Бахшҳо

Таассуфи собиқ сарвазири Русия аз муносибати ҳукумат бо ҲНИТ

Евгений Примаков, собиқ сарвазири Русия ва яке аз ташаббускорони музокироти сулҳи тоҷикон фишорҳо алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро иштибоҳҳои такрорӣ хондааст.

Примаков рӯзи 24 март дар мулоқот бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ҳабс гардидани Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ин ҳизб дар замони шӯравиро иштибоҳ хонда, гуфтааст, “мутаассифона имрӯзҳо ҳам гоҳо ин гуна иштибоҳҳо такрор мешаванд, ки ба нафъи кор нестанд.” Ӯ инчунин ба ҳодисаҳои ахири Тоҷикистон дахл карда, сиёсати пешгирифтаи кунунии ҲНИТ-ро яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи суботу амният дар кишвар ҳисобидааст.

Сарвазири пешини Русия дар идома вазъи феълии минтақаи Осиёи Марказию Украина ва нооромиҳои ҷаҳони Ислом, аз ҷумла ихтилофоти мазҳабию рушди ифротгароиро бо раиси ҲНИТ ба баҳс кашида, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои мардумро дар ин марҳалаи ҳассос ҷиддӣ ва калидӣ хондааст: “Ҷанг ва сулҳи тоҷикон намунаи возеҳи иштибоҳҳоест, ки ба ҷанг бурданд ва дар ислоҳи ин иштибоҳҳо корҳои зиёде анҷом гирифтанд.

Муҳиддин Кабирӣ низ дар навбати худ аз талошҳои Примаков барои ба даст омадани сулҳи тоҷикон дар пайи нооромиҳои дохилии Тоҷикистон қадрдонӣ карда, таъкид кардааст, ки миллати тоҷик заҳматҳои ӯро фаромӯш нахоҳанд кард. Раиси ҲНИТ дар мулоқоташ бо собиқ сарвазири Русия дар мавриди ҳамкориҳои дуҷонибаи Маскаву Душанбе ибрози назар карда, аз Кремл даъват кардааст, равобити худро бештар бо миллату мардум ба роҳ монад, на ҳукумату гуруҳҳои алоҳида: “Натиҷаи шарикии Тоҷикистону Русияро бояд миллатҳо эҳсос кунанд ва таъсири ин ҳамкориҳо ба зиндагии миллатҳо ошкор бошад, на ба гурӯҳҳои алоҳида ё мансабдороне, ки аз ин ҳамкориҳо сӯистифода мекунанд.

Раиси ҲНИТ ҳафтаи гузашта сафареро ба шаҳри Қазони Русия анҷом дода буд. Ба иттилои дафтари матбуотии ҲНИТ ин сафар бо даъвати ҷониби Қазон сурат гирифта, Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 20 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Федеролии Қазон дар мавзӯъи “Равандҳои сиёсии минтақаи АруОсиё, дурнамои ҳамкориҳои Русия БО кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши исломи муътадил Дар ҳифзи суботи минтақа” суханронӣ карда буд.
Мӯҳр
Хасан Рухони
Офарир Кабири барои дар оянда аъзоёни хизбат муваффак шудан ту бояд бо Федератсияи Россия алока пайдо куни!!!

Муаллим
Дар Точикистон хам агар референдум мегузарониданд, навад фоизи мардум ба хамрох шудан ба хайати Россия овоз медоданд ва мо мехохем,ки референдум оиди ба хайати Россия дохил шудани Точикистон, гузаронида шавад. Аз ин зиндагии кашшокона,бе чои кор,маошхои паст, порагири,хешутаборбози,рохбарони ноухдабаро , ноадолати дилсард шудаем. РЕФЕРЕНДУМ!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Рафик кабири шумо ки хастед, ки аз номи 8 млн одам ба примаков ташаккур барои тинчии точикистон мегуед?
Э бародар дар интихобот партияат 0,0003 фоиз гирифт ана аз номи хамон интихобкунагдагони худ яьне аз номи партияи худ сипос гуй, на аз номи мо!
Аз номи мо шукр президент хаст даркор шавад рахмат ва даркор шавад барои мутилагишон лаьнат мегуяд!
Так что кабири давай до свидания!

Кабири чура ту лучше дар бораи точиккуши ва ксенофобияю фашизм бо примаков гап мезади. Е мегуфти ки точикхои спискаи сиехро авф кунанд ки шербачахо рафта зиндагишона бех кунанд.
Корхотон фааат лофзани, э рахмат э мархамат, проблемаро хамчун хизби оппозитсиун чаро намебардорен?
Чаро яб бор намеген ки спри точика гов барин ки гирифт ва мо ба ин одамкуши чи хел чавоб гардонем?

Хомид Карзай
Офарин Кабири!!!

мухочир аз русия
ХУДОВАНД САФИ ТУБАРИН ЧАВОН МАРДОН ГАМХОРИ МИЛАТРО ЗИЁОД ГАРДОНАД КИ ТОЧИКСТОНИ МО ОБОДУ ЗЕБОТАР ШАВАД ДАР ПАНОХИ ХУДОВАНД БОШЕД

Ассалому алекум, мо дар шахри Казонь зиёда аз 10 сол зиндаги дорем, пешаки гап зананд точикхоро мо хам хак дорем омада гуш кунем суханрониашонро ва мехмондори кунем бародарони точикро.

Яъкуб.
Хамон масехихо аз ин мусалмонони хукуматдорони мо зиедтар ба Ислом эхтиром доранд.Онхо мегуянд бояд мо баъзе аз конунхои Исломро дар сарконун чо кунем.(шаробу фарзанддору падару модаро эхтиром гузоштан)Аммо дар мо сол ба сол аз Ислом мехоханд мардумро дур созанд.(манъи сатру ришу масчидравии чавонон).......

батик
Fozil,
Лаганбардори фозил. Давай тебе скажем досвидания. Устод храни Вас Аллах всегда и везде.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)