Бахшҳо
26 мар 2014 10:56Тоҷикистон / Сиёсат

Авҷи сиёҳкунӣ дар арафаи Интихобот-2015: Шеваи мубориза ё тарс?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Барои баргузории интихоботи парлумонии соли 2015 камтар аз як сол боқӣ монд. Воридшавии неруҳои сиёсӣ ҳам бо ҳар роҳу шева ба фазои пеш аз интихоботӣ мушоҳида мешавад. Агар дар давлатҳои дигар ҳизбҳо барои баранда шудан дар интихобот аз ташвиқу тарғиб кор бигиранд, дар Тоҷикистон ба назар мерасад, ки бо роҳи сиёҳкунӣ мехоҳанд, рақиби худро ба чашми мардум ҳақир кунанд.

Рақиби аслии ҳизби ҳоким боз ҲНИТ аст

Ҳафтаи сипаришуда дар сомонаҳои интернетӣ навори “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” паҳн гардид. Шореҳ дар филми мазкур, ки бештар аз 12 дақиқа буд, умдатан атрофи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаводиси Хоруғ гуфта, барои нооромиҳои кишвар ҲНИТ-ро гунаҳкор медонист. Коршиносон мегӯянд, ки навори мазкур дар остонаи интихоботи парлумонӣ бесабаб пайдо нашуда, ин маънои онро дорад, ки дар интихоботи соли 2015 ҳизби ҳоким ҲНИТ-ро рақиби аслии худ мешуморад.

Абдулқаюми Қаюмзод, шореҳи масоили сиёсӣ мегӯяд, ки аз фазои феълии кишвар метавон хулосабарорӣ кард, ки интихоботи соли 2015 ба манфиати нерӯи ҳоким анҷом хоҳад ёфт. Абдулқаюми Каюмзод бо ишора ба фишорҳо ва навори охир алайҳи ҲНИТ гуфт, ки бо ин ҳизби ҳоким рақиби аслии худро муаррифӣ кард. Номбурда гуфт, ки агарчӣ мубориза шуруъ шудааст вале ҳамоно фазои пеш аз интихоботӣ эҳсос намешавад.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки омодагии аҳзоби сиёсӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҳеч вақт қатъ нагардида буд. Ба гуфтаи Муллоҷонов баъди интихоботи парлумонии соли 2010 неруҳои мухолиф ва ҳизби ҳоким мубориза ва омодагии худро барои ширкат дар маъракаи соли 2015 идома доданд: “Аммо ин муборизаҳо ҳамакнун авҷ мегирад. Чизе гуфтан барвақт аст. Вале муборизаҳо барои курсиҳои парлумонӣ шадидтар хоҳад буд. Ман гумон мекунам, ки фишор болои аҳзоби сиёсӣ зиёдтар мешавад. Ҳизби ҳоким аз рафти тамоми воқеоти сиёсӣ назорат хоҳад кард. Ҳизби ҳоким талош хоҳад кард, то ҳамон пирӯзии худро аз даст надиҳад. Ва барои ин аз тамоми роҳу имконият истифода мекунад.”

Шароит барои ҳамаи аҳзоб баробар хоҳад буд?

Лоҳутӣ Сафаров, масъули Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки ворид шудан ба корзори интихоботи парлумонии соли 2015 расман эълон нашудааст. Мушоҳида мешавад, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои ширкат дар ин маърака омодагӣ дошта, мавқеи худро мустаҳкам мекунанд: “Барои пирӯз шудан дар ин маърака ҳизбҳоро танҳо лозим аст, ки барномаҳои пешазинтихоботии худро хеле ҷиддӣ таҳия намоянд. Ҳизбҳо бояд барномаи худро тавре таҳия намоянд, ки он фарогири ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.”

Лоҳутӣ Сафаров дар идома гуфт, ки интихоботи соли 2015 аз интихоботи қаблии Маҷлиси Олӣ бартарӣ хоҳад дошт. Номбурда бо ишора ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ” гуфт, ки ин барои баргузории як интихоботи озод, демократӣ ва шаффоф замина мегузорад.

Интихоботи соли 2015 ношаффофтар хоҳад буд

Масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар ҳоле тағйироти ворид шударо заминаи баргузории як интихоботи шаффоф ва демократӣ мегӯяд, ки ба андешаи Абдулқаюми Қаюмзод интихоботи соли 2015 аз интихоботҳои қаблӣ фарқияте нахоҳад дошт. Оқои Қаюмзод мегӯяд, ки парлумони Тоҷикистон он тағйиротеро ворид кард, ки он танҳо барои ҳизби ҳоким имтиёз медиҳад: “Мутаассифона, ин иловаҳои воридкарда ҳеч умедеро барои интихоботи шаффоф намедиҳад. Ин тағйироти воридшуда ба манфиати ҲХДТ аст. Барои мисол ҳизбҳои сиёсӣ ҳамоно наметавонанд дар ҳисобгирии овозҳои мардум ширкат кунанд. Яъне, қисми аслии интихобот ҳамоно дар ихтиёри ҳизби ҳоким аст.”

Дар ҳамин маврид Парвиз Муллоҷонов гуфт, ки парлумон лоиҳаи пешниҳодкардаи вакилони ҳизби ҳокимро қабул намуд, лоиҳаҳои ҲНИТ ва ҲКТ ҳам дар баррасии субъектҳои қонунбарор қарор дорад. Оқои Муллоҷонов мегӯяд, ки агар парлумон тағйироти пешниҳодкардаи аҳзоби мухолифро қабул накунад, пас шаффофияти интихоботи соли 2015 комилан зери суол хоҳад рафт.

ҲХДТ барои рақобат ҳамоно омода нест?

Бо ин ҳама Абдулқаюми Қаюмзод муътақид аст, ки интихоботи парлумонии соли 2015 аз интихоботи қаблӣ бадтар мешавад. Номбурда гуфт, ки лоиҳаи вакилони ҳизби ҳоким барои расмиёт қабул гардид, зеро созмонҳои байналмиллалӣ ва аҳзоби мухолиф аз баргузории интихоботи соли 2010 интиқоди шадид карда буданд. Дар сурати ғайр мегӯяд номбурда, вакилони ҲХДТ дар лоиҳаи худ метавонистанд бандҳои аслии пешниҳодкардаи аҳзоби мухолифро ворид кунанд. Аммо дар лоиҳаи қабулкардаи парлумон ҳатто ишорае барои ширкати нозирони аҳзоби мухолиф ҳангоми ба ҳисобгирии овозҳои мардум набуд: “Бо сарфи назар кардани пешниҳодоти аҳзоби мухолиф – ҲНИТ, ҲКТ ва ҲСДТ исбот намуд, ки ҲХДТ барои ширкат дар як интихоботи комилан озоду шаффоф омода набудааст. Ҳаминро метавон гуфт, ки пас аз истиқлол, яъне дар замони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳеч интихоботе дар Тоҷикистон шаффоф баргузор нашудааст”.

Номбурда мегӯяд, ки агар фишор болои аҳзоби мухолиф шадидтар шавад, ин ҳам танҳо ба далели он аст, ки мақомот дарк кардаанд, ки мардум дар ин авохир аз низоми мавҷуда норизо ҳастанд. Абдулқаюми Қаюмзод мегӯяд, маълум аст, ки агар аҳзоби мухолиф, ба хусус ҲНИТ дар интихоботи парлумонӣ ширкат кунад, мардум на ба хотири ақоиду аҳдофи ин ҳизб, балки танҳо барои ибрози норизоии худ аз низоми кишвар ба ин ҳизб ва ё ҳизби дигари мухолиф овози худро хоҳанд дод. Абдулқаюми Қаюмзод мегӯяд баъид нест, ки ҳизби ҳоким барои таблиғу ташвиқ ба ҲНИТ ва ҲСДТ монеаи бештар эҷод бикунад.

Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, аз ин миён коршиносон танҳо чор ҳизб- ҲХДТ, ҲНИТ, ҲКТ ва ҲСДТ-ро ҳизбҳои воқеӣ медонанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҲДТ ва ҲСТ ҳоло мушкили дохилиҳизбӣ дошта, ҲАТ, ҲИИТ танҳо дар арафаи интихобот аз худ “дарак” медиҳанд.

Коршиносон мегўянд, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот, ки ахиран аз ҷониби парлумон сурат пазируфт, танҳо ба хотири ҳисобот ба созмонҳои байналмилалӣ буда, барои шаффофтар баргузор шудани интихоботҳои минбаъда замина нахоҳад гузошт. Мантиқан илова гардидани банди “муқобили ҳамаи ҳизбҳо” дар блютени овоздиҳӣ чӣ аҳамият дошта метавонад? Охир шахсе, ки муқобили ҳамаи ҳизбҳост метавонад, ки аслан ба интихобот наравад ё ҳамаи ҳизбҳоро хат кашад. Бо кадом асос метавон гуфт, ки банди зикршуда ба шаффофтар гузаштани интихобот мусоидат мекунад?
Мӯҳр
Мухаммад
Бори дигар бовари хосил кардам, ки Абдулкаюми Каюмзод вазъияти сиёси ва хакикати дар чомеа чойдоштаро дуруст ва амик дарк мекунад, чашми хакбин дорад ва бахои вокеи дода метавонад ва ояндаро возех пешгуи мекунад. Махз чунин шахсиятхо метавонанд ватану миллатро дар арсаи чахони сарбаланд намоянд.

Тахлилчи
Тахаммул када гадит. Ин интивота хам бой митит.

Мухочир
мардум аз низоми мавҷуда сахт норизо ҳастанд ва танҳо барои ибрози норизоии худ аз низоми кишвар ба ҳизбхои дигари мухолиф овозхои худро хоҳанд дод. Гуфтахо сад дар сад дуруст мебошанд. То кай дар кишвар як авлоду кабила зиндагии шохона мебаранду,кулли мардуми точик дар мухочирати мехнати дар Россия мебошанд.

Сын майора не может стат генералом, потому, что у генерала свой сын... .

ман бовари дорам хизби халки демократи голиб мешавад барои он ки тарафдори зиед дорад баъд аз хакикат кор мегирад аз хнит мардуми бечора як бор фиреб хурд милиардхо доларе ки аз арабхо чаъм шуд ба кисаи мулонурию мулокабири рафт ба халки бечора чи

Дехкон
Интихобод чи даркор охир аз дигар шудани тамошобин сценарияи спектакл тагир намеебад.барои мо хизбу депутат не барк лозим

Замонаохир шавад чупонхо сардор мешанд донишмандон подачи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)