Бахшҳо
26 мар 2014 09:37Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Сипоси Раҳмон ба президенти ФИФА ва тавсиф аз Рустами Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъд аз зуҳри 25-уми март дар мулоқот бо президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер, масоили вобаста ба рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш дар Тоҷикистонро баррасӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Йозеф Блаттер “Соли футболи оммавӣ” дар Тоҷикистон эълон гардидани соли 2014-ро шоистаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки “иштирок дар маросими оғози татбиқи ин ташаббус аз ҳадафҳои сафар”-и ӯ ба Тоҷикистон аст.

Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон ба Йозеф Блаттер барои дастгириҳои ФИФА аз рушди футбол дар Тоҷикистон арзи сипос кардааст: “Инчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба бунёди инфрасохтори варзишӣ, аз ҷумла доир ба сохтмони варзишгоҳҳо ва дигар иншооти ин соҳа ва тарғибу ташвиқи насли наврас ба тарзи ҳаёти солим боиси рушду тараққиёти босуръати футбол ва дигар намудҳои варзиш дар Тоҷикистон хоҳад шуд.”

Йозеф Блаттер аз натиҷаи мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, “мо ба ҳамин фикр расидем, ки футбол василаи хуби муттаҳидкунандаи миллатҳост.” Президенти ФИФА дурнамои футболро дар Тоҷикистон хуб гуфта, аз Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон тавсиф намуда, ӯро ҳамчун ҷавони серҳаракату болаёқат арзёбӣ намуд.

Йозеф Блаттер инчунин майдони сунъии варзишгоҳи марказӣ, ки бо мадади ФИФА бунёд шудааст, ифтитоҳ намуда, бозии футболи дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлобро барои Шоҳҷоми Тоҷикистон тамошо ва баъдан Ҷоми олиро ба дастаи ғолиб-“Истиқлол” супорид.


АКС: Сипоси Раҳмон ба президенти ФИФА ва тавсиф аз Рустами Эмомалӣ

АКС: Сипоси Раҳмон ба президенти ФИФА ва тавсиф аз Рустами Эмомалӣ

АКС: Сипоси Раҳмон ба президенти ФИФА ва тавсиф аз Рустами Эмомалӣ

АКС: Сипоси Раҳмон ба президенти ФИФА ва тавсиф аз Рустами Эмомалӣ
Мӯҳр
Ин муаррифии Йозеф Блаттер аст, ё муаррифии Рустамчик! Дар аэропорт болои колинхо. Чазабаи хирадмандона. Хамин кабулро дар аэропорт агар ягон вазиру раиси кумита мекард пропка барин мепарид. Вале хамаи ин худнамоихо аз чашми ахли башар дур намомонад. Йозеф, фирефтаи худнамоии як гурухи одамони Точикистон нашав. Туро чахон мебинад.

Ма ай кисаи хдм колинора харида таги пои бачаи шохда пртофтм ! Ягон гапай?
Оянда рустам президентай ма директори аэропорт!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)