Боздошти наздики 100 муҳоҷири тоҷику узбак дар ноҳияи Красногорск
Ҳудуди 100 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Красногорски вилояти Маскав боздошт шудаанд. Бино ба иттилои расонаҳо ин афрод дар пайи рейдҳои вижа боздошт шуда ва гуфта мешавад, ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ мекардаанд.
Сарраёсати умури дохилии вилояти Маскав гуфтааст, пулис амалиёти худро аслан дар иншоотҳои сохтмонӣ анҷом додааст.
Гуфта мешавад, нисбат ба дастгиршудаҳо протокол дар мавриди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бо далели созмон додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |