешавад, ки ин мактабро ба номи Зайд Саид номгузори мекунанд ва тантанаи адолати таърихи мешавад.

нигин
МУБОРАК ШАВАД!!!!!!
АКАЧОНИ ЗАЙД ДАР ЗИНДОН ХАМ ФАОЛИЯТ ДОШТААСТ.БА КУРИИ ЧАШМИ ВАТАНФУРУШОН.

инсоф
зайд ягон ба хамин милат хизмат накардааст пули хамин халкро дуздида мардбачахои точик азоб кашида сохтумонхоро сохтанд

ХИЗМАТХОИ МАРДОНИ ОЗОДА ХАМЕША ПАСИ ПАРДА МЕМОНАНД ЧИХЕЛЕ КИ ДАР УРФИЯТ МЕГУЯНД:"АЗ ХИСОБИ ШОЛИ КИРМАК ОБ МЕХУРАД".

Точик
Бисёре аз коргарони вазорат ки пештар вазираш Зайд Саидов буд, Зайдро таъриф мекунанд, "мисли Зайд Саидов дигар вазир ёфт намешвад".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)