Бахшҳо
27 мар 2014 11:53Хабарҳои ҷаҳон

Истиқболи салафиёни Миср аз номзадии Сисӣ дар интихобот

Ҳизби исломгарои салафии “Нур” дар Миср аз эълони номзадии Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ба мақоми президентӣ истиқбол кардааст.

Ҷаллол Марра, дабири кулли ин ҳизб гуфтааст, тасмими Сисӣ барои пешбарии номзадияш ба мақоми президентии Миср ҳаққи шаҳрвандии ӯст. “Сисӣ ба мисли фарзандони фарзонаи дигари Миср ҳақ дорад, дар интихоботи президентӣ иштирок карда, бо ноил шудан ба ин мақом барои пешрафти давлати худ дар ин марҳаллаи басо ҳассосаш саҳм гузорад.”- афзудааст ӯ.

Дабири кулли Ҳизби исломгарои салафии “Нур” шаҳрвандони кишварашро ба ҳамнавоӣ даъват карда, гуфтааст, “имрӯз кишвари мо ба гирдиҳам омадани фарзандонаш зери як парчам ниёз дорад, то дубора макону манзалати худро дар олам соҳиб шавад.” Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Миср, ки ҳамзамон симати вазирии дифои кишварашро бардӯш дорад, аз мансаби худ истеъфо дода, расман номзадии худ ба мақоми президентиро эълон кардааст.

Абдулфаттоҳ Сисӣ яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи президентии Миср ба шумор меравад, ки қарор аст, моҳи апрели соли равон баргузор шавад. Генерал Сисӣ асосгузори кудетои низомии Миср аст, ки ба сарнагунии ҳукумати тозатаъсиси Муҳаммад Мурсӣ сабаб шуд. Коршиносони мисрӣ мегӯянд, азбаски Сисӣ аз пешбарии номзадияш дар ин интихобот хабар додааст, майли сиёсатмадорон барои иштирок дар ин корзори сиёсӣ нисбат ба интихоботи қаблӣ, ки бо пирӯзии Мурсӣ анҷом ёфт, хеле кам эҳсос мешавад. То кунун танҳо Ҳамдейн Сабоҳӣ, асосгузори Ҳаракати мардумии Миср, аз пешбарии номзадияш дар интихоботи президентии ояндаи ин кишвар хабар додааст. Дар интихоботи президентии ахири Миср, ки охирҳои моҳи майи соли 2012 баргузор гардид, 13 номзад расман сабти ном шуда, ҳудуди даҳ нафари дигар бо сабабҳои номаълум аз иштирок дар корзор маҳрум шуда буданд.
Мӯҳр
Х,анафи
Салафихо! Мадхалихо! Фитнагархо! шумо мегуед,ки дар ислом хизб нест, хизби Нури- салафихои Миср, яъне чи? Сиси фаркаш аз Асад дар чист?...

ин баном салафихо ки худ душмани ислом.зархарид ки хастанд касе пул дихад тарафи хамун.дини инхо факат риш дар як хона ду се зан дашноми ханифи и изор худованд инхоро бадбахт гардонад

ин
баном салафихо ки худ душмани ислом.зархарид ки хастанд касе пул дихад
тарафи хамун.дини инхо факат риш дар як хона ду се зан дашноми ханифи и
изор худованд инхоро бадбахт гардонад

Ozodagoni muhtaram khabarro naboyad noqis nashr kard...Bin ki odamon nofahmida ba haqorateguzarand.Hizbi An nur 1 hizbi salafi dar Misr tanho nest..Balki ahzobi salafi 8 toebosjam....Vatan ...Asolat...Fazilat...Arroya...hamai inho hiznhoi islomii raviyai salafi dorand va ziddi inqilobi Sisi muboriza mebarand...Hizbi Nur pas tamomi salafihoi Misrro dar bar namegirad va bovar doram agar intikhoboti parlumoni shavad az 5 % ziyod ovoz makhohad girift....Sisi vaziri difo nest....Sisi marshal ast na general

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)