Бахшҳо
27 мар 2014 14:28Хабарҳои ҷаҳон

Афғонистон аз шомил шудани Қрим ба қаламрави Русия ҷонибдорӣ кард

Афғонистон аз шомил шудани нимҷазираи Қрим ба қаламрави Русия ҷонибдорӣ кардааст.

Тибқи иттилои The Guardian, Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон зимни мулоқот бо як ҳайати амрикоӣ дар ин бора ибрози назар кардааст. Ӯ гуфтааст, "Афғонистон ба ҳаққи мардуми Қрим, ки худ сарнавишташонро муайян кардаанд, эҳтиром мегузорад.

Гуфта мешавад, ин изҳороти Ҳомид Карзай номи Афғонистонро дар руйхати кишварҳое қарор дод, ки аз шомил шудани Қрим ба қаламрави Русия ҳимоят мекунанд. То кунун бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон ва Қирғизистон натиҷаи раъйпурсии Қримро қабул карда, аз шомил шудани ба қаламрави Русия ҳимоят кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Борак Обама, президенти Амрико дар як тамоси телефонӣ бо ҳамтои русаш - Владимир Путин бори дигар таъкид намудааст, ки овоздиҳии Қримро дар мавриди мақоми ин нимҷазира “нақзи қонуни асосии Украина” медонад.

16 март дар дар ҷумҳурии мухтори Қрим раъйпурсӣ баргузор шуд. Тибқи хабарҳои расида дар ин овоздиҳӣ 93 дарсади иштирокдорон ба тарафдорӣ аз пайвастани нимҷазира ба Русия раъй додаанд.
Мӯҳр
Дар байни як ҳафта гузаронидани референдум, боз зери мили автоматҳо, магар қобили қабул аст? Асли воқеаро Ҳамид Карзай аз куҷо донад? Ӯ аз иқдоми кишваре (Русия) ҷонибдорӣ кардааст, ки Афғонистон аз дасти он ба хок баробар шуда, қариб 40 сол боз оғуштаи ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Мушовире ҳаст, ки ба Карзай инро бифаҳмонад? Илова бар он, изҳороти ӯ зидди хати маши раёсати ҳукумати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо мебошад. Онҳое, ки ба Афғонистон садҳо миллион доллар кӯмак ва бештар аз он ваъда кардаанд.Вой ба ҳолат Афғонистон бо ин президентат!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)