ВКД: Аз ду амалиёт беш аз 15 кг маводи нашъадор мусодира шудааст
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар пайи ду амалиёт зиёда аз 15 кило маводи нашъадор мусодира кардаанд.
Бино ба иттилои торнамои Вазорати умури дохилӣ, дар амалиёти аввал кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Восеъ Шеравган Шарифов, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи мазкур, Рустам Назриев, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе ва Бахтиёр Қурбонов, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Фархорро бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд: “Дар вақти кофтукови сумкаи варзишии Шеравган Шарифов 13 килою 764 грамм маводи сахттаъсири ҳероин ёфт ва мусодира карда шуд”.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ зимни як амалиёти дигар дар ҳудуди шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и сокини шаҳри Кӯлоб, Саидкарим Ҳаётов 1 килою 377 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш” мусодира шудааст.
“Нисбат ба ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад”,-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |