Имрӯз, 19 март бозиҳои даври ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре аз ФФТ хабар доданд, соати 12:00 дар майдони сунъии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тимҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб барои ҷои сеюм мубориза мебаранд. Соати 15:00 бошад, “Хайр”-и Ваҳдат бо “Истиқлол”-и Душанбе барои Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон ба майдон хоҳанд баромад.
Мӯҳр