Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати вазирон озими Кобул шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми март барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Афғонистон сафар кард.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири нақлиёт Хайрулло Асозода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |