АКС: Чойхонаи миллӣ бо акси Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябр мавриди истифода қарор мегирад

Чойхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар шафати хиёбони Исмоили Сомонӣ дар соҳили кӯли ҷавонон бунёд ёфтааст, расман рӯзҳои наздик ифтитоҳ шуда, пурра моҳи сентябри соли равон ба истифода дода хоҳад шуд.
Тавре бинокорони чойхона ба “Озодагон” гуфтанд, интизор меравад, ки чойхона 1-уми апрел расман ифтитоҳ гардад, аммо ба далели корҳои зиёди анҷомнаёфта пурра ин чойхона дар арафаи ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Ин чойхона, бо усули миллӣ сохта шуда, дар даромадгоҳи он расми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар иҳотаи ҷавонону солхӯрдагон нақш ёфтааст.
Қаблан сомонаи eurasianet.org арзиши ин чойхонаро беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кард, ки тақрибан як дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин сомона бо зикри чанд бинои нави фарҳангию фароғатӣ ва баландтарин парчам дар Тоҷикистон, таъкид намудааст, ки маблағгузори ин иншоот ширкатҳое мебошанд, ки аз раисиҷумҳур назари некро интизоранд.
Чойхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе дуюмин баъди чойхонаи “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки бо харҷи даҳҳо миллион доллар бунёд ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки чойхонаи Душанбе калонтарин дар ҷаҳон хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |